|
|
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ Факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ аз соли таъсисёбии филиали ДАТ дар ноҳияи Данғара (2005) бо номи факултети агротехнологӣ таъсис ёфта буд. Соли 2013 факултети агротехнологӣ номи аграриро гирифт. Дар соли 2016 бошад бо истифода додани баъзе ихтисосҳои нав бо худ номи аграрӣ ва истифодаи захираҳои табииро гирифт ва аз соли 2022 номи факултет аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ гузошта шуд. Факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос аз қабили агроном, агроном-иқтисодчӣ-менеҷер, технолог-иқтисодчӣ-менеҷер, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ, тибби байторӣ, тибби байторӣ-фарматсевт, технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, метрология, стандаткунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ) машғул аст. Дар факултет 17 омӯзгор, аз ҷумла 1 нафар доктори илм, 8 нафар номзади илм, 4 нафар муаллими калон ва 4 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд. Сохтор ва зерсохторҳои имрӯзаи факултет мутобиқ бо мақоми факултетҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шуда, дар заминаи низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунанд. Самти таълим, илм, тарбия, тибқи сохтори факултет эдвайзер оид ба таълим, эдвайзер декан оид ба тарбия ва мудирони кафедра пеш мебаранд. Дар сохтори факултет айни замон 2 кафедра фаъолият менамояд:
ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТ БО ДИГАР МУАССИСА, КОРХОНА ВА ХОҶАГИҲO
Конференсияи илмию амалӣ бо иштироки профессорони ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва намояндагони АИКТ Иштироки фаъоли донишҷӯёни факултет дар корҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ Ҳамкориҳои илмӣ бо олимони соҳаи растанипарварӣ ва чорводории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва институти чорводории АИКТ Семинари илмию амалӣ бо иштироки намояндагони олимони АИКТ ва хориҷи кишвар |