Кафедраи тибби байторӣ

                

  • Шарипов Маҳмадулло Азизович
  • Номзади илмҳои ветеринарӣ, и.в. дотсент,
  • Мудири кафедраи тиббӣ - байторӣ
  • 01.07.1957с.т, Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • E-mail: Mahmad1957@bk.ru
  • Тел. 990-04-07-57; 935-31-21-46.
  • Суроға: н. Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, б-3/307

 

                                Кафедраи  Тиббӣ - байторӣ

            Мудири кафедра Шарипов Маҳмадулло Азизович - номзади илмҳои ветеринарӣ, и.в. дотсент. Кафедраи  тиббӣ - байторӣ соли 2023 дар заминаи кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тиббӣ - байторӣ ташкил шудааст. Дар кафедра айни замон 4 нафар кормандони доимӣ, 2 нафар ҳамкорони берунӣ, 3 нафар ҳамкорони дохилӣ фаъолият менамоянд. Дар кафедра 1 нафар доктори илмҳои ветеринарӣ ва 1 нафар номзади илмҳои ветеринарӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин 3 нафар унвонҷуён дар ҷустуҷуи илм фаъолияти илмӣ доранд. Дар кафедра аз  руи 38 фанни таълимӣ машғулиятҳо  гузаронда  мешаванд. Кафедра асосан аз руи ихтисоси тиббӣ - байторӣ мутахассисон тайёр менамояд. Дар назди кафедра озмоишгоҳи микробиология ва вирусология амал мекунад, ки он бо маводу таҷҳизотҳои дарсгузарӣ муҷаҳҳаз буда, дарсҳои амалӣ аз фанни микробиология гузаронда мешаванд. Инчунин мувофиқи шартномаи тарафайн миёни Донишгоҳ ва Маркази таъминоту ташхиси озуқавории ноҳияи Данғара қисме аз машғулиятҳои амалии фанҳои тахассусӣ дар озмоишгоҳи Марказ гузаронда мешавад, ки донишҷуён донишҳои амалии худро бо таҳқиқотҳои озмоишӣ пайваст менамоянд.

Кормандони кафедра дар мавзуҳои гуногун оид ба омӯзиш, табобату пешгирии касалиҳои чорвою  паранда ва моҳӣ таҳқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд.

      Мавзуи илмии кафедра Маҷмуи чорабиниҳои табобатию ташхисӣ оид  ба пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвоноти кишоварзӣ ва паранда дар ноҳияи Данғара мебошад, ки ба пешгирию аз байн бурдани баъзе бемориҳои парранда дар ноҳия равона карда шудааст.

            Ихтисоси тиббӣ - байторӣ соли 2016 дар назди кафедраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тибби байторӣ таъсис ёфтаст. Аз соли 2016 сар када  кафедраро омӯзгорони зерин сарварӣ намудаанд:

Соли 2016-муаллими калон Исупов Ҷ.Ш.(Шарифзода Ҷ.Ш); солҳои 2017-2020 – н.и.к. Камолов Ш.Ғ.; солҳои 2020-2021-  муаллими калон Сафарова Ф.; солҳои 2021-2022-  муаллими калон Зарифов Н.М., н.и.к., дот. Музаффарзода Д.М.; Аз моҳи октябри соли 2022 то инҷониб сарварии кафедраро н.и.в., и.в. дотсент Шарипов М.А. ба уҳда дорад.

Бояд зикр намуд, ки кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгу ба бозори меҳнат аз ҳама шароитҳои мавҷудбуда васеъ истифода мебарад. Ҳамасола кафедра дар конференсияҳои илмиву амалии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, ва байналмиллалӣ иштироки фаъолона дорад.

Ихтисосҳои дар назди кафедра амалкунанда:

  1. 1-1-740302-тибби байторӣ - бакалавр
  2.  1-740372 тибби байтор-фармасевт- бакалавр

                      

                         Ҳайати омӯзгорони кафедра

1.Шарипов Маҳмадулло Азизович- н.и.в., и.о.дотсент, мудири кафедра, асосӣ;

2. Сангалиев Ашуралӣ- муаллими калон, асосӣ;

3.Давлатов  Илҳом Маҳмадсаидович, ассистент, асосӣ;

4. Эсанов Садриддин Тошмуҳаммадович-  муаллими калон, ҳ. дохила.

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотии кафедра    

 Дар давоми фаъолияти худ дар кафедра аз ҷониби омӯзгорони соҳаи байторӣ як қатор дастуру васоити таълимии тахассусӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ- 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, 1 тавсияи илмӣ,  зиёда аз 6 дастуру васоити таълим,6 мақолаҳои илмии тақризшаванда ва 8 мақолаҳои илмӣ дар журналҳои илмӣ оммавии ҷумҳуриявӣ  ба нашр расидааст.

Ҳамчунин ҳайати кормандони кафедра дар ду конференсияҳои  байнамиллалӣ ва ду конференсияҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва баромад намудаанд.