- Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ
- Номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент
- Сардори раёсати илм ва инноватсия
- 10.12.1971 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Email: b.rasulov@mail.ru
- Тел: (+992) 902-06-71-06
- Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 25, б-3/208
Кафедраи агротехнология
Кафедраи агротехнология аз соли таъсисёбии филиали ДАТ дар ноҳияи Данғара (соли 2005) ба фаъолият шуруъ намуда буд. Дар соли аввали фаъолияташ бо номи кафедраи технологӣ маълум буд. Баъдан соли 2008 бинобар сабаби ихтисоси нав (агрономӣ) кушода шудан номи технологӣ ва агрономиро мегирад. Аз соли 2005 то соли 2009 роҳбарии кафедраро Амирқулов Х. ба зима дошт. Аз соли 2009 то моҳи августи соли 2016 роҳбарии кафедра ба зимаи н.и.к. Саидзода Р.Ф. гузошта шуда буд. Аз сентябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2017 роҳбарии кафедраи зикршуда ба зимаи Музафарзода Д.М. вогузошта шуда буд. Аз сентябри соли 2017 то соли 2022 роҳбарии кафедраро н.и.к., дотсент Ҳафизов А.А. ба зима дошт. Аз соли 2022 то ҳоло роҳбарии кафедраро н.и.к., дотсент Музафарзода Д.М. ба уҳда дорад. Дар тули фаъолияташ кафедраи зикршуда чандин маротиба та ғйири ном кардааст. Масалан: дар соли 2005 то соли 2008 бо номи технологӣ, соли 2008-2009 технологӣ ва агрономӣ, соли 2009 то сентябри соли 2013 зироаткорӣ ва агрономӣ, аз сентябри соли 2013 то августи соли 2016 асосҳои агрономӣ ва аз сентябри соли 2016 то соли 2020 бо номи кафедраи истифодабарии замин ва агротехнология, давоми солҳои 2020-2023 агроэкология, механиконӣ ва технологияҳои кишоварзӣ, аз соли 2023 то ҳоло бо номи агротехнология фаъолият дорад.
Айни замон дар кафедраи агротехнология як нафар доктори илм, (Расулзода Б.Р.) шаш нафар номзади илм ( Ҳафизов А.А., Бобоев А.А., Камолов Ш. Ғ., Мирализода Ҷ.Р., Саидов Ф.М.), се нафар муаллими калон (Шарифзода Ҷ.Ш., Сафарализода С.С., Ҳалимов Х.А.) ва се нафар ассистент (Тураев Ш.Х., Қурбонов О.Р., Сатторов Ш.А.) ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию таҳқиқотӣ маш ғуланд. Дар кафедра мавзуъҳои «Аҳамияти гирифтани ду ҳосили дони зироатҳои ғалладонагию лӯбиёдонагӣ», “Асоснокнамоии илмии гирифтани ду-се ҳосили зироатҳои кишоварзӣ” «Омӯзиши киштҳои омехта дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ», «Маҳсулнокии навъҳои зироатҳои лӯбиёдонагӣ вобаста ба истифодаи нуриҳои органикию минералӣ» мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Омӯзгорони кафедра муаллифони китобҳои дарсӣ (генетика, сабзавотпарварӣ, ҳифзи химиявии наботот, карантинии растаниҳо, фитопатологияи кишоварзӣ, асосҳои биологии кишоварзӣ) ва дигар дастурҳои таълимю методӣ мебошанд. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ бо чунин олимони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ватанӣ (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Институти илмию таҳқиқотии зироаткорӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон) ҳамкориҳои илмӣ доранд.
Мудири кафедра Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ номзади илмҳои кишоварзӣ (2017), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2020), Ҷоизадори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2020), Ҷоизадори Ҷоизаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон (2020), Дотсент (2021) ва аз 15-уми августи соли 2023 профессори Академияи илмҳои табиатшиносии федератсияи Россия мебошад. Муаллифи беш аз 130 асару мақолаҳои илмию таълимӣ, аз он ҷумла 5 китоби дарсӣ бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 монографияи илмӣ, 35 дастури таълимӣ ва методӣ мебошад. Корҳои илмию таҳқиқотиаш оид ба гирифтани ду ҳосили дони зироатҳои ғалладонагию лӯбиёдонагӣ ва гирифтани се ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар шароити мавзеи Данғара бахшида шудааст.
Маълумоти оид ба ҳайати омӯзгорони кафедра
- Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ н.и.к., дотсент, мудири кафедра;
- Ҳафизов Абунасир Абдукаримович н.и.к., дотсент, декани факултети аграрӣ;
- Расулзода Бахтиёр Раҳмонберди д.и.к., дотсент;
- Бобоев Абдумусобир Абдулфайзович н.и.к., и.в. дотсенти кафедра;
- Камолов Шуҳрат Ғоибович н.и.к., и.в. дотсенти кафедра;
- Мирализода Ҷовид Раҷабали н.и.к., и.в. дотсенти кафедра;
- Саидов Фахриддин Муминович н.и.к., муаллими калони кафедра;
- Шарифзода Ҷумъахон Шариф, муаллими калони кафедра;
- Ҳалимов Холмурод Азизуллоевич, муовини декан оид ба тарбия;
- Сафарализода Саиднуриддин, муаллими калони кафедра;
- Тураев Шоҳрух Хизматович, ассистенти кафедра;
- Қурбонов Олимҷон Рамазонович, ассистенти кафедра;
- Сатторов Шерали Амиралиевич, ассистенти кафедра.
Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ
Кормандони кафедраи агротехнология муаллифи якчанд китобҳои дарсӣ (Генетика, Сабзавотпарварӣ, Ҳифзи химиявии Наботот, Карантини растаниҳо, Усулҳои парвариши зироатҳои полизӣ ва бодиринг), монографияҳои илмӣ, воситаҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ мебошанд.