ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

22 феврали соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусуллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии ҷашнӣ доир гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни сухани ифтитоҳӣ-табрикотии хеш ҳайати коллективи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусуллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимоди Модар – Ватан таҳти сарварӣ ва дастгириву кӯмакҳои пайвастаи Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт устувор гардида, музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ, амнияти давлат, якпорчагии марзу бум ва ҳаёти осудаи мардуми диёрамонро чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат содиқона ҳифз намудаистодаанд.

Дар вазъияти мутантан, ба ректори Донишгоҳи давлатии Данғара муҳтарам Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ медали ҷашнии 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо тақдим гардид.

Дар ҳошияи чорабинӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Данғара аз 22.02.2024, №010/и “Дар бораи ҳавасмандгардонии устодону кормандон” зумрае аз устодону кормандон ва афсарони кафедраи ҳарбӣ барои фаъолияти босамари меҳнатӣ, саҳми муносиб гузоштан дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии кормандону донишҷӯён,  иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, ободонӣ ва бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Сипосномаи ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои “тенниси рӯи миз” ва “Волейбол” бо Диплом сарфароз гардонида шуданд. 

Дар қисмати дигари ҳамоиш аз ҷониби шуъбаи фарҳанги донишгоҳ барномаи иборат аз суруду таронаҳои тараннумгари Ватану ватандорӣ, Артиши миллӣ ва Афсарону Аскарон пешниҳоди иштирокчиён карда шуд, ки ба ҳусни чорабинӣ зиннати идона бахшид.