Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ

                                                                           ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРӢ

         Раёсати маъмурию хоҷагидории Донишгоҳи давлатии Данғара тибқи нақшаи кории тасдиқгардида дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳ, саҳни он, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобасташуда фаъолият намуда истодааст.

      Дар асоси дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ раёсати маъмурию хоҷагӣ барои тамоми биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода, иҷрои корҳои банақшагирифташударо  амалӣ сохта истодааст.

    Дар қисми хоҷагидорӣ 92-нафар кормандон фаъолият мекунанд аз ҷумла; 2-нафар рананда, мутахассис оид ба ҳолатҳои фавқулода, мутахассис оиди техникаи бехатарӣ ва сухторхомӯшкунӣ, 60-нафар фаррошон, 9-нафар комендантон, 8-нафар боғбонон, 2-нафар устои обу корезӣ, 2-нафар устои барқ, 2-нафар ҳамшираи тиббӣ, корманди ёрирасон дар хобгоҳи омӯзгорон, таъминотчӣ ва мудири анбор мебошанд.   

    Вазифаҳои асосии қисми хоҷагидорӣ: дар майдончаҳои наздиҳавлигии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ  бо сабзаву майсаҳо саҳни ҳавлиҳоро додан, бехҳои дарахтонро нарму мулоим гардонидан, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва буттагулу гулҳои мавсимӣ, башаклдарории дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, назорат намудани амволҳои арзизнок аз тарафи комендантон, тозаю озода намудани биноҳои таълимӣ, назорати доимӣ ва сари вақт дуруст намудани хаттӣ барқ ва хаттӣ оби ошомиданӣ дар дохили донишгоҳ, таъмин намудан бо мизу курсиҳо барои кормандон ва донишҷӯён ва ғайраҳо.

   

        Ҳамзамон бо дастгирии раёсати донишгоҳ як қатор корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ рафта истодааст:

     -Ҷиҳати таъмини амнияти бехатарии донишҷӯён қисми шимолии масоҳати донишгоҳ ба кӯчаи Советӣ ва қисми ҷанубӣ ба кӯчаи Марказӣ пайваст буда,  аз нав пурра панҷарабандӣ  карда шуд;

      -Азнавсозии хатти оби ошомиданӣ аз обанбор ба биноҳҳои таълимӣ ва саҳни ҳавлиҳои донишгоҳ рафта истодааст.

        -Васлнамоии қубури хатти оби гарм бо тариқи берунӣ аз дохили дегхонаи донишгоҳ  ба хобгоҳҳо ва биноҳҳои таълимӣ дар арафаи анҷомёбист; 

 

    Бахши таъминот. Барои пешрафти кор, таъмин намудан бо маводҳои лозима ва сари вақт бартараф намудани камбудиҳои пайдошуда бахши таъминоти донишгоҳ  низ саҳми худро гузошта истодаанд.

     Маводҳои конселярӣ барои кормандони сохторҳои донишгоҳ, банерҳо бахшида ба рӯзҳои ид парчамҳои гуногунҳаҷм сари вақт харидорӣ мегарданд.

 

    Бунгоҳи тиббӣ. Дар бинои таълимии №1, хобгоҳи №7 ва №8 бунгоҳҳои  тиббӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ҳамеша дар хизмати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ мебошанд. Дар соли ҷорӣ марҳила ба марҳила тибқи талабот дорувориҳои ёрии аввалия харидорӣ намуда, дар бунгоҳои тиббии зикргардида ба масъулини соҳа тақсимот карда шуданд.