ЧАРО ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ХУСУСИЯТИ МЕҲВАРӢ ДОРАД? (таҳлили вожаӣ-сиёсӣ)

ЧАРО ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ХУСУСИЯТИ МЕҲВАРӢ ДОРАД? (таҳлили вожаӣ-сиёсӣ)

Паём ҳамчун унсури муҳимми соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, дар он ҷанбаҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз ҳамин лиҳоз аст, ки аз соли 2001 то кунун Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд. Саволи матраҳ ин аст, ки муҳтаво, аҳамият ва нақши Паёми солона барои Тоҷикистон дар чӣ зоҳир мегардад? Ва ё чаро Паём барои Тоҷикистон хусусияти меҳварӣ дорад? Мо дар инҷо дар 2 бахш (вожаӣ ва сиёсӣ) Паёмро мавриди омӯзиши дақиқу мухтасар қарор медиҳем, то аҳамият, нақш ва хусусияти меҳварӣ доштани он барои Тоҷикистон комилан зоҳир гардад.

Бахши аввал – вижагиҳои вожаӣ. Пеш аз он, ки дар хусуси муҳтаво ва аҳамияти миллию фаромиллии Паёми Пешвои миллат ҳарф занем, лозим аст, ки аз диди луғавӣ вожаи “паём”–ро мухтасаран шарҳу тавзеҳ диҳем.

“Паём” аз лиҳози луғавӣ сирф вожаи тоҷикист, ки ҳамчун исм дар фарҳанги луғати тоҷикӣ ба маънои хабар, пайғом, рисолат фаҳмида мешавад. Ҳамчун феъл бошад ба маънои хабар расонидан, пайғом адо кардан, пайғом арз кардан фаҳмида мешавад.

Бо вуҷуди мавҷуд будани муродифҳои зиёд маҳз калимаи “паём”-ро интихоб намудан низ аз ҳикмат холӣ нест. Интихоби “паём” ҳамчун вожаи калидӣ ҳамзамон эҳтироми забони давлатист, чаро ки метавонист вожаи хабари солона”, ё умуман вожаҳои махлутшуда истифода шавад, вале махсусан вожаи “паём” интихобу истифода шуд.

Бахши дуюм – аҳамияти сиёсӣ. Бояд иқрор шуд, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату давлатдорӣ, истиқлолу ҳуввияти миллӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ хусусияти меҳварӣ дорад. Ҳамзамон дар баробари мавҷудияти масъалаҳои миллӣ, ки дар Паём ироа мегарданд, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳимми Паём ба шумор меравад ва он хусусияти фаромиллиро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба худ касб менамояд. Муҳимтар аз ҳама, дар ироаи Паём на танҳо аъзои Маҷлиси Миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, роҳбарияти вазорату идораҳо ва зиёиёни тоҷик ширкат меварзанд, инчунин сафирони кишварҳои дунё ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро доранд, ширкат менамоянд. Дар ҳамин саҳнае, ки хусусияти байналмилалиро касб намудааст, Пешвои миллат эълон менамояд, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон чунин аст. Ин аллакай исботи соҳибистиқлолӣ ва оромиши руҳи родмардони миллати тоҷик аст.

Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ахиран, дар як изҳороти худ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан, онҳое, ки дар фазои маҷозӣ фаъоланд, муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки “...Ба воситаи содир намудани Паём як давлати мустақил сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян карда, ба ҷомеаи дохилӣ ва байналмилалӣ эълон мекунад. Он лаҳзаи муаррифӣ ё призентатсияи сиёсати дохиливу хориҷии давлат аз тарафи роҳбари он аст. Давлати вобаста, давлати тобеъ Паёми солона содир намекунад, балки Паём нишон ва хосаи давлати мустақил аст. Аз ин рӯ, Паём лаҳзаи тантанаи истиқлоли як давлат ва як миллат аст...”.

Ба таври хулосавӣ бояд қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ба мисли Ватан, Давлат, Миллат, Истиқлол, Парчам, Суруди миллӣ ва Конститутсия ба бахши арзишҳои волои давлатдории миллии мо ворид мегардад. Яъне ҳамин як паёми хушку холӣ нею як паёми миллатсоз, давлатсоз ва ормонии миллати куҳанбунёди тоҷикон аст, ки анқариби 1000 сол мунтазираш будем.

Барои як фарди ватандӯсти асил Паём волотар аз як хабар ё масъалагузорист. Ин як нишони давлати мутамаддин ва мустақил аст. Ин як хотиррасонкунии ҷаҳонист, ки “тоҷикон соҳиби Ватану давлатанд” ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона ҳаллу фасл менамоянд. Ин як аломати зарурии давлати соҳибистиқлол аст. Ин як шакли муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.

Дар инҷо мо якчанд хусусият ва муҳиммияти Паёмро раддабандӣ менамоем, ки аз нигоҳи сиёсӣ баҳо дода шудаанд:

  • - Паём ҳамчун арзиш ба қатори рамзҳои миллию давлатдорӣ ворид мегардад;
  • - Паём яке аз нишонаи зарурии (атрибути) давлати мустақил аст;
  • - Паём муаррификунандаи сиёсати дохилию хориҷӣ дар арсаи байналмилалист;
  • - Паём ин ормони бузургону мутафаккирон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва шоиру нависандагони тоҷик дар раванди ҳазорсолаи таърихист;
  • - Паём ин бозтавлиди нур бар хилофи ғояи зулмоти душманони миллат аст;
  • - Паём ин натиҷагирӣ аз ҳадафҳои созанда дар муддати муайяни сипаришуда мебошад;
  • - Паём ин ҳадаф, мақсад ва вазифагузорӣ барои ояндаи дур аст.

Хусусиятҳои дар боло зикргардида нишон медиҳанд, ки Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад. Ҳамин тариқ, метавон хулоса баровард, ки он ҳамчун яке аз нишонаҳои муҳимми давлату давлатдорӣ дар радифи арзишҳои давлатдории миллӣ қарор мегирад.

Барои шаҳрванди Тоҷикистон миллат, давлат ва Паём бояд ҳамарзиш бошад. Ин бояд ба як эҳсосоти баланди миллатмеҳварӣ ва давлатмеҳварӣ табдил ёбад. Пас метавон гуфт, ки Паём муборак аст ва бояд тантанаи табрикотӣ дошта бошад.     

 

  • Шодиев Комрон Олимҷонович
  • Муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара