|
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ Сохтор ва зерсохторҳои имрўзаи факултет мутобиқ бо мақоми факултетҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шуда, дар заминаи низомномаҳои тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунанд. Факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз санаи 01.09.2016 таъсис дода шуда, тайи солҳои 2013-2023 ба номгузории он чунин тағйироту иловаҳо дароварда шудааст. Соли 2013 то 01.09.2015 факултети муҳандисӣ. Соли 2015 то 01.09.2016 факултети техникӣ. Аз сентябри соли 2016 то соли 2017-2018 факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ. Соли 2018-2019 факултети муҳандисӣ ва идораи биржаҳои байналмилалии истеҳсолӣ. Соли 2019-2022 факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ. Аз соли 2023 то ҳол факултети муҳандисӣ ва меъморӣ Фаъолияти факултет дар асоси «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факултет ба мақсади таъмини болоравии сифати таълим дар доираи Консепсияи миллии ислоҳоти маориф, ки дурнамо ва роҳҳои пайгиронаи воридшавии кишварамонро ба фазои ягонаи таҳсилоти аврупоӣ муайян менамояд, ҷараёни таълим тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол ихтисосҳои амалкунандаи факултет: 1-70040101-Сохтмони гидротехникӣ», 1-70040103 - Сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ, 1-740601-3601 - Муҳандиси-мошинсози-менеҷмент, 1-69010107 - Зебосозии шаҳр, 1-51010104-«Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ, 1-43010301-Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ, 1-740401 -Сохтмони деҳот ва ободонии муҳит, 1-400101-01-Системаи компютерӣ ва Интернет-технология, 1-310403-10 - Низомҳои кибернетикии электроника, 1-02050501–Информатика. Забони хориҷӣ (забони англисӣ), 1-430103 -Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ Сохтори имрўзаи факултети муҳандисӣ ва меъморӣ аз Шурои олимон, Шурои илмӣ-методӣ, декани факултет, эдвайзер оид ба таълим, эдвайзер оид ба тарбия ва чор кафедра иборат мебошанд. Дар сохтори факултет 4 кафедраи тахассусӣ фаъолият менамоянд.
Дар кафедраҳои ба факултет вобасташуда 47 нафар (25 нафар кормандони асосӣ) омӯзгорону кормандон фаъолият намуда, аз ин миқдор – 10 нафар номзадони илм, 19 нафар муаллимони калон, 15 нафар ассистентон кор ва фаъолият намуда, аз рӯи зиёда аз 53 фанҳои таълимӣ машғулият гузаронида, ҳадафҳои модели сифат ва низоми салоҳиятноки таҳсилро дар амал татбиқ намуда истодаанд. ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ Олимзода Р.А. – декани факултет дар соли таҳсили 2023-2024 бо унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, барои иштироки фаъол дар кори конференсияи байналмилали бо Дипломи дараҷаи 3 (7.10.2023 дар ш. Санкт-Петербург), барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди илм ва маориф аз ҷониби ҳаракати умумимилии “Бобеки”-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагии «Беҳтарин омӯзгори соли 2024» қадрдони карда шудааст.
|