ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

Санаи 21-уми декабри соли 2023, соати 13:30 муаллими калони кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара САДИРОВА ҶАМИЛА ШАРИФОВНА рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Бозиҳои расмӣ ҳамчун омили самаранокии баланд бардоштани сифати таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ», таҳти роҳбарии н.и.п., дотсент, мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоии Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон – Котибова Шарифамоҳ Пирмаҳмадовна, аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо муваффақона дифоъ намуд. 

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно дорад.