|
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ қисми таркибии сохтори Донишгоҳи давлатии Данғара буда, фаъолияти худро дар асоси қонунгузориҳои амалкунанда, оинномаи донишгоҳ ва фармоишу супоришҳои ректори донишгоҳ амалӣ намуда, бо мақсади таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, рушди ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, мукаммалсозии ҷараёни маълумотнокӣ ва баланд бардории сифати ҳамкориҳо дар асоси истифодаи эҷодии таҷрибаи байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ монда истодааст. Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ тамоми ҷанбаҳои фаъолияти донишгоҳро, дар самти робитаҳои байналмилалӣ роҳбарӣ ва мувофиқа намуда, масъалаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳро бо намояндагони мақомоту муассисаҳои салоҳиятдори идораи давлатӣ, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ, корхонаҳо, фондҳо ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ амалӣ менамояд. Дар самти робитаҳои байналмиллалӣ, шуъба бо 51 таълимгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар давоми як соли охир бо 21 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, теъдоди умумии он ба 51 адад расидааст. Дар зерсохтори шуъба, бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ ва бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо фаъолият менамояд. Шуъба мувофиқи ҷадвали корӣ аз сардори шуъба, муовини сардор, сармутахассиси кор бо шаҳрвандони хориҷӣ, сармутахассиси бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо, мутахассис оид ба низоми бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ иборат мебошад. Бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ, қисми сохтории шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ буда, дар мавриди таҳсил намудани зиёда аз 100 нафар донишҷўёни хориҷӣ дар ҳамаи шаклҳои таълим ташкил карда мешавад, ки дар айни замон дар донишгоҳ, зиёда аз 350 нафар донишҷӯён аз хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд. Бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо, қисми сохтории шуъба буда, бо мақсади таъмини ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотӣ-методии фаъолияти донишгоҳ оид ба таҳия, асосноккунӣ ва ҷалб намудани грантҳо, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо ин васила воридсозии донишгоҳ ба фазои байналмилалии таҳсилотӣ ва ҷалби воситаҳои иловагӣ барои рушди базаи моддӣ-техникии донишгоҳ мебошад. Дар айни замон, дар донишгоҳ, лоиҳаи фонди Аврупо Эрасмус + TRIGGER - ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия), дар ҳаҷми 702 252,5 сомонӣ ба муҳлати 2020-2024 татбиқ шуда истодааст. Тибқи шартномаи байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Хоҷагии қишлоқ ва тавозуни экологӣ бо Осиёи шарқӣ дар доираи барномаи ЛОГО ва PRAXX, (Ҷумҳурии Олмон), аз факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Олмон 6 нафар донишҷуён таҷрибаомӯзии тахассусӣ-истеҳсолӣ гузашта баргаштанд ва айни замон 10 нафар гузашта истодаанд ва 30 нафар донишҷӯён барои сафарбар гардидан, курсҳои забони олмониро омухта, омодагӣ дида истодаанд.
|
|