Раёсати таълим

 

  • Қодиров Дилшод Сайдаллоевич
  • Номзади илмҳои филологӣ
  • Сардори раёсати таълим
  • 30.03.1980 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: kodirov_8080@mail.ru
  • Тел: (+992) 93-133-07-77
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/310

 

  • Хоҷаев Насим Саидович 
  • Муовини сардори раёсати таълим
  • 28.01.1994 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: Nasim-93-93@mail.ru
  • Тел: (+992) 939-99-31-99
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/311

 

  • Эмомов Зафар Амирович
  • Сармутахассис

 

  • Ёрова Санавбар Абдуназаровна
  • Мутахассис

 

  • Асоев Аззизуло Азаматуллоевич
  • Сармутахассис

 

  • Саидов Сайҷалол Абдуғафорович
  • Мутахассис

 

РАЁСАТИ ТАЪЛИМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИ ДАНҒАРА

           Дар самти банақшагирӣ, ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ сохтори раёсати таълим мақоми хосса дорад. Сохтори мазкур ба мақсади муназзам гардонидани корҳои таълимию методӣ, ташкил ва идоракунии фаврии ҷараёни таълим, банақшагирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии донишгоҳии раванди таълим фаъолияташро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар сохтор 11 воҳиди корӣ (сардори раёсат, муовни сардори раёсат сармутахассисони раёсат, мутахассиси раёсат, мудири шуъбаи мониторинг ва  идораи сифати таълим, сармутахассиси шуъба, мутахассисони шуъба, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, мутахассиси шуъба) дар танзими масоили ҷараёни таълим муваззаф гардиданд. Фаъолияти раёсати таълим, ки дар кори худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад, барои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №562), Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526), Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.06.2018, №306), Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳайати мушовара аз 29 январи соли 2021, №2/21), Дастурамал оид ба тартиби амалишавии таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022, №12/4), «Оинномаи ДДД», низомномаҳои соҳавӣ, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шурои олимон ва Шурои илмию методӣ, инчунин дастурҳои муовини ректор оид ба таълим, ки ҳама самту мундариҷаи ҷараёни таълимро инъикос менамоянд, нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки таснифоти номгӯйи тахассусҳо, муайян кардани фанҳои таълимии кафедраҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, ҷадвалҳои раванди таълим, машғулиятҳои дарсии ҳама шаклҳои таҳсил, таҳияи лоиҳаи фармоишҳо ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм, таҳлили давомот ва ҳаракати донишҷӯён, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усул ва шеваҳои навини таълим, такмили сифати таълим ва бозомӯзии омӯзгорон, банақшагирӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати профессорон ва омӯзгорон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ ва пешаздипломӣ самтҳои афзалиятноки кори ин ниҳодро ташкил медиҳад.

Бо ташаббуси раёсати таълим нақшаҳои таълимии дараҷаи бакалавр: аз рӯйи 49 дар таҳсилоти рӯзона ва 34 ихтисос дар таҳсилоти ғоибонаву фосилавӣ; нақшаҳои таълимии дараҷаи магистр аз рӯйи 12 ихтисос бо назардошти талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №562) тасдиқ гардида, ба мавқеи иҷро вогузор карда шудаанд.

Донишгоҳ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти сохтор ва ҷараёни таълим баҳри барқарор кардани анъанаҳои самаровари таълимию методӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан ба номи И.Т. Трубилин, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав, Донишгоҳи миллии тадқиқотии Тошкант, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии техникии Тошкант ба номи Ислом Каримов, Донишгоҳи давлатии Тирмиз,  Донишгоҳи давлатии Гродний ба номи Янки Купала,  Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П.О. Сухо, Донишгоҳи давлатии Полотский ба номи Ефросиний, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А.С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белоруссия, Донишгоҳи давлатии техникии Белоруссия,  Донишгоҳи илм ва технологияи Хуан ва Донишгоҳи Нингбо қарордодҳои дуҷониба оид ба ҳамкорӣ бастааст. Раёсати таълим ҷиҳати ҷуброни камбуди кадрӣ ва беҳтар гардонидани сифати таълим мутахассисону олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро ба сифати устодони ҳамкор ва соатбайъ ҷалб менамояд.

Раёсати таълим вусъати доираи мутахассистайёркунии донишгоҳ, аз рӯйи афзудани теъдоди ихтисосҳо, кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ, факултетҳоро пайваста таҳлил менамояд.