ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ТАНЗИМГАРИ ЗИНДАГИИ ҲАР ОИЛА

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ТАНЗИМГАРИ ЗИНДАГИИ ҲАР ОИЛА

То расму оин ва маросисмҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳоли ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Мусаллам аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дошта, нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Љомеаи Тоҷикистонро баҳри сарфаву сариштакорӣ ҳангоми баргузории маросимҳои хурсандиву аъзодорӣ ҳидоят намуда, имконият фароҳам омад, то мардум ҳамқадами замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоистаро муҳайё созад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ, рафоқату якдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шафқат ба ҳамдигар аҳамияти маънавию тарбиявӣ дошта, барои пешрафти сатњи иљтимоии ањолии кишвар мусоидат менамояд.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи иқтисодӣ ва моддию молиявии мардум аз сабаби сарфу харҷи беҳуда ва риояи расму оинҳои сермасрафе, ки ба сари мардуми мо таҳмилӣ бор гашта буданд, бисёр ногувор ва нигаронкунанда буд.

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои дурушт роҳ медиҳанд.

Таҳлили аниқи баргузории ҷашну маъракаҳои мардумӣ собит менамояд, ки ғолиб омадани ҳирсӣ манманӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёти оила ва ҷомеа мубаддал гардида буд. Таъиноти муҳими маъракаҳо на адои вазифаҳои волидайн дар назди фарзандон, зоҳирпарастию худнамоӣ ва мусобиқаи беҷои соҳибони маъракаҳо маҳсуб мешуд. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар як шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаҳои муҳим бетаваҷҷӯҳ бошад.

Пас мо ҷавонон тамоми гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри дар амал тадбиқ намудани қонуни мазкур сармашқи кори худ қарор дода, танзими ҷашну маросимҳоро бошад ба одати ҳаррӯзаи худ табдил медиҳем.

  • Мирзоев Акрамҷон Мирзошоевич
  • ассистенти кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара