ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

  • Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
  • Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар охири асри ХХ  ибтидои асри ХХI инсоният бо як қатор хатарҳои даҳшатноки глобалӣ рубарӯ гардидааст, ки қисме аз онҳо хусусияти табиӣ дошта, аз қувваҳои стихиявии табиат ба вуҷуд меояд мисли хушксолӣ, туфонҳо, зилзила, ки хисороти зиёди моливу ҷониро дар пай дорад. Гурӯҳи дуюми хатарҳо хусусияти иҷтимоӣ дошта аз амалу рафтори инсоният ба вуҷуд меоянд, ба монанди ифротгароӣ, терроризм, нашъамандӣ, коррупсия ва ғайра, ки боиси нест гардидани дастовардҳои тамаддунӣ ва ҳалокати одамони зиёд мегардад.

Яке аз хатарҳои бузурги замони муосир, ки монеи инкишофи босуботи ҷомеа мегардад ин терроризм ва экстремизм мебошад. Бояд қайд намуд, ки истилоҳи терроризм аз калимаи лотинии (terror-ҳарос, даҳшат, тарс, таҳлука ва воҳима) мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16.11.1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст; “Терроризм–яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зараррасонидан ба) молу мулк ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молумулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ, дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, ки агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содиршуда бошанд, эътироф мешавад”.

Дигаре аз зуҳуротҳо, ки заминаи асосии терроризм мебошад, ин экстремизм ё ифротгароӣ мебошад, ки дар шароити имрӯза аз ҳарвақта дида барои ҷомеа хатар эҷод намуда истодааст. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Муродифи он ифротгароӣ мебошад, ки ифрот аз истилоҳи арабӣ маънояш фарт, берун баромадан аз ҳад, ё аз ҳадди эътидол берун баромадан, аз чаҳорчубаи муайяншуда берун рафтан мебошад.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳои ҷаҳон, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI- табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки  ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти  тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Инро ба инобат гирифта  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият дарк намуд, ки тероризм ҷинояти махсусан хафнок буда, он ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи созмони Миллали Мутаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ алайҳи мубориза зидди тероризм ҳамроҳ шуда, дар як мудати кӯтоҳ қонунгузории дохили кишварро ба низом дароварда қонунҳои зеринро қабул карда онҳоро мавриди амал қарор дод. Ин ҳам бошад пеш аз ҳама қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 - уми ноябри соли 1994 мебошад, ки дар боби 1-ум моддаҳои 6-8-уми онро қайд намудан ба маврид аст, ки дар онҳо бевосита оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолиятӣ онҳо ва манъ будани ғасбӣ сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва манъ будани ғасби мусаллаҳонаи давлати ин маънои маҳкум кардани кирдорҳои ҷиноятиро дорад, ки ин маҳфум ҷиноятҳои хусусияти террористи ва экстримисти доштаро дар бар мегиранд. Ва дар асоси ин ҳуҷати ҳуқуқи яъне, Конститутсия як қатор қонунҳо ба монанди  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16- ноябри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» аз 28 – декабри соли 2013, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» солҳои 1999 ва соли 2007 ва ҳамчунин Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз 28- марти соли 2006.

Лозим ба маврид аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул намуданд. Стратегия мақсад вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равон шудааст. Дар Паёми навбатии худ 23- декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин чунин қайд намудаанд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз техналогияҳои муосири иттиолоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Дар робита ба ин ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи техналогияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ содир карда мешаванд зарур аст, ки Маркази ягонаи иттиоолотӣ таъсис дода шавад”.

Имрӯз зарур аст, ки барои муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм ҳамаи қишрҳои ҷомеа, шаҳрвандони касбу кори гуногун ва алалхусус зиёиёни кишвар бояд бештар фаъол бошанд, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳунармандӣ ва илмомӯзӣ тарбия намоянд. Зеро, ки шахси таҳсилдидаву ҳунарманд, худшиносу худогоҳ ва мутахассиси баландихтисосро гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба ҳадафҳои муғризонаи худ истифода намуда наметавонад. Ҳамзамон табақаи равшанфикри ҷумҳурӣ ё зиёиён бояд дар муборизаҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол бошанд. Бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро муборизаи идеологӣ намоянд, зеро, ки гурӯҳҳои ифротӣ ба тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонону наврасонро мағзшӯӣ намуда, сафи худро аз ҳисоби ҷавонони камдонишу бе таҷриба ва динзада (онҳое, ки ҳомии дин худро медонанд, аммо динро намедонанд, фанатикҳо) пур намуда истодаанд. Аз ин рӯ аз аҳли зиё мутахассисони касбу кори гуногун ва умуан ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ва идеологияи онҳо тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барномаҳои маърифатиро зиёд намоянд. Аз ҳадафҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро огоҳ сохта фазои холии идеологиро пур намоянд, дар ин сурат мо метавонем бо ифротгароӣ пирӯз шавем.

  • ОЛИМОВ РАҲМОНАЛӢ АМОНАЛИЕВИЧ
  • н.и.к., дотсент, декани факултети муҳандисӣ ва меъморӣ