ТААССУБУ ЭЪТИДОЛСИТЕЗӢ – САБАБИ АСОСИИ НООРОМИИ ҲАР ҶОМЕА

ТААССУБУ ЭЪТИДОЛСИТЕЗӢ – САБАБИ АСОСИИ НООРОМИИ ҲАР ҶОМЕА

Таассуб ҳадди ниҳояти сахтгирӣ дар ҳар амал буда, риояти эътидолро барои соҳиби амал барбод медиҳад ва ҳар инсонро дар коркардҳову ақидаҳояш эътидолситез мегардонад. Эътидолситезӣ – ин рахна кардани марзи муайян ва муқарраршудаи ҳар чиз аст. Эътидолситезӣ, ҳамчунин, мутеи таассубот – дар маънои кулли худ шудан аст. Инсоният ҳар гоҳ мутеи таассуб гардид ва эътидолро дар давоми ҳаёташ маҳаки эътибор қарор надод, ин амали вай сабаби аз ҳам гусастани силсилаи ваҳдати ҷомеа ва риштаҳои дӯстиву видоди мардум гардид. Чун силсилаҳои пайванди ҷамъӣ миёни афроди ҳар ҷомеа аз ҳам гусехта гарданд, дар он ҷомеа ваҳдати куллӣ, ки аз рукнҳои аввалдараҷаи якпорчагии сиёсиву иҷтимоии ҷомеа маҳсуб мешавад, дар ҳадди ниҳоят халалпазир мегардад ва муҷиби бахтбаргаштагӣ ва сияҳрӯзии мардуми он сарзамин  мегардад. Дар ҷомеаи мутамаддини асри XXI барои ҳар давлат ва кишвар роҳи асосӣ барои дастбурд бар истиқлолият – ин ваҳдати куллии мардуми он ба ҳисоб хоҳад рафт. Рукнҳои устувору побарҷои бинои ваҳдати кулл барои ҷомеаи мутамаддин, пеш аз ҳама, вуҷуди шахси содиқи мубаллиғ ва ташвиқкунандаи миллат ва мардуми кишвар дар шоҳроҳи сиёсати сулҳпарваронаву ваҳдатҷӯёна, ҳамчунин, хиради азаллии худи мардуми кишвар, ки хамираи фитраташ бо майлу рағбат бар сӯйи ин шоҳроҳ сиришта шуда бошад, ба ҳисоб хоҳанд рафт. Аммо, иллатҳои вожгуншавии ин бино ва мутазалзил гардидани пойдеворҳои ин бино, эҷоди нифоқу нафрати байниҳамдигарӣ миёни ҷомеаи ҳар кишвар хоҳад буд, ки бо роҳҳои гуногун аз ҷониби нақшаҳои пешакӣ матраҳшудаи душманони хориҷӣ ва тавассути афроди гумроҳу беномуси миллат роҳандозӣ мешаванд.

Вуҷуди мубаллиғи дараҷаи 1-и ваҳдати миллӣ – ин мояи мавҷудияти идеяи миллии мардуми он кишвар ба ҳисоб хоҳад рафт. Идеяи миллӣ асоси устувори зербинои ваҳдат ва шаҳсутуни побарҷойи он ба шумор меравад. Дар ҳар ҷомеае, ки асосоти ваҳдати сиёсии он ба василаи ҳамин зербино ва шаҳсутун қоим нагардида бошад, он ҷомеа мубаллиғи дараҷаи 1-и худро надорад ва ё ниёзи сахт бар вуҷуди ҳамчунин мубаллиғе дорад. Мубаллиғони миллати тоҷик дар собиқаи сарнавишти чандинасрааш шахсиятҳои гуногуни марбут бар касбу пешаҳои мухталиф буданд. 

Агар ба давраҳои тоистиқлолияти сарнавишти миллати тоҷик дида дӯзем, мубаллиғони дараҷаи 1-и миллат – инҳо Муқаннаъ дар даврони ҳуҷуми аъроб, Исмоили Сомонӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асрҳои IX-X, Абулқосим Фирдавсӣ, Асадии Тусӣ ва Носири Хусрав дар асрҳои X-XI, Темурмалик ва Ҷалолиддини Балхӣ дар даврони ҳуҷуми муғул, Аҳмади Дониш ва Шамсиддин Шоҳин дар давраи ҳукумати манғитиён, Нусратуллои Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар даврони барқароршавии ИҶШС ба ҳисоб мерафтанд. Ҷуз аз абармардони зикршуда, албатта, афроди зиёди сарсупурдаи миллат буданд, ки ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тааллуқ доштанд ва тавассути кору пайкори хеш бо қалам ва ё теғу сипар ҳимоя аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон мекарданд; аммо бузургоне, ки дар боло номгиршон кардаем, дар ҳимоят аз арзишҳои миллии мардуми тоҷик гоми баландтару устувортар гузорида буданд.

Хидмати бузурги абармардони мазкур иборат аз он буд, ки ҳар кадом дар даврони худ нисбат ба таассубот нафрати беандоза доштанд ва дар муқобили ақоиди мутаассибонаи роиҷи замони худ сахт истодагарӣ карда, сари хешро дар баробари афроди таассубгарову эътидолситез гузошта буданд ва дар роҳи пуршарафи дифоъ аз Ватани тоҷикон, Модари тоҷик ва забони тоҷикӣ аз касеву чизе бим надошта буданд. Бо баракати ин қабил абармардони ҷонфидо миллати тоҷик ва забони тоҷикӣ то ба ҳол ҷоми ҳаёт ошамида ва фурӯкаш карда истодааст. Бад-он чӣ ин бузургмардон дар иртибот бар сарнавишт, мондагорӣ ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик кардаанд, месазад, ки ононро мубаллиғи дараҷаи 1-и миллат эътироф намоем.

Дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушо, ки Эзади меҳрубон боз як мубаллиғи дараҷаи 1-ро барои мардуми тоҷик арзонӣ дошт, ки вуҷуди шарифи он кас дар саҳнаи сиёсати бузурги кишвар муҷиби пайванди дубораи силсилаҳои азҳамгусехтаи миллати тоҷик гардид. Ин шахс бегумон Эмомалӣ Раҳмон ба шумор хоҳад рафт, ки идеяи миллиро пас аз инқирози дудмони Сомониён дувумбора муҷиби эҷод гашт, идеяе, ки ба муддат зиёда аз ҳазор сол аз ҳар хонадони тоҷик дур афтода буд, идеяе, ки маҳрумият аз он барои мардуми тоҷик то вуруди ин абармард ба саҳнаи сиёсӣ муҷиби парокандагиву бегонашавӣ ва ба кӯҳистониву ғайрикӯҳистонӣ ва шимоливу ҷанубӣ тақсим шудани он гардида буд. Вуҷуди ҳамин мубаллиғи дараҷаи 1-и миллат – ин вуҷуди идеяи миллӣ, дақиқтар: идеяи ягонаи миллӣ гардид. 

Эҷоди идеяи миллӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон тавассути гузоштани асосҳои сулҳу ваҳдати куллии миллати тоҷик роҳандозӣ шуд. Зимнан бояд қайд кард, ки гузоштани ин асосот бар мабнои таҳаммулгароӣ ва муборизаи беамон бар зидди таассубот – дар маънои кулл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Таассуботи ақидавӣ, маҳаллӣ, қавмӣ ва анвои дигари он, ки фазои ҷумҳурии моро дар даврони пошхӯрии ИҶШС-и собиқ куллан фаро гирифта ва саропо заҳрогин сохта буд, аз ҷониби шахси Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ рад карда ва мавриди накӯҳиши сахт қарор дода шуд. Якпорчагӣ ва ваҳдати куллии миллати тоҷик танҳо ва танҳо ба василаи муборизаи беамони эшон бар зидди таассубот амалӣ гардид. Бинобар ин, шахси Эмомалӣ Раҳмонро метавон барҳақ муборизи сарсупурда алайҳи ҳама гуна таассубот дар асрҳои XX-XXI-и сарнавишти миллати тоҷик эътироф кард. Хитобаи бебадали Пешвои миллат ҳам, ки мардуми кишвар барои Эмомалӣ Раҳмон сазовор донистааст, қабл аз ҳама, робитаи сахт бо ҳамин феъл ва хасисаи таассубситези ин марди шариф дорад. 

Дар саҳнаи мубориза бар зидди таассуботи фарогирифтаи сарнавишти миллат Пешвои миллат, пеш аз ҳама, бар кушодани рагҳову шарёни карахтшудаи ҷисми миллат кӯшиш ба харҷ дод ва ҷиҳати  нест кардани зангу масмумоти ин таассубот “подзаҳр”- и идеяи миллиро фароҳам кард. Ин “подзаҳр” дар ояндаи баҳри таърих начандон зиёд барои ҷисми фалаҷшудаи миллати тоҷик ба ҳукми нӯшдоруи аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳанда хидмат кард. 

Пешвои миллат дар шарёни тоҷикон хуни ваҳдати куллиро ҷорӣ сохт ва тани миллатро аз фалаҷшавиву нестӣ наҷот дод. Тамоми маҳалҳои сарзамини тоҷиконро, ки қабл аз даврони истиқлолият ё бо роҳи табиӣ, ё сунъӣ аз якдигар канда шуда буданд, бо ҳам пайванд дод, роҳҳоро, ки баҳри ҳар кишвар ҳукми шарёнро доранд, миёни ҳама минтақаҳо ва вилоятҳо дувумбора барқарор сохт ва ё аз сари нав эъмор намуд. Барои ҳар шахсе, ки дар садри кишвар қарор дорад, эъмори роҳ – ин эъмори миллат аст, табобати ҷисму равони мардум аст. Наҷоти миллат – ин, пеш аз ҳама, барқарор сохтани муомилот ва муносиботи ҳасана миёни афроди гуногунмаҳал ва гуногунқавми миллат аст ва, дар ниҳояти худ, омезиши хуниву табории ҳама афроди маҳалҳои кишвар бо якдигар аст. Дар ҳақиқат, омезиши мардуми тоҷик бо якдигар – ин тавлиди фарзандони барӯманди миллат, тавлиди Суҳробҳои нав ва бо нӯшдоруи ваҳдат парасторишуда хоҳад буд. Чун Модари тоҷик яктост, фарзандони вай ҳам бояд орӣ аз ҳама гуна таассубот бошанд ва соҳиби модари якто – Тоҷикистони покзамин будани худро эътироф намоянд. Чун Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ, Ибни Синову Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусраву Шайх Камоли Хуҷандӣ, устод Айниву Бобоҷон Ғафуров – ҳама фарзандони Модари тоҷиканд ва ҳамагон як Модар доранд, минбаъд низ ҳатман бояд чунин бошад ва ин қонуни аз ҷониби Офаридгор дар лавҳи тақдир матраҳшуда бояд ба ҳеч ваҷҳ вайрон ва мутазалзил нашавад. Идеяи Ваҳдати миллӣ – ин ҳамон қонуни дар боло матраҳшуда аст. Худо аз он миллат безор аст, ки фарзандони он – ҳар яке модари ҷудогуна меҷӯянд ва ҳар яке дар алоҳидагӣ бонги ҷудоиву тафриқа бармедоранд. 

Барҳам хӯрдани салосили ваҳдати кулливу якпорчагӣ ва муддаии азҳамгусехтагӣ шудан – ин пойбанди таассубот будан аст. Пойбандӣ бар таассубот – ин нифоқи миллиро тавлид месозад ва афроди миллатро бар якдигар номеҳрубону душман мегардонад ва сабаби асосии бадбахтии ҳар миллату қавм ва, дар пайи он, маҳрум мондани он аз Модари якто - Ватани асливу ягона мебошад. Ба маънии дигар, бандаи таассуб гардидан – ин бардаи хоҷагони хориҷӣ гардидан мебошад. Ҳар касе, ки силсилаи виҷдону имони вай дар дасти бегонагон аст, соҳиби Ватан будан барои вай ҳайф аст, зеро ӯ фармудаҳои қудсиро дар мавриди “ҳубби Ватан” поймол намудааст. Чунонки аллома Иқбол дар ин маврид мефармояд, Худо ҳам аз чунин афрод безор аст:

  •                     Бар он миллат Худо коре надорад,
  •                     Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Аз сагинтарин анвои таассуботи муосир, ки таъсири манфии он беш аз ҳар навъи дигари таассубот, ҳатто заҳрогинтар аз таассуби маҳаллӣ аст, ин таассуботи диниву мазҳабӣ аст, ки вуҷуди он дар ҳар ҷамъият ва давлате муҷиб бар тирабахтии фарогири мардум, бемории руҳонии афроди ҷомеа, сарсониву бехонумонӣ, аз даст рафтани бегуноҳон, аз даст додани наздикон, нобоварӣ ба ҳама - ба дӯстону наздиктарин нафарон, ҳатто, аъзои хонавода, қаҳтии шадид ва, ниҳоят, муҷиби куфр мегардад. Дар ҳақиқат, таассуботи динӣ ба душмании шадид миёни афроди ҷомеа, фаротар аз он, миёни аъзои як хонавода, азҳамгусастагии занҷираи пайванду ваҳдати оилаҳову хонаводаҳо ва  вайрон гаштани ваҳдати оилаҳо, дар ниҳоят, ваҳдати куллии ҷомеа мебарад. Дар ҳар даврае аҳли хирад ҳамчунин таассуботро сахт мавриди накӯҳиш қарор додаанд. Масалан, ин гуфтаи Хоҷа Ҳофиз, бегумон, ҳам ситез дар баробари ҳамин навъи таассуб аст:

  •                         Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
  •                         Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
  •                         Ҳеч раҳме на бародар ба бародар дорад,
  •                         Ҳеч шафқат на писарро ба падар мебинам.
  •                         Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
  •                         Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.

Ин навъи таассуб таҳмилӣ аст, аз хориҷ ба даруни як давлат ба таври ҳадафнок ва бо нақшаи қаблан матраҳшуда таҳмил мегардад, бо мақсади ба таври шадид ноором сохтани авзои сиёсӣ-иҷтимоии  ҷомеаи давлате, ки манзури тири ҳадафи хоҷагони беруна қарор гирифтааст. Мақсади асосӣ аз интишор кардани таассуботи динӣ, дар асли худ, на бедории ақидатӣ ва динии ҷомеаи зери ҳадаф қароргирифта мебошад, балки сабаби халалпазир гардонидани оромиши сиёсиву иҷтимоӣ, эҷоди касодиву нодории сахти мардум ва, дар ниҳоят, на ба диндор кардан, баръакс, ба лағви ақидаи муҳаббат ба Офаридгор, руҳафтодагӣ, яъсу навмедӣ, нобоварӣ ба фардо ва сутурдани имон аз қалби афроди ҷомеа мебошад. Зеро, чунонки дар урфи ҳама афроди боимон маъруф аст, қаҳт ба куфр мебарад. Ҳарчанд ки қаҳт ба куфр бурдан барои ҳама фаҳмо аст, маънои он назарногир ва сода нест. Куфр дар ниҳояти худ қотил ва душмани ашаддӣ шудани афроди ҷомеа ва, ҳатто аъзои як хонавода нисбат бар якдигар мебошад, ки анҷоми он канда шудани ваҳдати куллии ҷомеа ва вайрон гардидани кишвар ҳам аз нигоҳи марзӣ ва ҳам аз ҳайси сиёсӣ мебошад. 

Асри XXI бояд асри таассуботи душманизову тирагиор набошад, бе ин ҳам табиат тавассути ҳодисаҳои гуногуни хеш аз қабили дигаргуншавии шадиди иқлим, селҳои мардумкуш, сӯхторҳои касратиовар, заминларзаҳои пайдарпайи дердавом бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ худ таассуб ва бераҳмӣ карда истодааст. Асри XXI бояд асри меҳру муҳаббати ҳама фарзандони инсоният нисбат ба якдигар бошад, новобаста ба дину мазҳаб ва қавму миллат. Асри XXI, чунонки Пешвои мо дар сиёсати сулҳпарварона ва хиради таҳаммулпазиронаи хеш, ки аз обои ҳамаи тоҷикон Имом Абуҳанифа ба орият гирифта, онро мавриди амал қарор додааст, бояд асри ободкорӣ, ёрӣ ба ҳамдигар, дасти кумак дароз кардан ба ятимону ниёзмандон ва сулҳу ваҳдати кулли инсоният бошад. Дар асри XXI одамон бояд дар фикри тафзили диниву мафкуравии хеш накӯшанд. Охир, ҳанӯз Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил инро дар замони хеш дарк карда буд, мо чӣ гуна дарк накунем:

                  

  •                   Зиндагӣ то кай ҳалоки Каъбаву дайрат кунад,
  •                   Беҳ, ки аз дӯш афканӣ ин ҷомаи эҳромро.
  •                   Аз тағофул то нигоҳи чашми хубон фарқ нест,
  •                   Нашъа якранг аст ин ҷо дурду софи ҷомро.

 

Асри XXI асри таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати инсоният аст дар шоҳрои номуайяни тақдир, асри эътирофи нашъаи якранги инсонҳост.

Акнун, биёед, андеша бикунем, ки хидматҳои мубаллиғи дараҷаи 1-и кишвар – Пешвои ростини миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нигаҳдории ваҳдати куллии миллии тоҷикон ва ситези сахти эшон дар баробари ҳама гуна таассубот, пеш аз ҳама, таассуботи сунъии динӣ, ки чун аждари ҳазорпо бар ҳама давлатҳои ҷаҳон по халонидан дорад, то чӣ ҳад бузургу беназир аст. 

Ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои раҳоӣ ёфтан аз дами аждари таассубот саҳми худро бигузорад ва дар пойдории ваҳдати куллии мардум пайрави содиқи мубаллиғи Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон бошад, вагарна, дар сурати акс, хиёнате ба оромиши Тоҷикистони дар ҳақиқат биҳиштосоямон ба судур хоҳад расонид. Дар ин росто, пеш аз ҳама, ба роҳи рост ҳидоят кардани насли наврас ва ҷавонони кишвар, ки ояндаи тақдири Тоҷикистон ба онон иртиботи сахти нагусастанӣ дорад, аз ҷониби афроди бузургсоли кишвар, хусусан волидайн ва устодону муаллимон, бештар лозим аст. Зеро ояндаи ҷавонон – ин ояндаи ҳар порча замини кишвари азизи мост, агар ояндаи миллати мо, ки ҷавонону наврасон мебошанд, тавассути таассубот масмуму заҳрогин бишавад, ояндаи Тоҷикистон низ заҳрогин хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳар фарди солимақли Тоҷикистон, агар ояндаи орому осуда ва неку хуҷастаи Ватани азизамонро бихоҳад, бояд барои тоза кардани заҳри таассубот аз мағзи наврасону ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ саҳлангорӣ ва бетарафӣ накунад, зеро танҳо дар сурати мубориза бар зидди таассубот оромишу рифоҳи кишвар ва хушбахтиву фараҳмандии модарону кӯдакони мо фароҳам оварда мешавад. Миллати тоҷик миллати хирадниюш буд, ҳаст ва хоҳад монд ва ин бузургтарин силоҳест бар зидди ҳама гуна таассубот, ки ояндаи дурахшонеро дар пай хоҳад овард.

  • Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич
  • -д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара.