БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ВА РӮЗНОМАНИГОРӢ

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ВА РӮЗНОМАНИГОРӢ

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи баргузории ҶИД, санаи 21.02.2024 Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ баргузор гардид, ки масъули он кафедраи рӯзноманигории факултет маҳсуб меёфт. Дар кори ҶИД садорати факултет, Раиси ҶИД-и факултет, намояндаи раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки дар маҳфили мазкур 7 нафар донишҷӯён аз эҷодиёти худ дар мавзуи "Саҳми Пешвои миллат дар рушди ВАО -и соҳибистиқлол" қироат намуданд. Мақфил бо мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб ба итмом расид.