- Ғафурова Дилором Ҷабборовна
- Мудири кафедраи педагогика ва психология
- Номзади илмҳои педагогӣ
- 25.06.1976 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Email: dilorom.gafurova.76@mail.ru
- Тел: (+992) 93-433-76-76
- Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б4/301
МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА
Кафедраи педагогика ва психология яке аз кафедраи мустақил дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, таърихи на он қадар дароз аммо пурифтихор дошта, натиҷаи чашмрасро соҳиб мебошад. Бо таъсиси кафедраи педагогика ва психология таъминоти кадрии муассисаҳои маорифу фарҳанг дар қаламрави вилояти Хатлон як дараҷа ҳаллу фасли худро пайдо намуд.
Номгузории кафедра дар мароҳили гуногуни фаъолият:
Кафедраи педагогика ва психология дар марҳилаҳои гуногуни фаъолияташ бо номҳои кафедраи педагогика ва психологияи рушд ва рақобатшиносӣ, кафедраи педагогика, психология ва рушди нерӯи инсонӣ, кафедраи педагогика ва таҳсилоти ибтидоӣ, кафедраи педагогика ва психология дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабти ном шудааст.
Кафедраро дар марҳилаҳои гуногун донишмандони соҳаҳои гуногун роҳбарӣ намудаанд. Аввалин мудири кафедраи мазкур н.и.п. Ғафурова Дилором Ҷаборовна буд, ки аз моҳи августи соли 2016 то октябри 2016 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз октябри соли 2016 то соли 2018 мудирии ин кафедраро д.и.ф. Ҳусейнзода Фарҳод бар душ гирифта буд. Аз соли 2018 то соли 2019 ба ин вазифа номзади илмҳои педагогика Мирзоев А. тайин гардид. Пас аз он ки кафедра номи худро ба кафедраи педагогика ва психология таѓйир дод, сарварии онро д.и.ф. Саидҷаъфаров О.Ш. ба дўш гирифта буд. Айни ҳол аз соли 2023 инҷониб мудирии кафедраро н.и.п. Ғафурова Д.Ҷ. роҳбарӣ намуда истодааст.
Кафедра аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад:
1-010102-06 таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ
1-230104 Психология.
Ҳайати омӯзгорони кафедра:
1. Ғафурова Д.Ҷ. – н.и.п., дотсент, мудири кафедра, асосӣ;
2. Мирзоев Абдураҳим – – н.и.п., асосӣ;
3. Рустами Абдуҷаббор –н.и.п., ҳамкори дохила;
4. Садирова Ҷамила –н.и.п., асосӣ;
5. Валиев Маҳмадсафар – омӯзгори калон, ҳамкори дохила;
6. Файзалиева Адолат – ассистент, асосӣ;
7. Шарифова Одинамоҳ – ассистент, асосӣ;
8. Хидирова Меҳрона – ассистент, асосӣ;
Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ - таҳқиқотӣ
Дар кафедра аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ 10 дастуру монографияҳо чоп шуда, ду магистр, чор номзади илм, як нафар муаллими калон ва як ассистент фаъолияи педагогии хешро ба роҳ мондаанд. Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон 2-дастури таълимӣ, 2 монография ва 15 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст. Яке аз дастовордҳои кафедра дар соли таҳсили 2023-2024 ҳимояи муаллимони кафедра Рустами Абдуҷаббор дар мавзуи “Фарҳанги хонавода ва тарбияи иқтисодии наврасон дар шароити иқтисоди бозорӣ” Садирова Ҷ.Ш. дар мавзуи “Бозиҳои расмӣ ҳамчун омили самаранокии баланд бардоштани сифати таълим дар тайёр намудани омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ” мебошад.