БИОТЕРРОРИЗМ – МАВҚЕИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МӮОСИР

БИОТЕРРОРИЗМ – МАВҚЕИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МӮОСИР

БИОТЕРРОРИЗМ – МАВҚЕИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МӮОСИР

Абдулаҳад Абдуҷабори – Сардори шуъбаи аспирантура, корҳои илмӣ-татқиқоти ва асноди Эломия Болон

         Биотерроризм- яке аз намуд ва шаклҳои тероризм мебошад, ки бо истифода аз яроқҳои биологӣ малӣ карда мешавад. Ин усули тадид аз тарафи шахсон ё маводҳои заҳролудшуда бо мақсади расонидани зарари модӣ ва ҷисмонӣ ба шумораи зиёди одамон, маводи хӯрока ва захираҳои табиию-экологӣ ва несту нобуд кардани онҳо равона карда шудааст.

         Ҳамчун дигар падидаҳои терроризм, биотерроризм барои муташаниҷ  намудани вазъи сиёсӣ ва расидан ба мақсадҳои нопок аз тарафи душманони миллат  ва доираҳои махсус, инчунин барои несту нобуд сохтани сохти давлатдорӣ ва таъсиррасонӣ равона карда шудааст. Василаҳои ин намуд террор ин моддаҳои гуногуни заҳролуди биологӣ, сироятҳо ва дигар воситаҳои таъсирноки онҳо сурат мегирад.

         Табиат ва илми муосир қодир аст, ки захираҳои калони маводҳои биологии заҳролудро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки гурӯҳҳо, доираҳо ва шахсони алоҳида пайдо намояд. Айни замон номгӯи зиёди вирусҳо, токсинҳо ва дигар маводҳо вуҷуд доранд, ки метавонанд барои несту нобуд сохтани миқдори зиёди одамон, хайвонот ва наботот истифода шаванд.

         Таърихи инсоният маълумотҳои зиёдеро оиди истифодаи агентҳои биологиро дар хотир нигох доштааст. Ҳанӯз дар асрҳои миёна зимни ҷангҳо ва муҳорибаҳо истифодаи яроқҳои биологӣ (моддаҳои гуногуни заҳролуд)истифода мешуданд. Бо ақлу идроки худ одамон фаҳмиданд, ки намуди зиёди бемориҳои сироятиро душманон ба воситаи шахсони махсус заҳролудшуда ба байни қавму қабилаҳо роҳандозӣ мекунанд. Масалан дар асри VIV бо фармони Хони Урдуи Тиллоӣ ба чоҳҳо ва дигар сарчашмаҳои оби нушокӣ, ки бошандагони қалъаи Кафф ва Қрим, ки дар муҳосир қарор доштанд ва  аз онҳо истифода мекарданд, ҷасади шахсон ва ҳайвоноти аз бемориҳои сироятии чума ва холера фавтидаро мепартофтанд. Дар натиҷа бемориҳои сирояти авҷ гирифта миқдори зиёди муҳофизон ва бошандагони он фавтиданд. Ҳангоми ҷангҳои хусусияти мустамликави дошта дар Амрико, артиши аврупоиён ба аҳолии таҳҷоӣ (ҳиндуҳои мӯқимӣ-индейцы) ҳар гуна молу маводҳои заҳролудшударо «тақдим» мекарданд ва дар натиҷа миллионҳо аҳолиро ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мекарданд. Олмониҳо низ ҳангоми Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ҳайвоноти хонагиро заҳролуд намуда ба аҳолии душманонашон пешниҳод мекарданд.

         Омӯзиши амиқ ва таҳияи минбаъдаи яроқи биологӣ  дар ниммаи аввали асри ХХ ҳангоми «ҷанги сард» рӯ ба инкишоф ва рушд сурат гирифта альтернативаи яроқи атомиро ба худ касб намуд. Аввалин мамлакатҳое, ки чунин яроқи қатли омро мавриди омӯзиши дақиқ ва пажуҳиш қарор доданд ИМА, Ҷопон ва Англия мебошанд. Барои ин мақсадҳо дар ИМА марказу озмоишгоҳҳо, пойгоҳҳову иншоотҳои махсусро барои гузаронидани озмоишҳо сохта ба истифода доданд. Имрӯзҳо ҳам муассисаҳои федеролии ИМА-ро яке аз иншоотҳои мутамарказии соҳаи яроқи биологӣ шумурдан мумкин аст.

         Дар ҷавоб ба пажуҳишҳои дар ин соҳа гузаронидаи ИМА дар солҳои 40-ум дар  ИҶШС (СССР) тарзу усулҳои ба ин таҳдидҳо муқовимат карданро кашф намуданд, ки ин омил системаи ягонаи мубориза бар зиди маводҳои заҳролудро дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин намуд. Бибонбар дидани чораҳои ҳатмӣ дар муддати кутоҳтарин як системаи дар замони худ муосири муҳофизати зиддибактериологӣ ташкил карда шуд.

         Соли 1975 конвенция «Дар бораи манъи таҳия, коркард, истеҳсол, чаъоварии яроқи бактериологии заҳролудкунанда» ба имзо расонида шуд.  Лекин мутаасифона талаботи ин конвенсияро то ҳол  як қатор давлатҳои дорои чунин яроқ қабул накарданд. Дар натиҷа дар чунин давлатҳо то ҳол системаи ягонаи назорат вуҷуд надорад ва ин омил имкон медиҳад, ки миқдори зиёди чунин маводҳо ба  шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои террористӣи ва экстремистӣ дастрас гардида боиси талафоти ҷонии шаҳрвандон, тифлакон ва пиронсолон мегардад.

         Дар ҷодаи муҳофизат аз таъсири яроқҳои бактериологии заҳролудкунанда чунин давлатҳо, ба монанди:  ИМА ва Чин пешсаф мебошанд. Федератсияи Россия, Олмон, Исроил ва Ҷопон низ мавқеъи худро доранд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ имрӯзҳо ҳам дар давлатҳои шарқи наздик, аз ҷумла: Сирия, Ироқ, Ливон, қисмати  ҷанубу- ғарбӣ Туркия  борҳо қасди истифодаи чунин яроқ намуданд.

         Ба сохтори таркибии Конвенцияи соли 1075 имрӯзҳо тағйиротҳои куллӣ ворид шуданд, яъне Марказҳои илми-тадқиқотии биологии ғайридавлатӣ низ шомиланд, ки дар оинномаи ин конвенция ин шомилшавӣ манъ карда шудааст. Бинобар ин  аз тарафи чунин марказҳо таҳия, пажуҳиш (исследования) ва гузаронидани корҳои озмоишӣ бе маҳдуд гузаронида шуда истодаанд. Бо дарназардошт ин хулоса кардан мумкин аст, ки ҷаҳони имрӯза ба яке аз  таҳдидҳои даҳшатовари  биотерроризми муосир рӯ ба рӯ истодааст. Танҳо ақли солим, худогоҳӣ ва   таълиму тарбияи сатҳи олӣ метавонад ҷавонони имрӯзаро аз шомилшавӣ ба гурӯҳои ифротгароӣ пешгирӣ намояд.

         Биёед як ба хотир биёрем -истифодаи яроқи қатли Ом,  ки ИМА соли 1945 бар зидди Ҷопон (шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки) истифода бурд. Дар натиҷа садҳо ҳазор аҳолии осоишта на танҳо аз зарбаи он, балки тавассусти заҳролудкунии бактериологӣ  ҷони худро аз даст доданд. Ана акнун худатон қазоват кунед, ки афзалияти яроқи биологии муосир, метавонад даҳҳо ва садҳо маротиба аз он пурзӯртару даҳшатовар  бошад.

         Чунин яроқ қобилияти калони несткунанда дорад ва метавонад дар як лаҳзаи кӯтоҳ ҷони зиёди одамону ҳайвонотро рабуда, ба иншооту биноҳо таъсир нарасонад. Яъне чунин яроқ танҳо барои қатли оммаи инсонӣ равона карда шудааст.  Дигар омил дар он аст, ки барои тайёр намудани чунин яроқ вақт ва мавқеи асосӣ нақш намебозад. Чунин корхонаҳои хурдро имрӯзҳо гурӯҳҳои алоҳидаи терроситию-экстремистие, ки дар Шарқи Наздик бо артиши давлатҳои ин минтақа  задухурдҳои шадид бурда истодаанд, мавриди истифодабарӣ қарор дода метавонанд.

         Зарбаи биотеррористиро имрӯзҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон ҳамчун хурӯҷи сироятҳои гуногун мешуморанд, ки ин ақидаи онҳо дар бисёр маврид хато мебошад. Чунки  таъсири чунин яроқро муассисаҳои дахлдор хеле ва хеле дер ошкор мекунанд. Чунин намуди зарбаро агентҳои биологӣ меноманд. Чунки  аз давраи хуруҷи чунин бемориҳои сироятӣ  агентҳо метавонанд аз маркази сироят хеле дур бимонанд, яъне онҳо имрӯз дар як минтақа зарбаи худро тавассусти барангезандаҳои кимиёвӣ оғоз намуда, фардо ҳазорҳо километр дур бошанд.

         Воситаҳои заҳролудкунии биологӣ метавонад ба организми инсон ва дигар организмҳои зинда тавассути ҳаво, об, неш задани ҳашаротҳои гуногун, хӯрока, либосворӣ (асосан тагпӯшҳо), маводҳои ороишӣ (косметикӣ), чубчаҳои дандонковӣ, чуткаҳои дандоншӯӣ ва дигар маводҳои гигиенаи шахсӣ  ворид шавад (ҳатто агар меъёрҳои чунин модаҳҳо кам ҳам бошад).

         “Озод намудани “бало”-и биологӣ хеле осон аст, вале оқибати онро бартараф намудан хеле ва хеле чорабинии миёншикан мебошад. Чи тавре, ки ноиби департаменти тандурустии ИМА Томми Томпсон қайд кардааст: « Аҷабо- кори аз ҳама осон ин заҳролуд намудани маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад ва чаро террористон то ҳол чунин иқдомро даст нагирифтаанд…».

         Оқибатҳои истифодаи яроқи биологӣ басо ҳузнангез ва даҳшатовар мебошанд, яъне;

  • Авҷи бемориҳои сирояти ва миқдори калони шахсони ба марг гирифторшаванда;
  • Аз одам ба одам гузаштани вирусҳои бактериологӣ ё ин ки тарқи ангезандаҳо;
  • Вояи ками сироятӣ метавонад ба заҳролудшавии васеъ мусоидат намояд;
  • Қобилияти баланд ва босуръати сироят намудан ба маводи хӯрокворӣ ва манбаи об;
  • Мавҷуд набудани тестҳо  (маводҳо)-и муосири зидисироятӣ ва усулҳои табобатӣ;
  • Ворид намудани тарсу ҳарос ба аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб. Мутобиқ ба омилҳои захролудшавӣ аз таъсири яроқи биологӣ се дараҷа (категория)-и ҷосусҳо (агентҳо)-и биологиро, ки метавонанд ба аҳолии осоишта таҳдид намоянд, ошкор карда шаванд. 1. Дараҷа (категория)-и «А» аз ҳама даҳшатнок буда, ба  осонӣ метавонад барангехта шаванд. Аз инсон ба инсон гузаронида мешавад ва миқдори фавтидагон хеле зиёд ба назар мерасад, ба организми инсон ва дигар ҳайвонот таъсири калон мерасонад ва дар байни омма тарсу ҳаросро ба вуҷуд меорад. Ба инҳо дохил мешаванд:
  • Бемории сӯхтанӣ (сибирская язва);
  • Ботулизм;
  • Чума;
  • Наиуральная оспа;
  • Туляремия
  • Табларзаи геморрогии сироятӣ (табларзаи Ласса ва Эбола). 2. Дараҷа (категоря)-и «В». Фавт ва марги одамон нисбатан кам буда, бемориҳои сироятӣ низ ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ доранд. Муоина ва усулҳои табобат хеле вақт ва воситаҳои калонро талаб мекунад. Ба ин гурӯҳ ворид мешаванд:
  • Меоиоидоз;
  • Табларза (лихорадка)-и Ку;
  • Брутселёз;
  • Сап;
  • Заҳри Ритсин;
  • Заҳри Эпсилон;
  • Энтеротоксини Стафилаккоки В;
  • Вараҷа (Тиф)-и гулмонанд (сыпной);
  • Патогенҳои ба хӯрока ва оби ошомиданӣ таҳдидкунанда. Дараҷа (категория)-и «С». Марҳилаи сеюми таҳдиди яроқи биологӣ ба шумор меравад. Чунин маводҳоро ба осони паҳн кардан мумкин аст. баъд аз паҳн шудани чунин моддаҳои заҳролудкунанда миқдори беморон ва фавтидагон низ зиёд ба назар мерасад. Ба ин вирусҳо дохил мешаванд:
  • Вирусҳое, ки тариқи ҳашаротҳо (канаҳо, гамбусакҳо) паҳн карда мешаванд (вируси вараҷаи Конго- Қрим);
  • Вирусҳои тариқи канаҳои энцефалит паҳншаванда;
  • Табларзаи зардпарвин;
  • Шаклҳои устувори бемории сил ба доруҳои истифодашаванда;
  • Зуком;
  • Риккетсиозҳо;
  • Вирусҳои девонагии ҳайвонот.

Агентҳое, ки ба дараҷа (категория)-и «А» мансуб меёбанд хеле ва хеле даҳшатнок мебошанд ва ҳангоми истифодаи чунин маводҳои биологӣ ҳатто аҳолии тамоми як давлат ё кишварро заҳролуд намудан мумкин аст. Муддати ним асри гузашта маҳз бо истифодаи як қатор маводҳои заҳролудкунандаи биологӣ  беш аз 30 намуд бемориҳои сироятии нав ба қайд гирифта шудааст. Масалан вирусҳои ВИЧ, Марбург ва Эбола.

     То ҳол ба зидди чунин бемориҳои сироятӣ ягон намуд доруворӣ ва чорабиниҳои пешгирии онҳо омода карда нашудааст. Имрӯзҳо як қатор патогенҳо аз ҷумла вируси аз қисмати ғарбии дарёи Нил ошкоргардида ба доруҳои истифодашуда мутобиқ шудаанд ва ҳамчун хатарноктарин агентҳои биологӣ ҳисобида шудаанд. Айни замон микроорганизмҳое, ки ба тариқи сунъи кашф шудаанд  таҳдиди бештаре доранд ва онҳо бо роҳҳои гуногуни генетики таъсир расонида метавонанд.

          Рӯз аз рӯз аз тарафи террористон ва экстремистон истифодаи яроқи биологӣ беш аз пеш таҳдид карда истодааст. Роҳбарони давлату кишварҳои гуногуни олам ва инчунин ташкилоту муассисаҳои байналмиллалӣ оиди ин қазия корҳо бурда истодаанд. Ба чораҳои умумии зиддитеррористӣ оиди истифодаи яроқи биологӣ мамлакатҳои узви СММ пешгирӣ аз паҳншавии таҳия, коркард ва паҳн намудани агентҳои биологии хатарнокро мавриди таҳлил қарор додаанд. Давлатҳо-аъзоёни СММ инчунин роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ин вабои асрро ҷустуҷӯ доранд

         Баромади экспертҳои  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустии СММ, ки баъд аз пайдо шудани сируси нави зуком дар Мексика соли 2009 хурӯҷ карда буд аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳони имрӯза бар зидди зарбаи вируси ин зуком хеле ва хеле бад тайёр мебошад ва омодагӣ барои мубориза ба ин сироят ва сироятҳои нав ба нав дар сатҳи паст қарор дорад.

         Айни замон зарурати таҳия ва коркарди системаи байналмиллалии назорат дар соҳаи кор бо маводҳои биологӣ ба миён омадааст. Дар ҳолати  дуруст ба роҳ мондани муносибатҳо ва ҳамоҳанг сохтани роҳу усулҳои муфид метавон чунин таҳдидро аз байн бурд, то он даме, ки оиди безаррар гардонидани таъсири маводҳои заҳролудкунандаи биологӣ дорувории ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ва ба барангезандагони сироят муқовиматкунанда истеҳсол карда шаванд.

         Дар охир бори дигар хотиррасон мекунем, ки қобилияти бар зидди чунин таҳдидҳо истодагарӣ намудан ва муборизаи беамон бурдан ба давлатҳо зарурати якҷоя амал карданро тақозо мекунад.