- Умаров Анварҷон Нуралиевич
- Мудири кафедраи информатика ва телекоммуникатсия
- Номзади илмҳои техникӣ
- 01.01.1994 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Email: anvarrr.1994@gmail.com
- Тел: (+992) 887-77-77-16
- Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б-5/411
Кафедраи “Информатика ва телекоммуникатсия” дорои таърихи мухтасари худ мебошад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 кафедраи мазкур бо номи «Системаи компютерӣ ва ҳифзи иттилоот» таъсис ёфта, роҳбарии онро номзади илмҳои техникӣ Умаров Анварҷон Нуралиевич ба ӯҳда дошт. Дар он вақт кафедра аз рӯи панҷ ихтисос, яъне ихтисосҳои 1-40010101-системаи компютерӣ ва Интернет-технология, 1-450103-шабакаҳои телекоммуникатсионӣ 1-980102-ҳифзи иттилоъ дар телекоммуникатсия 1-31040310- низомҳои кибернетии электроника ва 102050501-информаӣтика. Забони хориҷӣ мутахассисон омода карда мешуд.
Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2023 бинобар иваз гардидани сохтори идоравии Донишгоҳ номи кафедраи «Системаи компютерӣ ва ҳифзи иттилоот» ба кафедраи “Информатика ва телекоммуникатсия” иваз гардида, роҳбарии он ба ӯҳдаи номзади илмҳои техникӣ Умаров Анварҷон Нуралиевич гузошта шуд.
Кафедра бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар баноми Н.Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ҳамкорҳои зич дорад.
Асосан ҳайати асосии кафедраро омӯзгорони ҷавон ташкил дода, ҳамасола дар баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи илмии худ кушишу ғайрат ба харҷ дода истодаанд. Мавзуи илмии кафедра “Тадқиқи реалии моделҳои математикӣ ва компютерӣ: санҷиши ҳарорат дар муҳитҳои конденсӣ” буда, ҳамаи омӯзгорон дар ин самт корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Омӯзгорони кафедра дар ҳамаи чорабиниҳои илмию фарҳангии донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд.
Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар фаъолияти кафедра, тайи солҳои 2020-2024
Дар кафедра аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва професорон якчанд дастуру васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ, 15 дастури таълимӣ-методӣ, 2 монография, 1 патенти ихтироот ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ дар конференсияҳо ва маҷалаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расонида шудааст.