TRIGER

Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ

ШАРИКОН:

•Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия)
•Донишгоҳи миллии Авруосиёи ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон)
•Донишгоҳи давлатии Атирау (Қазоқистон)
•Донишгоҳи Торайғиров (Қазоқистон)
•Донишгоҳи давлатии Термиз (Узбекистон)
•Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии Намангон (Узбекистон)
•Донишкадаи политехникии Ҷизах (Узбекистон)
•Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд (Узбекистон)
•Донишгоҳи давлатии Данғара (Тоҷикистон)
•Филиали донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе (Тоҷикистон)
•Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (Тоҷикистон)
•Донишгоҳи давлатии Данғара (Тоҷикистон)
•Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI Вена (Австрия)
•Донишгоҳи Кот д'Азур (Фаронса)
•Донишгоҳи ASTRA (Словакия)
IDEC (Афина)

ҲАДАФ:
Мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид; беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкардагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

ТАВАҶҶУҲ:

  • Рушди захираҳои инсонӣ
  • Устувории бозори меҳнат

ПАЁМАД:
- Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омода намудани мутахассисони соҳаи соҳибкорӣ бо ғояҳои инноватсионӣ;
- Рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои иштирокчиёни лоиҳа дар раванди ташкили таҳсилоти мукаммали соҳибкорӣ;
- Ташкил/васеъ намудани хизматрасониҳо дар самти касбомӯзӣ, кортаъминкунӣ ва соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои 
  иштирокчиёни лоиҳа;
- Таҳкими муносибатҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар муҳити иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

АФЗАЛИЯТҲО:
- Рушди сектори таҳсилоти олӣ дар ҷомеа: ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо ва корхонаҳо;
- Лоиҳаи ТРИГГЕР  дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ амал намуда,  дар амалигардонии он  кишварҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон
  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

ДАСТГИРӢ:
- Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ барои  донишҷӯён;
- Талқини соҳибкорӣ;
- Бо кор таъмин намудани хатмкардагон.

 

ТАМОС БО МО:

  • Email: natasa.urbancikova@tuke.sk
  • Facebook: trigger-project-2021
  • Instagram: trigger-project-2021
  • Telegram: t.me/triggerproject
  • VKontakte: trigger_project
  • Twitter: projecttrigger

http://dsu.tj/Content/files/126bfa16-b256-4e7f-b089-c99135479962.png

http://dsu.tj/Content/files/2f3c73e0-7aa9-4a0f-ba59-17425239f7fa.png



Ҳисобот оиди семинари маҳаллӣ/бозомӯзӣ
дар самти пешбурди шуғли хатмкунандагон ва муассисаҳои олӣ – ташкили ҳамкориҳои ширкат барои кормандоне, ки дар мансаб, шуғл ва хизматрасониҳои корхона машғуланд

Ҷойи баргузории семиинари омӯзишӣ: Донишгоҳи давлатии Данғара
Мавзӯи трейнинг: "Бозомӯзӣ дар самти пешбурди шуғли хатмкунандагон ва муассисаҳои олӣ – эҷоди ҳамкории ширкат барои кормандоне, ки ба мансаб, шуғл ва хизматрасониҳои корхона машғуланд".
Ҳадафи омӯзиш/трейнинг: Мақсад аз гузаронидани ин тренинг баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорони МТОКҳо ба ҳисоб меравад:
1. Роҳҳои ҷалби корхонаю ширкатҳо бо мақсади муаррифии маҳорати касбии хатмкунандагон.
2. Намояндагии корхонаҳои вилоят/ноҳия барои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон.
3. Ташкили марказҳои иттилоотӣ барои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон.
4. Ташкили вохуриҳо бо намояндагони корхонаю ширкатҳо бо максади шинос намудани хатмкунандагон.

Сана: 26.09.2022 - 27.09.2022
Давомнокӣ (бо соат): 12 соат (1,5 рӯз).
Шумораи иштирокчиён: зиёда аз 33 нафар
Ҳамоҳангсози омӯзиш ва тамосҳо: Ҷумъахонзода Навруз Ҷумахон - Сардори маркази бақайдгирӣ ва низоми назорати пардохти шартнома, Tel: +992935538080, E-mail: navruz_87@bk.ru

Шунавандагонро тавсиф намоед (замина, мавқеъҳо ва ғайр):
Омӯзиш барои омӯзгорон ва кормандоне, ки барои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон мусоидат мекунанд, ташкил карда шуд. Пеш аз оғоз шудани машғулият ба ҳамаи шунавандагон огоҳ карда шуда, ки дар давомнокии семинар 1,5 рӯз дар назар дошта шудааст, ки кормандон метавонанд аз кори донишгоҳ озод бошанд. Дар рафти семинар ҳамаи шунавандагон фаъол буданд.

Ҳаҷми тренинг (мавзӯъҳои асосии фаро гирифташуда):
Аз оғоз ҳамоҳангсози лоиҳаи Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – "Ҷалби равандҳои инноват-сионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ" дар донишгоҳ тренингро оғоз намуда, дар бораи лоиҳаи TRIGGER маълумот дод.
Сипас, мавзӯъҳои омӯзиш оғоз ёфт: Ташкили равзанаи ягонаи корхонаҳо барои дарёфти ҷойи кор барои хатмкунандагон, ки аз ҷониби тренер Ҷумъахонзода Наврӯз гузаронида шуд. Дар ҷаласа аҳамияти эҷоди равзанаи ягона ширкатҳо барои дарёфти ҷойи кор ба хатмкунандагон муаррифӣ карда шуд.
Семинари рӯзи дуюм дар бораи ҷалби корхонаҳо ва ширкатҳо бо мақсади муаррифии маҳорати касбии хатмкунандагон буд, ки муаллифи он маърӯзачӣ Қудратзода Парвиз Қудрат - муовини ректор оил ба таълим ва идораи сифати таҳсилот мебошад. Ба иштирокчиён дар бораи роҳҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот дода шуд. Пас аз муаррифӣ манфиатҳои муҳими марказҳои додаҳо ба иштирокчиён фаҳмонда шуд. Албатта, он барои иштирокчиён шавқовар ва пурсамар буд.
Рӯзи дигар Алимов Насим Олимович - муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва мобилияти академӣ иштирокчиёнро бо мавзӯи: "Ҷалби донишҷӯён ба бозори озоди меҳнат бо мақсади ба даст овардани фоида" ва Ҷумъахонзода Наврӯз иштирокчиёнро бо мавзӯи «Ташкили курсҳои сертификатсия бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш хатмкунандагон» муаррифӣ намуданд.

Методология (намуди чорабинӣ, онлайн/офлайн, усулҳои истифодашуда):
Тренинг дар реҷаи офлайн сурат гирифт. Дар рафти тренинг усулҳои зерин истифода шуданд: Муошират, Муҳокима, Бозиҳои расмии касбӣ, Саволу Ҷавоб. Усулҳои дар боло зикршуда самараи хуб доданд.

Натиҷаҳои омӯзиш:
Дар рафти машғулият иштирокчиён хеле фаъол буданд. Онҳо ба мавзӯъҳои муҳокимашуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Илова бар ин, онҳо дар варақаҳои баҳодиҳӣ, ки дар зер оварда шудаанд, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд: тренинг дар сатҳи олӣ гузаронида шуд, ки дар он мавзӯъҳои интихобшуда пурра баррасӣ шуданд; Тренерҳо барои пешниҳоди малака ва донишҳои худ усулҳои гуногуни муфид ва ҷолибро истифода бурданд, ки ба ҳадафҳои лоиҳа комилан ҷавобгӯ буданд.

Арзёбии омӯзиш - натиҷаҳо аз саволномаи арзёбӣ:
26/33 иштирокчиён варақаи арзёбӣро пур карданд. Арзёбии натиҷаҳои омӯзиш дар Ҷадвали 1 ва Диаграммаи 1 нишон дода шудааст.

Ҷадвали 1.
 

  1 2 3 4 5
    То чӣ андоза чорабинӣ ба интизориҳои Шумо мувофиқат кард 2       20
    Мутобиқати мавзӯъҳои рӯзнома ба унвони чорабинӣ   2   6 18
    Паҳкунӣ/Интиқоли суханронӣ 2       24
    Фароҳам овардани имкониятҳои шабакавӣ 4 4   4 14
    Муҳокима дар ҷараёни семинар 2     4 20


Аксҳо аз ҷараёни семинар/омӯзиш дар доираи татбиқи лоиҳаи Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноват-сионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ "Бозомӯзӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли хатмкунандагон ва муассисаҳои олӣ – ташкили ҳамкориҳои ширкат барои кормандоне, ки дар мансаб, шуғл ва хизматрасониҳои корхона машғуланд".

http://dsu.tj/Content/files/8f3fde17-dc82-451f-b3c2-cf9b103a58f6.png
http://dsu.tj/Content/files/301c91ed-0807-47e5-909a-ffa011d0bf19.png
http://dsu.tj/Content/files/c00f78f0-86d5-447a-88d5-9e154fb7ea85.png

 



ҲИСОБОТ ОИД БА ОМОДАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ОЛИИ КАСБӢ БО МУШКИЛОТИ ОЯНДА (ГУРӮҲИ КОРИИ №1)
Дар татбиқи лоиҳаи "Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноват-сионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ" дар соли 2022.
Дар ҳисобот рӯйхати ширикони лоиҳаи ТРИГГЕР бо номи Муассисаи таълимии олии касбӣ ва кишвараш оварда шудааст. Инчунин маълумот дар бораи Донишгоҳи давлатии Данғара ба пуррагӣ оварда шудааст.
Шумо метавонад Ҳисоботи мазкурро дар шакли ПДФ аз линки дар поён варда шуда дастрас намоед дастрас намоед.

Ҳисоботи гуруҳи кории 1 (ГК1) дар шакли ПДФ
Ҳисоботи гурӯҳи кории 2 (ГК2) дар шакли ПДФ

 



http://dsu.tj/Content/files/df7febce-face-406e-be03-a8e333f827b8.png

Давраҳои ҳисоботӣ

  • Давраи ҳисоботии 1-ум: аз 15.1.2021 то 14.07.2021
  • Давраи ҳисоботии 2-юм: аз 15.7.2021 то 14.1.2022
  • Давраи ҳисоботии 3-юм: аз 15.1.2022 то 14.7.2022
  • Давраи ҳисоботии 4-ум: аз 15.7.2022 то 14.10.2022
  • Давраи ҳисоботии 5-ум: аз 15.10.2022 то 14.1.2023
  • Давраи ҳисоботии 6-ум: аз 15.1.2023 то 14.1.2023
  • Давраи ҳисоботии 7-ум: аз 15.7.2023 то 14.1.2024

http://dsu.tj/Content/files/0065cfcf-5fb6-46cb-919e-84a167c7f198.png 



Ба хонандагон ва аъзоёни гурӯҳи лоиҳаи ТРИГГЕР мерасонем, ки айни ҳол дар саҳифаи сомонаи лоиҳа 2-ЮМИН МАҶАЛЛА бо 4 забон оиди татбиқи лоиҳа ҷой дода шудааст ва Шумо метавонед аз нишонаи дар поён овардашуда истифода бурда, ба корҳои анҷомдодашудаи лоиҳаи ТРИГГЕР шинос шавед.

http://dsu.tj/Content/files/f668b43c-c457-49a0-8327-783d7971927c.png

2-ЮМИН МАҶАЛЛА бо забони тоҷикӣ
2-ЮМИН МАҶАЛЛА бо забони англисӣ
2-ЮМИН МАҶАЛЛА бо забони қазоқӣ
2-ЮМИН МАҶАЛЛА бо забони узбекӣ

 



Ба хонандагон ва аъзоёни гурӯҳи лоиҳаи ТРИГГЕР мерасонем, ки натиҷаи ҳисоботҳои ниҳоии лоиҳаро дар саҳифаи сомонаи лоиҳа ҷой дода шудааст ва Шумо метавонед аз натиҷаҳои ҳисоботҳои мазкур шинос шавед.

D1.2 Report on preparedness of DSU, TJ
D2.1. Report on entrepreneurial education_eng_DSU_TJ
D2.1. Report on entrepreneurial education_TJ_DSU_TJ

D3.1 Report on graduate’s employability support DSU, EN

 

 



Ҳисобот оид мушкилоти асосӣ ва роҳҳои ҳалли ба ҷойи кор таъмин ва ҳозиршавии хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи TRIGGER – "Ҷалби равандҳои инноват-сионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои  донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ"

Ҳисобот оиди мизи мудавварEN

 



Гурӯҳи кории №2: Баланд бардоштани таълим ва рушди малакаҳои соҳибкорӣ

D 2.2. Ҳисобот дар бораи татбиқи курсҳои мукаммалгардидаи салоҳиятҳои соҳибкорӣ



Гурӯҳи кории №3: Таъсис/Такмили мансаб, шуғл ва хизматрасонии корхона дар Донишгоҳи давлатии Данғара

D 3.3 Дастурамал барои баланд бардоштани қобилияти шуғли хатмкунандагон дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)



Гурӯҳи кории №3: Таъсис/Такмили мансаб, шуғл ва хизматрасонии корхона дар Донишгоҳи давлатии Данғара

D 3.2 Дастур оид ба мансаб, шуғл ва хидматрасонии корхона



Гурӯҳи кории №2: Баланд бардоштани таълим ва рушди малакаҳои соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара

D 2.1 Ҳисобот дар бораи вазъи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба таҳсилоти соҳибкорӣ, талаботи бозори меҳнат ва номутобиқатии (номувофиқатии) дониш/маҳорат