Китобхонаи илмӣ

    

 

 

 

 

 

 

 

 

  • Сайдаллиева Адиба Бароталлиевна 
  • Директори китобхонаи илмӣ
  • 02.04.1994 с.т., Ҷумҳуруии Тоҷикистон
  • Email: milenadavlatzoda@gmail.com
  • Тел: (+992) 988-25-88-44
  • Суроға: ноҳияи Данғара, куч. Маркази 25, Б-1/103

 

Салимов Саидқул Файзуллоевич

Сармутахассис

Муродалиева Зуҳро Ҳошимовна

Сармутахассис

Рауфова Муҳайё 

Китобдор 

 

Мудирияти китобхонаи илмии ДДД фаъолияти хешро тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи маориф», «Барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ барои солҳои 2020-2025», Оиннома ва низомномаи ДДД, низомномаи китобхонаи илмӣ  ва дигар асноду дастурҳои библиографӣ ба роҳ монда дар давоми соли 2023  як қатор корҳои назарасро ба анҷом расониданд.

Нақшаи кории китобхона барои соли таҳсили 2024 тартиб дода шуда аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия тасдиқ карда шудааст:

Дар нақша тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ, ҳадафҳои асосии он маҳфилу чорабиниҳо, тақсимоти адабиётҳои тахассусӣ, содироти китобҳои таълимӣ ва илмию бадеӣ аз сарчашмаҳо, ҷалби устодону донишҷӯён ба китобхона ва дигар масъалаҳо ва чорабиниҳо мукамалу аниқ нишон дода шуда,  зери назорати доимии директори китобхона  қарор дорад.

Минбаъда бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва тибқи шартнома ба таври ройгон, нақдӣ ва ғайринақдӣ ба китобхонаи илмӣ воридшавии адабиётҳои зарурӣ идома дода мешавад.

Тибқи сохтори донишгоҳ, китобхонаи илмӣ ҳамчун зерсохтори раёсати илм ва инноватсия буда, кормандони китобхона дар ҳайати зерин фаъолият менамоянд:

  1. Директори китобхона -Сайдалиева А.Б.
  2. Сармутахассиси китобхонаи электронӣ-Салимов С.Ф.
  3. Сармутахассиси китобхонаи илмӣ-Муродалиева З.Ҳ.
  4. Китобдор – Рауфова М.

     Кормандони масъули китобхонаи илмӣ вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати муайян ва ҳамарӯза талаботҳои муқаррарнамудаи раёсати донишгоҳро сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонанд. Тибқи талаботи 1-уми ба директори  китобхона ирсолшуда, ки таҳияи додашудаҳо оид ба маҷмӯи китобҳои дар китобхона маҳфуздошташуда ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ оиди амволҳои арзишнок ном дорад, чунин корҳо ба сомон расонида шуданд.

Аз рӯи мониторинги гузаронидашуда айён гардид, ки то 1-уми марти соли 2024  дар ҳисоби захиравии китобхонаи илмии донишгоҳ чунин миқдор адабиётҳо вуҷуд доранд.

Ҳамагӣ –  миқдори умумии китобҳо - 46788 адад

аз он ҷумла,

Таълимӣ - 36107

Бадеӣ  - 7125, аз он ҷумла тоҷикӣ-5033, русӣ-2092 адад.

Илмӣ - 771

Китобҳои форсӣ-186

Китобҳои гуманитарӣ- 2599

Дастурҳои методӣ-834 адад.

Аъзоёни китобхона 3031 нафар:

Устодон ва кормандон – 184 нафар;

Донишҷӯён – 2844 нафар;

Шаҳрвандони дигар – 3 нафар.

Мудирияти китобхонаи илмӣ  дар давоми соли нави 2024 минбаъда тамоми чораҳоро мебинад, ки камбудиҳо ва нуқсонҳои дар самти хизматрасонӣ ба донишҷӯёну устодонро ислоҳ намуда, баҳри беҳтару хубтар таъмин намудани хонандагон бо адабиётҳои зарурӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхона, баланд бардоштани маърифати хизматрасонӣ, маърифати китобдорӣ ва истифодаи китобҳо, ташкили чорабиниҳои таъсирбахши самараноки тарбиявӣ  тадбирҳо андешида, бо ин васила дар таълиму тарбияи донишҷӯён  минбаъд низ саҳмгузор бошанд.