- Ҷаборов Абдулло Нуруллоевич
- Мудири кафедраи забон ва адабиёти рус
- 10.09.1976 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Email:
- Тел: (+992) 987-10-45-05
- Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/201
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ КАФЕДРА
Кафедраи забон ва адабиёти рус соли 2005 дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис дода шуда, бо мақсади таъмини намудани эҳтиёҷоти соҳаи маориф бо омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ фаъолияташро ба роҳ монд.
Аз фаъолияти кафедра имсол 15 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра ба кафедра олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба З. Мирзоев (солхои 2005-2009), М.Т. Тоҳиров (соли 2009-2011), номзади илми педагогика Д.Ҷ. Ғафурова (соли 2011-2013), номзади илми филология, А.А. Сайдмамадов (соли 2013-2015) саромӯзгор Б.К. Солиев (соли 2015-2016), саромӯзгор М.Р Файзов. (2016-2016), саромӯзгор А.Н. Ҷаборов (солхои 2017-2018), номзади илми филология А.Ш. Шарипова (соли 2018-2018) ва номзади илми педагогика И.С. Салимов (2018-2019) сарварӣ намуданд. Алъон роҳбарии кафедра ба уҳдаи саромӯзгор Ҷаборов А.Н. вогузор карда шудааст.
Кафедраи забон ва адабиёти рус ҳамқадами таълимгоҳ буда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Мақсади таъсиси кафедра, ба роҳ мондани таълими забон ва адабиёти рус аз рӯи нақшаи синхронӣ ва диахронӣ буда, дар як вақт амали гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва амали намудани “Барномаи давлатии омузиши забонҳои хориҷӣ”, алалхусус забони русӣ мебошад.
Рафти ҷаласаи кафедра
Фаъолияти илмӣтадқиқотӣ ва таълимӣ-методии кафедраи забон ва адабиёти рус васеъ буда, он дар доираи омӯзиши забони рус дар тамоми ихтисосҳои Донишгоҳ мувофиқи нақшаи таълими амалӣ карда мешавад.
Ҳайати омӯзгорони кафедра ба ҷуз амалӣ намудани барномаҳои таълимии ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, инчунин дар чорабиниҳои гуногуни умумидонишгоҳӣ, конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Кафедра бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, чун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Данғара робитаҳои самарабахш дорад.
Дар кафедра ҷиҳати омӯзиши фанҳои элективӣ – таърихи забони русӣ, назария ва амалияи тарҷума, робитаҳои адабӣ, услубшиносӣ, фразеология, ки дар тақвият бахшидани нутқи шифоҳӣ ва хаттии шогирдон саҳми арзанда доранд, маводҳои мултимедӣ ҷамъоварӣ шудааст. Омӯзгорони кафедра дар чорабиниҳои илмӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад менамояд.
Дар доираи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни “Фуруғи субхи доноӣ китоб аст” аз ҷониби кафедра як силсилачорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ гузаронида шудааст, ба мутолиаи осори классикони рус афзалият дода шуд.
Айни замон дар кафедра 11 нафар омӯзгор, аз ҷумла 5 нафар саромӯзгор ва 6 ассистент ба фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ машғуланд. Аз ин арқом 9 нафарро омӯзгори штатӣ ва 2 нафар ҳамкорони дохиль мебошанд.