АЛИМОВ НАСИМ ОЛИМОВИЧ
- Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
- номзади илмҳои физика-математика
- 12.06.1966 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Рӯзҳои қабул:
- Ҷумъа: 14:00-16:00
- Шанбе: 09:00-11:00
- Телефон: (+992) 93 500-22-33
- E-mail: nasim_2005@bk.ru
- Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/204.
Алимов Насим Олимович - муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳи давлатии Данғара. 12.06.1966 таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии агротехникии шаҳри Москваро аз рӯи ихтисоси “Электрикомеханиконӣ ва автоматиконӣ дар истеҳсолот” бо касби муҳандиси барқ хатм намудааст. Соли 1996 – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Менеҷмент ва маркетинг” бо касби менеҷер ва маркетолог хатм намудааст. Ҳамчунон соли 2017 – Филиали Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои он шаҳри Москва («МИСИС») дар шаҳри Душанбе - ро аз рӯи ихтисоси «Металлургияҳои ранга» бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намудааст. Аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси кормандони соҳаи маориф аз 4.10.2006 бо мукофот қадр карда шудааст. Дорандаи Нишонаи “Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Аълочии соҳаи матбуот” мебошад.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
-
Солҳои 1990-1991 – Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳандиси Маркази ҷумҳуриявии стандартикунонӣ ва метрологӣ;
-
Солҳои 1991-1992 – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи «Таъмири автомобилӣ»;
-
Солҳои 1992-1994 – Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи шаҳри Санкт-Петербург;
-
Солҳои 1994-1998 – Муассисаи таълимии хусусии маркази байналхалқии “Университет”, сардори шӯъбаи таълим, директори марказ;
-
Солҳои 1998-2002 – Омӯзишгоҳи касбию техникии №53, директор;
-
Солҳои 2002-2006 – Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори инспексияи давлатии соҳаи таҳсилоти касбӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо;
-
Солҳои 2006-2008 – Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
-
Солҳои 2008-2014 – Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои илмию таълимӣ;
-
Солҳои 2014-2016 – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои илмию таълимӣ;
-
Аз 1-уми августи соли 2016 то ба ҳол, муовини ректор оди ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.