Кафедраи муҳандисӣ ва энергетикӣ

  • Бобохонов Фирдавс Шамсуддинович
  • н.и.т., Мудири кафедраи муҳандисӣ ва энергетикӣ
  • 01.04.1988 с.т., Ҷумҳуруии Тоҷикистон
  • Email: firdavsi-1988@mail.ru
  • Тел: (+992) 887-67-65-65
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б-5/302

 

Кафедраи “Муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ дорои таърихи мухтасари худ мебошад.

Дар  соли таҳсили 2020-2021  кафедраи мазкур бо  номи «Сохтмони гидротехникӣ ва деҳот» таъсис ёфта, роҳбарии онро доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарифов Абдулмумин ба ӯҳда дошт.  Дар он вақт  кафедра аз рӯи се ихтисос, яъне  ихтисосҳои  1-70040101-сохтмони гидротехникӣ, 1-740401-сохтмони деҳот ва ободонии муҳит ва 1-69010107-Зебосозии шаҳр мутахассисон омода карда мешуд. Соли  таҳсили 2021-2022 кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва деҳот»  ба ду кафедраи мустақил, яъне кафедраҳои  «Фанҳои муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ» мудири кафедра Шамсуллоев Ш.А. ва “Сохтмони деҳот ва зебосозии шаҳр”-ро гирифт, ки роҳбарии кафедраро д.и.т., профессор Шарифов А. дар тобеъияти факултети Сохтмон ва меъморӣ  қарор гирифта буд. Зери фаъолияти кафедра мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои  1-70040101-сохтмони гидротехникӣ ва 1-70040103-сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ омода мешуд. 

Бо қарори Шӯрои олимони  Донишгоҳи давлатии Данғара  аз моҳи марти соли 2023 бинобар иваз гардидани сохтори идоравии Донишгоҳи давлатии Данғара номи кафедраи  «Фанҳои муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ» ба кафедраи “Муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ”  иваз гардид. 

Инчунин аз моҳи марти соли 2023 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Бобохонов Фирдавс Шамсиддинович гузошта шудааст. Кафедра бо Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саридораи геологияи тоҷики назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геология, сохтмони ба заминҷунби тобовар ва сейсмолоияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ҳамкорҳои зич дорад.   

Асосан ҳайати асосии омӯзгоронро омӯзгорони ҷавон ташкил дода, ҳамасола дар баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи  илмии худ кушишу ғайрат ба харҷ дода истодаанд. Мавзуи илмии кафедра “Асосҳои илмӣ-техникии ташкили чорабинињои зидди таровиш дар минтақаҳои обёришавандаи мавзеи Данѓара, балоиҳагирии бино ва иншоот ва самаранокии энергетикии пойгоҳҳои обкашӣ ” буда, ҳамаи омӯзгорон дар ин самт корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Омӯзгорони кафедра дар ҳамаи чорабиниҳои илмию фарҳангии донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд.

       Дар кафедра дар айни ҳол аз рӯи чор ихтисосҳои зерин мутахассис омода карда мешавад:

  1. 1-70040101-сохтмони гидротехникӣ;
  2. 1-70040103-сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ;
  3. 1-51010104-геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ;
  4. 1-7406013601-муҳандисӣ-мошинсозӣ-менеҷмент.

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар фаъолияти кафедра, тайи солҳои 2020-2023

Дар кафедраи Муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва професорони кафедра як қатор дастуру васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ,  17 дастури таълимӣ-методӣ, 2 монография,  9 патенти ихтироот ва зиёда аз  40 мақолаҳои илмӣ  дар конференсияҳо ва маҷалаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расонида шудааст.

Дар кафедраи Муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ аз рӯи ҷадвали воҳидҳои корӣ 15 нафар ҳайати омӯзгорону кормандон ба таълиму тадриси донишҷўён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 3-нафар номзади илм, 8 – нафар муаллимони калон, 3-нафар ассистентон ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.