ОДАТИ БАД ВА ПАЙДОИШИ ОН ДАР ХИСЛАТҲОИ КӮДАК

ОДАТИ БАД ВА ПАЙДОИШИ ОН ДАР ХИСЛАТҲОИ КӮДАК

ОДАТИ БАД ВА ПАЙДОИШИ ОН ДАР ХИСЛАТҲОИ КӮДАК

(Ё маслиҳате ба падару модарон)

 

Овардаанд, ки шахсе ба назди Луқмони Ҳаким меравад ва барои дуруст тарбият намудани фарзанд суол мекунад. Луқмони Ҳаким аз ӯ чандрӯза будани фарзандашро мепурсад. Мард аз шаш рӯза будани фарзандаш хабар медиҳад. Ҳаким дар ҷавоб ба мард мегӯяд: - “Ту аллакай шаш рӯз дар тарбияи ӯ дер мондаӣ”.

Ин сухан ба он маъное нест, ки мо дар тарбияи фарзанд дер мондаему дигар илоҷе нест. Тарбият аз батни модар оғоз шуда то ба охирин нафас идома меёбад.

Мо имрӯзҳо бо бисёр ҷавонон дучор мегардем, ки онҳо дар гуфтор, рафтор ва кирдори хеш аз тарбият дур мондаанд ё нодуруст тарбият ёфтаанд. Бадбахтӣ боз дар он аст, ки ягон падару модар ин айбро ба зиммаи худ намегиранд ва инро ба кӯча ва дигарон ҳавола мекунанд. Айби худро ба дигарон бор мекунанд. Баъзан падару модарон камбудиҳои ахлоқи фарзандонро аз дигарон мебинанд. Биёед дар бораи пайдоиши одатҳои бади фарзандон аз мисраъҳои ҳакимонаи Саъдии Шерозӣ мисол меоварем:

 

  •                Илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ бояд кард,
  •                Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.

 

Вақте, ки кӯдаки мо аввалин суханонро, ки хоҳ дуруст бошад, хоҳ нодуруст ба забон меорад мо аз хурсандӣ дар курта намеғунҷем. Кӯдак бошад чун тутии сухангӯ шуниданашро бо лафзи кӯдакӣ талаффуз кардан мегирад. Масалан, сухани таҳқиромезе, ки маъмул гаштааст, ба мисли падар лаънат, аз забони кӯдаконаи фарзандон гоҳе шунидан мехоҳем ва мудом мехоҳем инро гаштаву баргашта аз ӯ шунавем. Ҳатто андеша ҳам наменамоем, ки гуфтаанд:

 

  •                              Хӯе, ки ба шир дарояд,
  •                              Ба шир барояд.

 

Ба кӯдак чӯбчаеро ба дасташ медиҳем ва мегуем, ки касеро бизанад. Дар ҳолати иҷрои ин амал хурсандӣ мекунем. Лекин баъд аз чанд солҳо, ки кӯдак ҷавони тануманди бадзабон ва озордиҳанда мегардад мо волидон ин гуноҳро ба дигарон бор мекунем.

Дар ҳолати дигар агар оиларо дар назар гирем бештар модар падарро барои тарс додани кӯдак истифода мебаранд, ки инро дар мисоли зерин мебинем.

Кӯдак ҳангоми бозӣ бо тӯб гулдонро зада мешиканад ва модар ба ӯ таҳдид мекунад, ки падарат аз кор ояд ӯро ҷазо хоҳад дод. Кӯдак то бегоҳ тарсида менишинад ва интизори ҷазогирӣ мебошад. Вақте ки падар аз кор ба хона  меояд ва гулдони шикастаро мебинад, бо қаҳру гунаҳкорро ҷуё мешавад. Модар аз рӯи дилсӯзӣ гуноҳро ба сари гурба бор мекунад. Фарзанд аз дурӯғи модар аз ҷазо гирифтан раҳоӣ меёбад. Фарзанд аз ин хулоса бароварда дурӯғгӯиро ҳамчун сухани наҷотбахш қабул менамояд ва ин одат то охири умр моли ӯ мегардад.

Насиҳати модар ба фарзанд: Аммо ту эй писар сухан рост гӯй ва дуруғгӯ мабош ва хештан ба рост гуфтан маъруф кун, то агар ба заррурат дурӯғе аз ту бишнавад, бипазирад. Ва ҳарчӣ гӯйи рост гӯй.

Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:

 

  •                     Биандешу беҳ кун, ки бихрад шавӣ,
  •                     Наандешиву бад кунӣ, бад шавӣ.

 

Одати дигаре, ки ба чашм мерасад дуздӣ мебошад. Дар урфият мегӯянд, ки сӯзандӯзд, шутурдӯзд мешавад.

Баъзан, одамон бо даромади муфту қалобӣ ва бо роҳҳои ғайриинсонӣ (номашрӯъ) соҳиби пулу мол мегарданд ва онро ба фарзандон тарғиб менамоянд.

Дар ҳикояте омадааст, ки кӯдаке аз хонаи ҳамсоя сӯзанро дӯздида оварда ба модараш медиҳад ва модар писарро барои ин кораш навозиш мекунад. Маротибаи дуюм ӯ тухмҳои мурғи ҳамсояро дӯздида меорад ва ҳамроҳи модар бирён карда мехӯранд. Ҳамин тавр, солҳо мегузашту писар бузургтар мешуд. Дар баробари ин ӯ ба дӯздидани молу ашиёҳои калонтар даст мезанад. Рӯзе ҳангоми дӯздидани уштур ба даст меафтад ва ӯро ба дор кашидан ҳукм менамоянд. Ҳангоми иҷрои амр, ки тамоми мардумро ҷамъ оварда буданд, аз он ҷумла модари ӯ низ ҳозир буд. Аз ҷавон мепурсанд, ки пеш аз марг чӣ хоҳиш дорад? Ҷавон мегӯяд, ки мехоҳад аз пистони модар шир хӯрад. Модар ба назди фарзанд омада пистонашро мебарорад, то ки ба ӯ шир диҳад. Ҷавон бо як бераҳмӣ пистони модарро газида хуншор менамояд. Модарро аз даҳони фарзанди тарбиятнамудааш ҷудо менамоянд. Аз фарзанд ҷавоби ин амалашро пурсон мешаванд. Ӯ бо исрор талаб мекунад, ки бояд ин зан кушта шавад. Ӯ дар ин кор ягон гуноҳе надорад. Агар ин зан маро чунин тарбия наменамуд ва аз роҳи бад мегардонд, ҳоло ман дар зери дор намеистодам.

Албата, тифл ҳамчун қоғази сафедест, ки дар он ҳар чи навиштан дар ихтиёри падару модар, муаллим ва шахсони ба ӯ наздик мебошад, ҳар як омили баде, ки дар рафтору кирдори кӯдак ба вуҷуд меояд бо таъсири дигарон ба амал мегардад. Пеш аз ҳама, падару модар нисбати тарбияи фарзанд ба камбудиҳо роҳ надиҳад. Ҳар як ҳаракат ва ҳазли беҷо метавонад дар ҳаёти кӯдак чун доғ боқӣ монад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки модаре, ки ба китфи хеш аллаи модарона гуфта метавонад, фарзанди ӯ ҳамчун шахси комил ба воя мерасад. Бинобар ин, бояд тарбияи фарзанд дар баробари ба дунё омадан ва аллаи модар оғоз мегардад. Базе падару модар нисбати фарзандонашон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, аз болои кӯдаконашон назорат намебаранд, ки чӣ гуна кӯдак ба мактаб меравад, чӣ мехӯрад, чӣ хел мехонад, ҳатто ҳангоме, ки кӯдак аз волидайн сум мегирад ба чӣ сарф мекунад, умуман волидайн инро ба назар намегиранд.

Ба андешаи нависандаи рус В.Пушкин: “Чихеле ки кӯдак дар даврони мактабӣ аст, ҳамонхел дар оянда мемонад”. Мактаби ҳаёт – мактаби беҳтарини тарбия аст. Барои ҳамин принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт яке аз принсипҳои муҳимтарини тарбия шудаистодааст.

Дар урфият мегӯянд: 7 соли аввал ба кӯдак чун подшоҳ рафтор намоед. 7 соли баъд (яне аз 8 то 14 сола) чун ғулом рафтор намоед, ба ин маъно ки кӯдак бояд худ кӯшиш кунад, меҳнат кунад, илм омӯзад, кӯдак ҳатто пай набарад, ки падару модар ӯро мушоҳида мекунанд. 7 соли баъд (15 то 21 сола) чун вазир рафтор намоед, дар ҳар шикасту рехти зиндагӣ бояд назари кӯдакро пурсид.

Меҳнат хусусияти инкишофдиҳӣ дорад. Аз ин рӯ, меҳнат ҳар қадар зиёд, гуногун ва мақсаднок бошад татбиқи тарбият осон ва имконпазир мегардад. Барои ҳамин, ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар корҳои гуногуни фоиданок, иштирок кардани тарбиягирандагон ҳатман зарур аст.

 

  •                  Тарбия дар ибтидо сахтӣ диҳад,
  •                  Мерасад рӯзе, ки хушбахтӣ диҳад.
  •                  Тарбия ояндаро зебо кунад,
  •                  Одамиро тарбия воло кунад.
  •                  Кӯдакони хешро одоб деҳ,
  •                  Навниҳоли зиндагиро об деҳ.

 

Саъдиии Шерозӣ бо хитоб ба наврасон чунин насиҳат намудааст: “Эй ҷони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалли хатар ё дузд ба яғмо бибарад, ё хоҷа ба тафориқ бихӯрад. Аммо, ҳунар чашмаи оянда асту давлати поянда. В-агар ҳунарманд аз давлат биуфтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳарҷое ки равад қадр бинаду дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад”.

 

  • Садирова Ҷамила Шарифовна
  • Муаллими калони кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара.