- Раҳматов Бахтовард Қушиевич
- Мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ
- 15.08.1988 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Email: rbakhtovard@bk.ru
- Тел: (+992) 100-00-36-86
- Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б2/2
Маълумот дар бораи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ.
Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ» ҳамҷун кафедраи тахассусӣ аз 1.09.2019 дар заминаи кафедраи иқтисодиёти инноватсионӣ ва таҳлили молиявӣ таъсис ёфт. Мудирии кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандиро аз соли 2019 то 2020 н.и.ф.м., дотсент Каримов А. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2020 то 2021 муаллими калон Раҳимзода М. ҳамчун мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи сентяри соли 2022 то моҳи августи соли 2023 Азизов Б.М. ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандиро ба уҳда дошт. Аз 26.08.2023 то ҳол н.и.и., дотсент Раҳматов Бахтовард Қушиевич мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандиро ба уҳда дорад. Дар солҳои 2019-2023 дар ташкил ва рушди кафедра устодони зерин саҳмгузор мебошанд: устодон Амиров Қ., Сулаймонзода Ш.Ф., Саидов Ш.Қ., Амиров П.Қ., Муқимов Ф.М., Азизов Б., Юсупов У., Самиев М., Раҳимзода М., Ғуломова Х., Халифаева М., Эмомов З., Бобоев А., кор ва фаъолият намудаанд. Ҳоло бошад дар кафедра устодони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: н.и.и., дотсент Раҳматов Б.Қ., н.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ., муаллимони калон Ғафорӣ А.С., Ҷабборӣ Н.Ҷ., Эмомов З.А., Саидов Ш.Қ., Муқимов Ф.М., Азизов Б., Юсупов У.С., ассистентон Самиев М.А., Абдулҳақов Б.Қ., Тағоев Р., Сайдалиева А.Б., Муродова З., Ҳайдаров А., Иброҳимзода И.Ш. Аз рӯи ихтисосҳои факултети молия ва иқтисод, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ яке аз кафедраҳои пешқадам дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бо бисёр муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робитаи зиҷи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази такмили иҳтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёти кишоварзии академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Ҳамҷунин дар кафедра солҳои тӯлонӣ мутаҳассисони шинохтаи соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ ва устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 56 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад.
Ихтисосҳое, ки дар кафедра амал мекунанд:
1. 1-250108 - Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
2. 1-25010403 - Андоз ва андозбандӣ;
3. 1-250111 - Аудит ва ревизия.
Барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзӯҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ ва рисолаҳои ҳатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати профессорон ва дотсентони кафедра тайер карда шудаанд. Кафедра бо васоитҳои техникӣ пурра таъмин буда, дорои ду адад компютери пайваст бо хати интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар назди кафедра синфхонаҳои методӣ бо компютерҳо ва ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст. Бо ин васила имконият пайдо мешавад, ки донишҷӯён ва устодони ҷавон тамоми раванди тадқиқотҳои илмӣ бо истифодаи усулҳои муосири техникӣ дониши худро такмил диҳанд. Мавзӯҳои нави самти илмии кафедра аз соли 2024 то соли 2028 бо номи «Муаммоҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ дар равандӣ рақамикунонии иқтисоди миллӣ» равона карда шудааст, ки устодони кафедра вобаста ба ин мавзуъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳарсол конфронс, мизи мудаввар ва семенарҳои илмӣ - амалӣ мегузаронад. Инчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ва мањфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - теҳникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.