МО ҶАВОНОНИ ВАТАНСОЗАНДАЕМ

Мо ҷавониро ҷавон хоҳем дошт ,

Сарвати рӯи ҷаҳон хоҳем дошт .

Давлати имрӯзаро поянда чун ,

Давлати Сомониён хоҳем дошт .

(Нуруллоҳи Ориф)

Имрӯз ҳар давлат ва миллати ҷаҳон баҳри рушди ҷомеаи солими худ талош менамояд. Ҷомеаи башарӣ ҳоло марҳалаи басо муҳим ва босуръатро аз сар мегузаронад. Бӯҳронҳои ногувори инсонӣ ва офатҳои табииву моҷароҳои сиёсӣ рушди ҷомеаи солими инсониро таҳдид карда истодааст. Асри 21-ум, ки арзишҳои нав ба нави ҷаҳониро ба худ касб намудааст, бо такя ба таҳқиқ ва пешравии бардавоми сатҳи демографии ҷаҳон теъдоди зиёди сокинони ҷаҳонро имрӯз ҷавонон ишғол менамоянд. Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавон баҳри рушд ва нумуи мо ҷавонон имкониятҳои басо бузург ва равшанро арзонӣ дидааст. Аммо пешравиҳои ҷаҳони имрӯз мо ҷавононро водор менамояд, ки ба ояндаи ҳаёти хештан дар ин марзу бум бо чашмҳои ҷаҳонбин ва тафаккури солиму дурандеш назар намуда баҳри халли мушкилоти иҷтимоиву ахлоқӣ ва фарҳангиву инсонӣ дасту ҳуши мубориз дошта бошем. Зеро ошубҳо ва падидаҳои асри муосир ҳамвора таъсирбахш буда, мехоҳанд ба хираду ахлоқ ва истеъдодҳои мо таъсиргузорӣ кунанд.

Мо ҷавонон зеракии сиёсиро аз даст надода ҳамвора баҳри ободиву меҳрварзӣ ба марзу буми муқаддаси хеш содиқонаву софдилона талош намоем, то ки маънавиёти бузурги ин миллати куҳантамаддунро чилои тозаву нав бахшем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нишондоди омори давлатӣ қисми умдатарини аҳолии кишварро ҷавонони аз синни 15 то 29 сола ташкил менамоянд. Ҷавонон, ки бахши азимтарини ҳар ҷомеаро ташкил медиҳанд неруи корӣ ва созандагии ояндаи ҷомеа пойбанди тафаккуру истеъдоди онҳост. Бояд гуфт, ки дар марҳалаи ҷаҳонишавии фарҳангҳову сиёсатҳо ва забонҳову иқтисодҳо идеологияи миллӣ, истеъдодҳои фитрӣ ва тафаккури илмии мо ҷавонон дар ҳоли рушди устувор ва босуръат қарор дошта бошад, арзишҳои миллву манфиатҳои давлатӣ боло аз ҳама арзишҳо ва манфиатҳо бошад.

Чуноне, ки коршиносон таъкид менамоянд яке аз муҳимтарин масъалае, ки бояд дар дараҷаи авали мадди назари масъулони кишвар қарор гирад, шинохти истеъдодҳо ва фароҳам намудани фурсатҳо ва имкониятҳои лозим ҷиҳати рушди донишу хирад ва солимии насли ҷавони ҷумҳурӣ аст. Имрӯз масъулони маориф ва коршиносонро мебояд, ки ниёзҳои ҷавононро бештару хубтар бишиносанд ва он мушкилоте ки ба инкишофу рушди тафаккури миллӣ ва илмии ҷавонон монеа мешавад баррасӣ ва ҳаллу фасл намоянд. Дар воқеъ имрӯз ҷаҳон барои омҷзиши илм ормоншаҳреро мемонад Аз нигоҳи дигар бояд таъкид намуд, ки ҷавонон баҳри истифодаи фурсатҳо дар назди худ кушиш ва талош намоянд, то ки айём ва субҳи ширини ҷавониро баҳри инкишоф ва тараққиёти худ ва Ватани маҳбуб сарф намоянд. Зеро, ки фурсатҳо бузургтарин сармояе ҳастанд, ки дақиқа ва сонияҳои онҳо метавонад зиндагии ҷавонон ва умуман инсонҳоро дучори дигаргунӣ созад. Чуноне, ки дар китоби «Нақши равшанфикр дар ҷомеа» мехонем, Бояд ҳар як ҷавони муосир эҳсоси ноумедӣ ва рӯҳафтодагӣ нанамояд. Аз онҷо, ки яксу ноумедӣ монеаи рушд ва такомули онҳо шуда ба онҳо таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Ба ақидаи равшанфикрон ва равоншиносон, орзуву умед ва талоши бардавом барои саодат ва ояндаи хуш метавонад ҳар як ҷавонро неру ва тавони қавӣ бахшад. Бояд зикр намуд, ки таърих шаҳодатгари ростин аст,ки созандаи ҳар Ватану ҳар сарзамин ва ҳар шаҳру ҳар хонадон пеш аз ҳама ҷавонони дурандеш ва соҳибхирад ва боҳувияту сиёсатмадори он будаанд. Асри бистуякум, ки тибқи ақидаи таърихнигорон ва ҷомеашиносон асри сиёсат аст. Дар ин гузаргоҳи пуртуфон бояд назорат дар Донишгоҳу донишкадаҳо қатъӣ ба роҳ монда шаваду теъдоди соатҳои дарсҳои сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ дар Донишгоҳҳу донишкадаҳо зиёд карда шавад, то ки ҷавонон дар ҳаёти ҷаҳонишавӣ ва гуфтугуҳои иқтисод заминаҳои сиёсӣ таҳлили дуруст ва мушаххас дошта бошанд ва ҷараёнҳои сиёсии муосирро дарк намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имрӯз ҳама аҳли ҷомеа бояд баҳри ислоҳот дар заминаи маорифу фарҳанг ва иқтисоди кишвар фаъол бошанд. Донишҷӯёну аспирантон, унвонҷуён ва фаъолони илму технология эҳсоси масъулияти ҷиддӣ намоянд. Лозим ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талоши пайваста ва эҳтимоми қавии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими хештаншиносиву рушди илму технология ва солимии ҷавонон дар Ҷумҳурӣ имтиёзоти давлатӣ ва фурсату имкониятҳои возеҳро фароҳам намудааст. Дастгириҳои саривақтии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро водор менамояд, ки тамоми ирода ва тавонои худро баҳри идеологияи миллӣ, омузиши донишу ҳунар ва технологияи муосир сарф намоем ва ҳамқадами такомули илму андешаи ҷаҳонӣ бошем. Бояд гуфт, ки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои муайяну мушаххас намудани мақсаду маром, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мебошад.Имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву технологӣ, беҳдошту варзиш ва низомиву ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон фаъолияти босамар дошта, ҳоло дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷавонони қавииродаву пурмаҳорат содиқона хидмат менамоянд.Ҷавонони насли истиқлолият имрӯзҳо дар ҳама соҳаҳои илм дар дохили кишвар ва ҳатто берун аз он таълим мегиранд. Ва дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъол намуда бо медалҳои нуқраву тилло ва биринҷ ба Ватан бар мегарданд. Лозим ба зикр аст, ки ҳама ҷавононе, ки имрӯз дар кишвар дар риштаҳои мухталифи илм омузиш доранд талош менамоянд, ки пешаи интихоб намудаи худро ба амал татбиқ намуда ба Ватани хеш хидмат намоянд. Мо метавонем, бо ин фитрати азалӣ ва иродаи қавӣ беҳтар аз ҷавонони ҷаҳон бошем.

Диловаршоҳи Муҳаммад

мутахасиси пешбари маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии Данғара.