Факултети педагогика ва психология

 

 

  • Тағоева Хатича Эркаевна
  • Декани факултети педагогика ва психология
  • Номзади илмҳои биологӣ
  • 25.04.1976 с.т.,  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: tagaeva.ddd@mailru
  • Тел: (+992)918251721
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25, б-4/

 

  • Субҳонов Абдураҳмон Маҳмадқулович
  • Эдвайзер оид ба таълим
  • 20.05.1995  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: abdurahmon_9596@mail.ru
  • Тел: (+992) 003777147
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

 

  • Гулмуродов Мақсуд Сафархонович
  • Эдвайзер оид ба тарбия
  • 18.08.1997  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email:  gulmurodovm@mail.ru
  • Тел: (+992) 900338900
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

 

  • Ҷусаева Садорат Маликшоевна
  • Оператор-ҳуҷҷатнигори факултет
  • 20.11.1995  Ҷумҳурии Тоҷикистон                       
  • Тел: (+992) 100808896
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази 25,

 

 

         

                        МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

           Дар донишгоҳ ба монанди   дигар сохторҳо  факултети педагогика ва психология низ аз соли 2016  фаъолият намуда, дар рушди нумӯи таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми донишгоҳ саҳми босазо ва назаррас гузошта меояд.

Ба факултет то соли 2023 номзади илмҳои педагогӣ Ғафурова Д.Ҷ. сарварӣ намуда, аз соли 2023 сарварии факултетро номзади илмҳои биологӣ Тағоева Х.Э. ба ӯҳда дорад.

Сохтори имрӯзаи факултет  аз Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ, декани факултет, эдвайзер оид ба таълим, эдвайзер оид ба тарбия ва се кафедра иборат мебошанд.

         Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи соҳаи маориф ва баланд бардоштани  сифати тайёр кардани мутахассисони ҷовобгӯ ба талаботи бозори меҳнат самти афзалиятнок муқаррар гардидааст.

Аз ин рӯ барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар факултет кафедраҳои зерин фаъолият менамоянд:

  1. Кафедраи педагогика ва психология– мудири кафедра н.и.п. Ғафурова Д.Ҷ.
  2. Кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидой – мудири кафедра н.и.п. Рустами Абдуҷаббор
  3. Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ – мудири кафедра муаллими калон Ҷалолов Ҷ.Ҷ.

Кафедра ячейкаи асосии пойгоҳи таълимӣ ӣ ва илмӣ  дар факултет ба ҳисоб рафта, пешравии таълим ва илм маҳз ба кору фаъолияти кафедраҳо алоқаманд мебошад. Бинобар ҳамин садорати факултет диққати асосиро ба кори кафедраҳо ва устодон нигаронидааст.

Ҳайати омӯзгорон дар факултет 20  нафарро ташкил медиҳанд.

Аз ин шумора  5 нафар  номзади илм,  10  нафар муаллими калон ва 5  нафарро ассистентон ташкил медиҳанд.

 

                                             ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТ

  1. Донишҷӯи  курси 4-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ Абдуллоев Навруз дар озмуни  Ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”  аз рӯи жанри эстрада, номинатсияи сарояндагӣ ширкат варзида, барандаи ҷоиза гардид, бо дипломи дараҷаи 2 ва бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд.
  2. Омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Рустами Абдуҷаббор рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Фарҳанги хоновода ва тарбияи и қтисодии наврасон дар шароити иқтисоди бозорӣ” аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот  дифоъ намуд
  3. Омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Садирова Ҷамила Шарифовна  рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Бозиҳои расмӣ ҳамчун омили самаранокии баланд бардоштани сифати таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ” аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот  дифоъ намуд

 

                 ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТ БО ДИГАР МУАССИСАҲO

Роли фанҳои гуманитарӣдар ҷодаи таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон бағоят калон буда, барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи фикрии ҷавонон ва меҳанпарастӣ нуқтаи асосӣ мегузорад. Вақти он расидааст ки амали дуруст ва таъсирбахши факултаи Педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир ҳатмист. Факултети педагогика ва технологияҳои муосири таълимӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нақшаи ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманди илмиро бо муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои донишгоҳҳо ва институтҳои ватанӣ амалӣ менамояд.

Факултет бо самтҳои педагогии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи улуми инсонии ба номи Б. Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои факултетҳои филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия робитаҳои самарабахши илмиву таълимиро ба роҳ мондааст.