|
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ Факултети молия ва иқтисод дар заминаи факултетҳои иқтисодӣ (солҳои 2005-2016), Иқтисодиёти инноватсионӣ (2016-2017), идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва иқтисодиёти инноватсионӣ (2017-2018), Иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ (2018-2019), муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва технологияҳои муосир (2019-2021), сармоягузорӣ ва менеҷменти байналмилалӣ (2021-2023), Иқтисодиёти миллӣ ва рушди сайёҳӣ (2021-2023), бехатарии молиявӣ ва фаъолияти бонкӣ (2021-2023), аз 10.04.2023 таъсис ёфтааст. Сохтори факултет аз Шурои олимон, садорат, Шурои илмӣ-методӣ, эдвайзери таълим, тарбия ва 3 кафедра, Шурои кураторон ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён иборат мебошад. Садорати факултети молия ва иқтисод фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон », Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст. Кафедраҳои тобеи факултет: 1. Кафедараи молия ва фаъолияти бонкӣ – мудири кафедра н.и.и. Сафаров Қ.С. 2. Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ – мудири кафедра н.и.и. Раҳматов Б.К. 3. Кафедраи иқтисод ва идора – мудири кафедра н.и.и. Раҳимзода М.Н. Раванди таълим дар факултет тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки дар асоси талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар факултет дар 21 синфхона, аз ҷумла 1 синфхонаи лоиҳавӣ ва як синфхон,и компютерӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати омӯзгорон дар факултет 33 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 2 нафар доктори илм, 7 нафар номзади илм, 11 нафар муаллими калон ва 13 нафарро ассистентон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии донишҷӯёни факултет дар соли таҳсоли 2023-2024, 956 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 848 нафар писарон ва 108 нафар духтарон мебошанд. ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ Дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҳисоби донишҷӯён 3 нафар дар озмуни Ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат варзида, сазовори ҷоиза ва ифтихорномаҳо гардиданд. ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТ БО ДИГАР МУАССИСАҲO Факултет ва кафедраҳои тобеи он бо муассисаҳои илмию таълимии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии тоҷикистон, интитутҳои илмӣ-таҳқиқотии тобеи он, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориҳои зич дорад.
|