Шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таҳсилот

  • Раҳмоналиев Ҷовидон Худоёрович
  • Номзади илмҳои филологӣ
  •  Мудири шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим
  • 08.06.1989 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: rovidon@bk.ru
  • Тел: (+992) 902-44-44-85
  • Суроға: н. .Данғара, кӯч. Марказӣ 25, Б1/313

Давлатов Умаралӣ Мирзоалиевич

Сармутахассис

Эсанов Садриддин Тошмуҳаммадович

Мутахассис 

Ҳайдаров Аминҷон Абдунабиевич

Мутахассис

Шаҳнозаи Юсуфӣ Сайдализода

Мутахассис

 

Маълумот дар бораи шуъба:

Шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим тибқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сохтори идоравии донишгоҳ дар зертобеи раёсати таълим расман таъсис ёфтааст. Мақсад аз таъсиси он таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълим ва арзёбии вазъи таҳсилот, таъмини раванди идоракунӣ, инчунин дурнамои таълим ва танзими ҳуҷҷатгузорӣ мебошад. Ҳоло дар сохтор 5 воҳиди корӣ (мудири шуъба, сармутахассиси шуъба, мутахассисони шуъба) дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ муваззаф гардидаст.

Ҳамзамон фаъолияти шуъба, ки бевосита ба раёсати таълим итоат мекунад, барои идоракунӣ ва арзёбии иҷрои корҳо дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, №562), Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526), Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.06.2018, №306), Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳайати мушовара аз 29 январи соли 2021, №2/21), Дастурамал оид ба тартиби амалишавии таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2022, №12/4), «Оинномаи ДДД», низомномаҳои соҳавӣ, фармоишҳои ректор, қарорҳои Шурои олимон ва Шурои илмию методӣ, инчунин дастуру супоришҳои муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, сардори раёсати таълим, ки марбут ба сифати ҷараёни таълим мебошанд, нигаронида шудааст.

Метавон гуфт, ки шуъба дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш оид ба натиҷаи корҳо дар самти сифат ба масъулини сохторҳои дахлдор ироаи ҳуҷҷатҳоро дар шакли гузориш, пешниҳод ва маълумотнома ирсол менамояд, ки мақсад аз ироаи он таъмини шаффофият ва воқеъбинона арзёбӣ намудани сифати таълим мебошад.