Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

  • ТОИРЗОДА СУХРОБ ТОИР
  • Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
  • 15.11.1997 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: avliyogulov97@mail.ru  
  • Тел: (+992) 905-77-33-10
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯч.Маркази 25, к-1/310

 

  Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

          Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ҳамчун воҳиди сохтори идоравии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиномаи Донишгоҳи давлатии Данғара, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

  1. Интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  2. Ёрӣ расонидан ба раёсати донишгоҳ дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ–меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;
  3. Ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва озод намудани кормандон) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати муассис қарор доранд ва аз тарафи он тасдиқ мешаванд;
  4. Ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ, шахсони ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  5. Омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии донишгоҳ ва такмили ихтисоси онҳо;
  6. Иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳо дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандон;
  7. Иштирок дар кори комиссияи аттестатсионӣ;
  8. Тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;
  9. Омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
  10. Тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба;
  11. Омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ;
  12. Қабул ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо тибқи муқаррарот дар бойгонӣ ва ғайра.

 

Аз 1-уми ноябри соли 2023 вазифаи сардори шуъбаро Тоирзода Суҳроб Тоир ба уҳда дорад.

Ҳайати кормандони Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус:

   №

                Ном, насаб ва номи падар

                         В а з и ф а

  1

Тоирзода Суҳроб Тоир

Сардори шуъба

  2

Асоев Комилҷон Сунатуллоевич

Сармутахассис

  3

Назарова Дилафрӯз Шералиевна

Сармутахассис

  4

Шамсуддинзода Моҳбону Бобоҷон

Сармутахассиси бойгонӣ

  5

Қуйбоғарова Санавбар Ҳабибуллоевна

Сарнозир

  6

Аҳтамова Матлуба Қурбоновна

Нозир

   7

Раҷабова Тамано Абдулмаҷитовна

Мутахассиси бойгонӣ