ҲАДАФҲОИ УСТУВОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИДИ МАСЪАЛАҲОИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОБ

ҲАДАФҲОИ УСТУВОРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИДИ МАСЪАЛАҲОИ ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОБ

Об дар рӯйи Замин яке аз моддаҳои маъмул буда, захираи умумии он қариб ба 1,5 млрд км3 мерасад. Аз ин 90 млн км3-ро обҳои сатҳи хушкӣ ташкил медиҳанд. Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра бештар 71 фоизи масоҳати Заминро фаро мегиранд, ки ин хеле калону парешон аст ва маҳз барои ҳамин обро захираи тамомнашаванда меноманд. 

Маҷмуи умумии оби тоза 28 млн км3-ро ташкил медиҳад. Ба он нигоҳ накарда, дар мубодила танҳо 134 ҳазор км3 оби фаъол иштирок мекунад. Аммо барои таъмини об ҳамагӣ 15 ҳазор км3 истифода мешавад. Захираҳои обҳои ширин (оби софи нӯшокӣ) хеле кам буда, асосан аз ҳисоби борону барф ва пиряхҳо ҷамъ мешаванд. Асосан обҳои ширин барои обёрии рустаниҳои дастпарвар ва рӯёнидани ҳосили баланд истифода мешавад. Тахмин меравад, ки барои обёрии заминҳои корам дар солҳои наздик ҳамон миқдори обҳои ширин истифода мешаванд, ки он дар як сол ба 7000 км3 баробар аст.

Дар замони ҳозира норасоии оби тоза дар бисёр мамлакатҳо ба назар мерасад. Ин ба нобаробар тақсим шудани об дар хушкӣ, афзоиши аҳолӣ, бо суръат инкишоф ёфтани саноат ва кишоварзӣ вобаста аст. Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиаш аз 10 то 3000 километр мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо кӯҳӣ буда, ба 3 ҳавзаи дарё Аму, Зарафшон ва Сир дохил мешавад. Дарозии умумии ин дарёҳо 28 ҳазору 500 километр аст ва дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷойи аввалро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 95 фоиз аз гидроэнергетика ташкил меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ чораҳои зарурӣ дида мешавад. Чунончӣ, соли 2001 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия “Оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Барномаҳои миллӣ “Оид ба гигиена ва муҳофизати муҳити атроф”, “Оби тоза ва санитария” ва Кодекси обии Ҷумҳурии Тоҷикстон (соли 2000-ум) қабул карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки 30-юми августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он вакилони 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисаҳои марбута, намояндагони доираҳои илмӣ, коршиносон аз ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон ширкат варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ пешниҳод карданд, ки аз соли 2005 то соли 2015-ум даҳсолаи байналмилалии обӣ тоза эълон карда шавад. Ин иқдом ҷавобгӯйи Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд, ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрумбуда, дар ҷаҳон мебошад.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуда, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд. Ҳоло 80 кишвари олам аз нарасидани оби нӯшокӣ ба мушкилот дучор омадааст. Аз ин сабаб пешниҳод намудани соли 2013 соли ҳамкорӣ оид ба истифодаи захираҳои обӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар СММ хеле ба маврид буд. Ин пешниҳод на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

Аз 20-ум то 22-юми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об доир шуд, ки дар кори он бештар аз 900 нафар коршиносон аз 70 мамлакати аъзои СММ ва 20 созмони гуногуни байналхалқӣ иштирок доштанд.

Кишвари мо дар 15 соли охир ташаббускори аксари қатъномаҳои Маҷмааи умумии СММ марбут ба об мебошад. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ пазируфта шудани пешниҳоди 4-уми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” обрӯву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баланд бардошт.    

Натиҷаи ҳаммаи ин иқдомҳои одилонаи Пешвои муаззами миллат Призиденти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз давлатҳои пешраванда ҷиҳати ҷонибдории об ва ҳифзи захираҳои обӣ шинохта шуд.

  • АМИРОВ АБДУСАЛОМ
  • мудири кафедраи биология ва биотехналогияи Донишгоҳи давлатии Данғара