НИГОҲЕ БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САМТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

НИГОҲЕ БА ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САМТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ

28-уми декабр Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Воқеан, Паёми навбатӣ фарогири тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишварро буда, ба ҳар як шаҳрванд мебояд роҳнамои асосии зиндагӣ дар зиндагӣ қарор гирад. Дар Паёми мазкур масъалаи муҳиме қайд гардиданд, ки дар соли ҷорӣ сарфи назар аз вазъи муътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон, дурнамо ва ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд таъмин менамоянд. Афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, вусъати равандҳои корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳдоштани иқтисоди миллӣ, афзиши даромадҳои пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар таҳлили воқеӣ ёфта, аз 1-уми январи соли 2024 то ба 40% баланд бардоштани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аз 1-уми июли соли 2024 аз 30 то 40% баланд бардоштани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф ва илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин идрорпулиҳо аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии Паёми сарвари давлатро ташкил медоданд.

Дар Паём зикр гардид, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5% -и соли 2017  то 21,2%-и соли 2023 коҳиш дода шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи камбизоатиро аз охири солҳои 90-ум маврид таҳлил қарор дода, бо далелҳои боварибахш зикр намуданд, ки ин имрӯз сатҳи камбизатӣ аз 83% ба 61,8%  поин омадааст. Дар Паёми имсола ба беҳсозии соҳаи кишоварзӣ, афзоиши маҳсулоти он, рушди муассисаҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмини амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Тақвияти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро Президенти мамлакат зарур шуморида, ба масъулин дастур доданд, ки дар ин самт корҳоро дуруст ба роҳ монанд. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои кории босалоҳияти доимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ таъсис дода шавад. Ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва барқарорсозии онҳо, ки таҷассумгари ҳофизаи таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд,  таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки рушди маориф ва илм калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳим дар таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар шароити имрӯза омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз масъалҳои муҳим соаҳи маориф ва илм ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакт ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамасола чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Мавсуф қайд намуданд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудаст. Бояд зикр намуд, ки суръати афзоиши ин нишондод нисбат ба иқтисодиёти баъзе давлатҳои аъзои ИДМ баланд аст. Таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ба 102,5% имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххаси амалиро роҳандозӣ намоянд. Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5%-ро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулотҳои дохилӣ ба 1,5 маротиба зиёд гардид. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат ду баробар ва андозаи нафақа 1,9 баробар афзудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём рафти амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръатро ҳамаҷониба таҳлил намуда,  вазифаҳои аввалиндараҷаро дар ин самти муҳим муайян карданд. Таъкид кардаанд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст. Дар Паём рушди соҳаи энергетика, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва роҳҳои ҳалли ин мушкилот аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа таҳлил ёфтанд. Мақсад гузошта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мутараққии ҷаҳон дар самти инкишофи “Иқтисоди сабз” соли 2037 ба “Кишвари сабз” табдил дода шавад. Роҳбари давлат зикр намуданд, ки бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имконият медиҳад, ки ба ҳадафи стратегӣ – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шавем. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 зиёд шудааст. Дар ин давра дарозумрии аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Дар фарҷом бояд қайд намоям, ки Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои фаъолияти мардуми кишварро фаро гирифта, онро ҳар шаҳрванди дилсӯзи кишвар метавонад ҳамчун роҳнамо ва ҳидоятгари ояндаи дурахшони мамлакат истифода барад. Мо пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми малакаву маҳорати худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои ояндасози ин марди хирад равона месозем.

Бахтовард Раҳматов – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Данғара