ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ АСОСИИ ДУНЯВИЯТИ ДАВЛАТ

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ МУШКИЛОТИ АСОСИИ ДУНЯВИЯТИ ДАВЛАТ

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид намудани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Коршиноси ҳоландӣ Шмидт А., дар натиҷаи таҳлил ва хулосагириҳои зиёд дар масъалаи терроризм бар хулосае меояд, ки “Терроризм ин методи зӯроварӣ ё худ таҳдиди истифодаи он аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккил ба таври ғайриқонунӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои мухталиф мебошад” [5, саҳ 78].  

Дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дунявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дуниявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онро зери ҳимояи худ қарор медиҳад. 

Барои самаранокии мубориза бар зиддӣ экстремизму терроризм дар Тоҷикистон аввалан соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” 2.  Баъди вақти муайян соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” [3].  қабул карда шуд. Дар қонунҳои мазкур роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз ин амалҳои даҳшат, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, саҳми институтҳои сиёсӣ ва ВАО дар пешгирӣ аз ин амалҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зиддӣ экстремизм ва терроризм нишон дода шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро  мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад:

1. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон;

2. Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ,  ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар;

3. Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус, наврасону ҷавонон;

4. Ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ. Муқаррар намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа, дур сохтани он аз масъалаҳои сиёсӣ, яъне дин бояд бовару эътиқоди шахсӣ арзёбӣ шуда, бештар ҳамчун фарогирандаи масъалаи ахлоқӣ баррасӣ карда шавад.

Инчунин ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд:

1.Ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳити иҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон;

2.Ташаккули механизмҳои пешгирии ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он;

3.Ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;

Самара ва натиҷаи ин кор бояд чунин бошад:

- Ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст;

- Рушди корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат равона карда шудааст, ташаккули маҳорати ҳамгироии иҷтимоӣ, малакаи таҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар;

- Баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати экстремизм (ифротгароӣ)- ро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд;

- Танзими сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва татбиқи ҳамаҷонибаи чораҳои пешгирикунанда бо усулҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҳамбастагии мураккаби онҳо;

Инчунин амалҳо ва чорабиниҳои зерин дар маҳдуд гардонидан ва нест намудани амалҳои экстремистӣ - террористӣ ва оқибат аз байн бурдани идеологияи ифротии онҳо нақши арзанда пайдо менамояд:

-Таъсиси иттиҳодияи кишварҳои абарқудрат баҳри мубориза бар зидди терроризму экстремизм. Он бояд имкониятҳо ва қудратҳои давлатҳои бузургро фаро гирад;

-Фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои динӣ ва руҳониёни кишвар бояд хубтару беҳтар гардад, зеро пайравони гурӯҳҳои ифротӣ бештар ба воситаи таълимоти динӣ гумроҳ мешаванд;

-Дар дохили Тоҷикистон фароҳам овардани шароити хуби илмомӯзӣ дар соҳаи диншиносӣ (махсусан дини ислом). Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанд, имконияти дар мамлакати худ сабақ гирифтанро дошта бошанд. Ин имконият медиҳад, ки ҷавонон ба хориҷи кишвар нарафта, талаботи хешро дар макони зисти доимиашон қонеъ гардонанд ва ба ҳаракатҳои динию террористӣ ҳамроҳ нагарданд;

-Фаъолияти ҳамаи сохторҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм пурзӯр карда шавад;

Ҳамин тариқ, омӯзиши терроризм, экстремизм ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайри имкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, экстремистӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан, даҳсолаи охири он терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳураш ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Мо дар мақолаи мазкур кӯшиш кардаем, ки то андозае роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз амалҳои экстремизму терроризмро нишон додаем.

 

  • Адабиёт:
  • 1.Зокиров Г.Н. Терроризм. Воситаи таълимӣ / Г.Н. Зокиров Душанбе, 2004. – 30 с. 
  • 2.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”.  Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 16. 11. 1999 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №864;
  • 3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”. Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 08. 12. 2003 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №69;
  • 4.Методические материалы по профилактике терроризма и экстремизма. Учебно – методические пособие. – Уфа, 2012. - 192 с;
  • 5.Schmid A.PPolitical Terrorizm: A Research Guide to Concepts? Theoies, Data Bases and Literature-New Brunswick, CT Transaction, 1983. P.124.

 

  • Зарифов Насрулло Маҳмадуллоевич
  • Муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Данғара