Факултети филология ва рӯзноманигорӣ

 

  • Ҳасанов Фарҳод Зикируллоевич
  • Декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ
  • Номзади илмҳои педагогӣ
  • 7.08.1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: farxod-xasanov@inbox.ru
  • Тел: (+992)988-12-51-56
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

  • Одинаев Саломиддин Шовалиевич
  • Эдвайзер оид ба таълим
  • 31.08.1986  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: Salomiddin.87@mail.ru
  • Тел: (+992) 909-16-55-16
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

  • Зуҳурзода Бахтиёр Исматулло
  • Эдвайзер оид ба тарбия
  • 18.08.1990  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: bakhtiyor zuhurzoda@mail.ru
  • Тел: (+992) 555-52-78-10
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

  • Бойтуров Рамазон Ашурович
  • Оператор-ҳуҷҷатнигори факултет 20.11.1970 с.т.,  Ҷумҳурии Тоҷикистон                       
  • Тел: (+992) 884-00-03-68
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

 

 

                                                                  МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

            Факултети филология ва рӯзноманигорӣ яке аз факултетҳои пешоҳанги донишгоҳ буда, таърихи басо пурифтихор дорад. Бо таъсиси факултети мазкур дар сохтори филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъминоти кадрии муассисаҳои маъорифу фарҳанг ва матбуоту расонаҳои ахбори умум дар қаламрави вилояти Хатлон як дараҷа ҳаллу фасли худро пайдо намуд.

            Нахустин декани факултети забонҳои хориҷӣ, номзади илми филология З. Мирзоев буданд. Баъдтар ба ин вазифа номзади илми филология Д.С. Қодиров  пазируфта  шуд. Пас аз он декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ Самардинов Қ.Н. таъйин шуда, айни ҳол декании факултетро н.и.п. Ҳасанов Ф.З. роҳбарӣ менамояд.

            Сохтори имрӯзаи факултети филология ва рӯзноманигорӣ  аз Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ, декани факултет, эдвайзер оид ба таълим, эдвайзер оид ба тарбия ва чор кафедра иборат мебошанд.

  1. Кафедари забон ва адабиёти тоҷик – мудири кафедра д.и.ф., профессор Саидҷаъфаров О.Ш.
  2. Кафедраи забонҳои хориҷӣ – мудири кафедра н.и.ф. Усмониён Н.У.
  3. Кафедраи забон ва адабиёти рус – мудири кафедра муаллими калон Ҷаборов А.
  4. Кафедраи рӯзноманигорӣ -  мудири кафедра н.и.ф. Олимиён С.Ш. иборат мебошад.

 

          Раванди таълим дар факултет тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки дар асоси талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  гардиданд, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар факултет дар 11 синфхона, аз ҷумла дар 9 синфхонаи дарсӣ (4 синфхонаи муҷаҳҳаз ба технологияи муосир компютерӣ) ва 2 утоқи лингафонӣ ба роҳ монда шудааст.

                                                         Ҳайати омӯзгорон дар факултет 45  нафарро ташкил медиҳанд.

          Аз ин шумора 1 нафар доктори илм, 17 нафар номзади илм, 11 нафар муаллими калон ва 16 нафарро ассистентон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии донишҷӯёни факултет дар соли таҳсоли 2023-2024, 492 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 226 нафар писарон ва 266 нафар духтарон мебошанд.

 

                                                                                             ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ

Ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

  1. Сазовори ҷойи якум, Саъдуллоев Диловар омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ дар Номинатсияи эҷоди назму наср дар бахши шеър.
  2. Сазовори ҷойи сеюм, Саъдуллоева Муродгул омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Номинатсияи эҷоди наср дар бахши шеър.
  3. Сазовори ҷойи сеюм, Шодигули Манучеҳрдухт донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ. 

 

                                                                        ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТ БО ДИГАР МУАССИСАҲO

       Факултет ва кафедраҳои тобеи он бо муассисаҳои илмию таълимии Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи улуми инсонии ба номи Б. Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои факултетҳои филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия робитаҳои самарабахши илмиву таълимиро ба роҳ мондааст.