ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА НАҚШИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛЁБӢ ВА НАҚШИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сарфи назар ба он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ – сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогирифта буд, ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, яъне ташкили Артиши миллии мо аз мавқеи нав шурӯъ гардид. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 ҳамчун як рукни давлатдорӣ барои ҳифзи марзу буми мамлакат аз иқтидорҳои бадхоҳ ва фитнаангез, ки давлати тозабунёдро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил дода буданд, зарурати ташкил кардани Қувваҳои Мусаллаҳи сифатан нав ба миён омад. 16-ноябри соли 1992 Сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҳукумати нави конститутсиониро бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. 18-декабри соли 1992 Раиси Шурои Олӣ дар бораи таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонро ба тавсиф расонид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба 23-юми феврали соли 1993 дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе аз паради ҳарбӣ гузаштаанд, ки аз ҳамон лаҳза инҷониб ин рӯз ҳамчун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари кишвар бо тантана таҷлил карда мешавад. Аввалин қисм ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастаҳои мусалаҳи ҷабҳаи фронти халқӣ ташкил карда шуданд. Ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраро дар бар мегирад:​

  • - Солҳои 1993-1997 давраи якуми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисобида мешавад.
  • - Баъди барқарор шудани сулҳ давраи дуюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Таркиби штатии Қувваҳои Мусаллаҳ пурра муайян гашта, сифатан нав кардани қушунҳо, бунёди идоракунии усулҳои самаранок, дуруст ба роҳ мондани омодагии ҷангӣ ва усулҳои амалиёти қушунҳо ба анҷом расонида шуд, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ иқтидори сифатан нави Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ташкил медиҳанд. Аз солҳои 2003 -2005 давраи нави (сеюми) сохтмони ҳарби ислоҳоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
  • - Ҳайат, сохтори штатии ташкилӣ, таъминоти моддӣ – техникӣ, ҷойгиронии қисмҳои ҳарбӣ анҷом дода шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ бо силоҳу техникаи замонавии ҷангӣ, кадрҳои афсарони касбӣ пурра таъмин гардонида шудаанд.
  • - Дар доираи ислоҳоти ҳарбӣ моҳи сентябри соли 2003 Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шуд.
  • - Моҳи октябри соли 2005 ду навъи қушунҳо муттаҳид гардонида, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуд.
  • - Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи қушун: Қушунҳои хушкигард, Қушунҳои зудамал ва Қушунҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат мебошад.

Бо ташаббусу ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои 1993-1994 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қаламравӣ Тоҷикистонро зери назорати худ қарор доданд, ки ин бевосита ба тинҷиву оромии кишвар мусоидат менамуд. Ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо силоҳу техника ва кадрҳои ҳарбӣ ҷиҳозонидани он давлатҳои дӯсту ҳамсоя, пеш аз ҳама –Федератсияи Россия кумак расонид. Дар заминаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикист 20-уми апрели соли 1993 Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ, 23-уми июни соли 1993 Қушунҳои хушкигард, 12-уми апрели соли 1993 Қушунҳои мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил дода шудаанд. Қисмҳо ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 1993-1997 дар амалиётҳои ҷангӣ барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ, саркуб намудани қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва дастаҳои ҷиноятпешаю ифротгаро фаъолона иштирок карданд. Ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ беандоза калон мебошад, зеро бо ҷаҳду талоши бевоситаи родмардони Ватан дар ором кардани марзу буми кишвари азизамон бо ном Тоҷикистон беандозаву беназир аст. Дар ин роҳ садҳо нафар фарзандони асили миллат, хизматчиёни ҳарбӣ ҷони худро қурбон намуданд.

Ватан ва ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонбозию корнамоиҳо ва хотираи шаҳидони роҳи озодиро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Маврид ба зикри хос аст, ки воқен ҳам имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхориҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва давлату ҳукумат қарор гирифта, сол аз сол сарбозону афсарони ин сохтори қудрати ба имтиёзу дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Феълан дар баробари сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарастро мебояд ба қадри хоку оби он расида, дар ободиву осоиштагияш ҷаҳду талош намояд. Зеро ҳар сангу хоки он барои инсони худогоҳу худшинос муқаддас асту азиз боқи мемонад. Дар низоми сохтор ва мақомотҳои давлатӣ саҳми маориф хело таъсирбахш ва ба худ хос такрорнашаванда мебошад. Мо ҳамчун омӯзгор ба он назар ҳастем, ки тарбияи насли замони муосир дар фаҳмида гирифтани шиддату хатарҳои ҷаҳонӣ хело муҳим буда, ба малакаи касбӣ дар ташаккул додани донишҳои замонавӣ саҳми арзанда доранд. Дар фарҷом бори дигар ҳамаи ҳамватанонамонро бахшида ба 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу осоиштагиро таманно дорем.

Раҳматов Бахтовард – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Данғара.

Сафаров Қаландар н.и.и., дотсент, мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара.