Кафедраи технология ва стандартизатсия

 

 

  • Қаҳоров Давлатшо Раҳмонович
  • Мудири кафедраи техноогия ва стандартизатсия
  • 20.11.1965 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: b.rasulov@mail.ru
  • Тел: (+992) 918-92-77-63
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 25, б-3/303

                            

                                                                                                    Таърихи кафедра технология ва стандартизатсия

           Кафедраи технология ва стандартизатсия зодаи даврони навин буда, аз соли 2016 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун ( соли 2016- кафедраи технологияи нассоҷӣ ва дизайн, соли 2018 дар назди факултети идораи навгониҳо, сармоягузорӣ  Донишгоҳи давлатии Данғара кафедраи дизайн, индустрияи муд ва идораи биржаҳои истеҳсолӣ  бо шумораи 5- омузгор, ва соли 2024 кафедраи технология ва стандартизатсия  таҳсис дода шуда буд) арзи ҳастӣ дорад. Кафедраи номбурда барои ихтисосҳои дизайнери костюм ва газвор, мутахасисони соҳаи стандартизатсия, технологияҳои коркарди  нассоҷӣ, ва ихтисосҳои амалкунандаи равияи муҳандиси ДДД таълим медиҳад. Аз соли 2024 ба кафедраи мазкур  омӯзгори калон Қаҳоров .Д.Р роҳбарӣ менамояд. Дар кафедраи технология ва стандартизатсия аз рӯи  ихтисоси зинаи бакалавр кадрҳо омода карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки  кадрҳои тайёрнамудаи ин кафедра ба талаботи тақозои  бозори  меҳнат ҷавобгу   мебошад. Ҳамасола кафедра дар конференсияҳои  илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ, байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад. Дар кафедра  ихтисосҳои:  

    1-19010105 Дизайн (костюм ва газвор)

    1-54010104 Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия

    1-50010101 Ресидани нахи табиӣ

     1-50010103  Коркарди аввалин ва ресидани тору пуд,

     ва синфхона оид ба таҷҳизотҳои  дузандагӣ фаъолият мекунад.

 

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2023-2024

        Дар кафедраи мазкур як номзади илм, чор муаллими калон ва ду ассистент кор ва фаолият мекунанд аз ҷониби омӯзгорон як қатор дастуру васоити таълим, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, зиёда аз 6 дастуру васоити таълим,3 нахуст патент дар соҳаи ихтироот ва  40 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст.

Кафедра бо корхонаи дузандагии ҶДММ “Сфати саноат” , Ҷаъмияти саҳоми пушидаи Ҷжунтай Данғара Син Силу текстил ва дигар корхонаҳо шатмомаҳои ҳамкори дорад.

           Дар оянда роҳбарияти факултет ва кафедра тасмим гирифтаанд, ки ихтисосҳои оид ба самти саноати сабук ва коркарди матоъ гурҳҳои нав ташкил дода довталабонро ба ин ихтисосҳо ҷалб намоянд.