ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

(Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, 9 марти соли 2024, шаҳри Душанбе)


“Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надоранд, ки худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башар саҳм гирифтааст”
               Эмомалӣ Раҳмон

Худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок ва марзу буми Ватан, иттиҳоди мардум, иттифоқ ва ҳамбастагӣ буда, аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Заиф будани решаҳои худшиносии миллӣ дар мафкураи шаҳрвандон ба пайдоиши ғояҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ замина гузошта, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «забон»-ро коста мегардонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода мешаванд. Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ, баробарии диниву мазҳабӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани расму оинҳои динии шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Доир гардидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, аз таваҷҷуҳи хоссаи сарвари давлат ба ин ҷанбаи муҳимми ҳаёти ҷомеа дарак медиҳад. Дар ҳақиқат баргузории чунин як мулоқот бо назардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон иқдоми бисёр муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб рафта, дар он паҳлӯҳои маънавию фарҳангӣ, сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву динии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вақтҳои охир таассубгароӣ дар кишвари мо, ки бештар аз хурофот маншаъ гирифтааст, тавсеа ёфта, ҳолатҳои дар хориҷи кишвар ба амалҳои террористӣ даст задани шаҳрвандони Тоҷикистон, набудани меъёр ва тартиби муайяни сафар ба Ҳаҷ, зиёдаравӣ дар анҷом додани ҷашну маросимҳо, тақлид ба фарҳанги бегона ва кам шудани таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҷавонон боиси нигаронӣ гардида буд.
Бинобар ин, муҳиммияти масъаларо дарк намуда, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир ҷараён доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин таъсири онҳоро ба ҷомеа ва давлати мо масъалагузорӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, зимни мулоқот Сарвари давлат ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки маҳз ба шарофати мустақилии сиёсӣ ва ташаккул додани низоми миллии давлатдорӣ имрӯз Тоҷикистон ба кишваре табдил ёфтааст, ки дар он арзишҳои динӣ бо эҳтиром аз ҷониби ҳамаи қишрҳои аҳолӣ пазируфта шуда, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ дар парастиши дину мазҳабҳо озодии куллӣ дода шудааст. Дар баробари ин ба шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ тоҷикон таъриху тамаддуни куҳанбунёди худро эҳё намуда, аз пайи омӯзиши асарҳои фарҳангиву маърифатии гузаштагони худ шуданд ва имрӯз аз ин мероси гаронбаҳои маънавии тоҷикон тамоми ҷаҳон истифода мебарад. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 99 дарсади аҳолиро пайравони дини мубини ислом ташкил медиҳанд. Бинобар ин, давлату Ҳукумат дар баробари таъмини шароити созгори эътиқодӣ ба пайравони дини мубини ислом ҳамчунин ба таълимоти инсонпарварона, таҳаммулгароёна, маорифпарварона, инсондӯстона ва созандаву бунёдии он арҷ мегузорад.
Бо ин мақсад, дар мамлакат зиёда аз чор ҳазор масҷид бунёд гардидааст, ки тибқи оморҳои расмӣ ба ҳар 2000 нафар аҳолӣ як масҷид рост меояд ва ин дар ҳолест, ки дар аксари мамлакатҳои бузурге, ки дини исломро дини давлатӣ эътироф кардаанд, ин нишондиҳанда ба 5-6 ҳазор мерасад. Бо вуҷуди он, ки давоми солҳои охир дар мамлакат ба масъалаи саводнокии динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда бошад ҳам, натиҷаҳо ғайриқаноатбахш буда, то ҳол ба беҳтар гардидани сатҳи дониши динии мардум таъсири ҷиддӣ нарасонидааст.
Пешвои миллат бо ёдовар шудани дастовардҳои мазкур дар баромади худ диққати аҳли ҷомеаро ба он ҷалб намуданд, ки ин ҳама талошу кӯшиши роҳбарияти кишвар натиҷаи дилхоҳро ба бор наовардааст. Баръакс, дар миёни аҳолии кишвар хурофотпарастӣ, пайравӣ ба расму оинҳои барои мардуми тоҷик ва дар баъзе ҳолатҳо барои пайравони дини мубини ислом бегона, дур шудан аз либоспӯшии миллӣ ва коста гардидани ахлоқи ҷамъиятӣ аз зуҳуроте ҳастанд, ки аҳли ҷомеаро бояд ба андешаи амиқ водор созанд. Зуҳуроти болозикр баъзан ба таъсири фарҳанги бегонагон ва аксар ҳолатҳо ба нақшаҳои тарҳрезинамудаи гуруҳҳои гуногуни манфиатдор, ки ҷонибдори паст намудани обруву нуфузи дин ва пайравони он дар сартосари ҷаҳон ва ташаккули ғояи исломситезӣ мебошанд, вобаста аст ва ба таълимоти дини мубини ислом ягон вобастагӣ ва робитае надорад. Вобаста ба ин аз ҷониби Сарвари давлат қайд карда шуд, ки: “...тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад”.
Дар робита ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таърихи тӯлонии миллати тоҷик чунин вазъиятро ба хубӣ ёд дорад, ки оқибати ин беаҳамиятиву бетарафӣ ва хурофотпарастии аҳолӣ ба заволи давлати тоҷикии Сомониён дар асри X ва ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани Тоҷикистон дар асри XX гардид. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои мазкур аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани саводи динии аҳолӣ ва бо арзишҳои динӣ ошно намудани онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҷомеа ва давлат, бахусус ходимони дин дар ҳамбастагии зич фаъолият намуда, дар замири аҳолӣ эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз гузаштаи пуршарафи худро бедор созанд. Ҳифзи мероси диниву фарҳангии миллат бояд маҳаки асосии ҳисси ватандӯстии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ташкил диҳад. Бо ин роҳ метавон ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардид, ки барои бунёди ҷомеаи фикран ва руҳан солим заминагузор мегардад: “Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.
Дар баробари ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик моро зарур аст, ки ба туҳмату буҳтон ва санги маломат нисбати дини мубини ислом низ бетараф набошем. Имрӯз дар замоне, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд бо истифода аз эътиқоди динии мардум ва сиёсикунонии дин дар минтақа ва ҷаҳон нооромиро ба вуҷуд оранд, ҳар яки моро лозим аст, то бо таҳаммулпазирӣ, ҳамдиливу ягонагӣ, тарғиби ғояи инсондӯстона ва ҳурмату эҳтиром нисбати тамоми динҳои дигар ба ҷаҳон нишон диҳем, ки ислом дини тарғибгари ҷангу ҷидол набуда, балки ҷавҳари асосии ғояи онро боварӣ ба ҳамдигар, садоқат ба ватану миллат, инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббати аҳли башар ташкил медиҳад. Дини мубини исломро, ки моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом чун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумату, куштору ваҳшоният, ҷабру зулмро маҳкум мекунад.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир ноогоҳӣ, фаҳмиши нодурусти арзишҳои динӣ ба он оварда расонидааст, ки дар кишвар зуҳуроти пайвастани шаҳрвандон ба ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта афзоиш ёфтааст. Ҳар як ҷавони тоҷикро, ки ба чунин амалҳои номатлуб маҳкум гардида, дар кишварҳои ҷангзада ва дар вазъияти бисёр нохуб умр ба сар бурда истодааст, зарур аст, то масъулияти шаҳрвандии худро дар назди давлат, қарзи фарзандиро дар назди волидон, масъулияти падариву модариро дар назди фарзандон ва ҷомеа дарк намуда, рафтору кирдорашонро ба манфиати давлату миллат ва оилаву аҳли ҷомеа ба роҳ монанд, зеро дар яке аз ҳадисҳо қайд карда шудааст, ки “беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст”. Ин нуқтаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл баён намуданд: “Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд”.
Ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, пайравӣ ба арзишҳои бегона, иҷрои расму русум ва оинҳое, ки на дар фарҳанги тоҷикӣ ва на дар фарҳанги исломӣ мавҷуданд, мардумро ба гумроҳӣ ва парокандагӣ мебарад. Ба гуфтаи Сарвари давлат: “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ аҳолиро ба ҷойи хурофотпарастиву ҷаҳолат ба илмомӯзӣ, беҳтар намудани савияи дониши техникӣ, тараққиёту навсозӣ даъват намуданд. Иброз гардид, ки меъёрҳои ҳамзистии ҷаҳони навин бар пояи тараққиёти илмиву техникӣ бино гардида, давлатҳое, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, маҷбуранд ба мамлакатҳои дигар вобаста гардида, зиндагӣ намоянд. Ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад, зеро ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифатнокии мардум ва пешрафти илму техника вобаста аст.
Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқот иброз доштанд, ки маҳз ҳамдиливу ягонагӣ, сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаву софдилонаи тамоми даҳ миллион аҳолии мамлакат сипари боэътимод дар баробари ҳама гуна ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замони муосир мебошад.
Суханронии Президенти мамлакат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин иқтидори бузурги зеҳнӣ дошта, ҳар як фарди кишварро водор месозад, ки дар ҳифзи музаффариятҳои миллӣ ва дастовардҳои беназири мамлакат саҳмгузор бошад ва зиракии сиёсиро дар ҳама ҳолат аз даст надиҳад. Ана ҳамин ҳисси хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ки дар вуҷуди Пешвои миллат реша давонидааст, барои ҳар як тоҷики бонангу ор бояд намунаи ибрат бошад.

 

Фирӯзи Сулаймонӣ Давлатзода – н.и.т., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосири Донишгоҳи давлатии Данғара