ПАЁМ ҲАМЧУН ДАСТУРИ СОЗАНДА ВА ҲУҶҶАТИ РОҲНАМО

ПАЁМ ҲАМЧУН ДАСТУРИ СОЗАНДА ВА ҲУҶҶАТИ РОҲНАМО

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, фарогири тамоми соҳаҳои ҳаётӣ мебошад. Хушбахтона имсол низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 28- уми декабри соли 2023  бо натиҷагирӣ аз  фаъолияти соҳаҳои мухталифи халқ ироа гардид. Ироа гардидани Паём  кулли мардуми Тоҷикистонро рӯҳбаланд гардонида, камари ҳиммат бастан  ҷиҳати рушду нумуи Тоҷикистон бештар масъулиятшинос мегардонад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ҷавононро ояндаи миллат ном гирифтаанд ва гуфтаанд, ки маҳз ҷавонон муаррифгари миллати тоҷиканд. Сарвари давлат зимни суханронӣ чунин таъкид карданд: “Ҷавонони даврони истиқлолият аз ҷавонони пеш  куллан фарқ мекунанд, ҷавонони мо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ доранд”.Сарвари давлат  қайд намуданд, ки сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад. Пешвои муаззами миллат  иброз доштанд, ки ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.Дар Паём қайд карда шуд, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Юнеско ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Сарвари давлат  қайд карданд, мки дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ иброз доштан, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин раванд вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд. Дар охир бояд қайд намоям, ки Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқи  рушди тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда  мушаххасан нишондада шудаанд. 

Ҳайдаров Аминҷон
Мутахассиси шуъбаи маниторинг ва идораи 
сифати таълими Донишгоҳи давлатии Данғара