- Комилҷони Абдуназар
- Мудири шуъбаи шуъбаи кор бо ҷавонон
- 02.01.1992 с.т., Ҷумҳуруии Тоҷикистон
- Email:
- Тел: (+992) 886-70-73-73
- Суроға: ноҳияи Данғара, кучаи. Маркази 25, к-3/209
Абдураҳимова Идигул.
Мутахассис
Самадова Раҷабмоҳ.
Мутахассиc
Фаъолияти шуъба.
Шуъбаи кор бо ҷавонон ва идораи сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияташро дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон роҳандозӣ намудааст.
Шуъба дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи донишгоҳ ҷиҳати дастгирии донишҷӯён, аз ҷумла, таъмини шароити мусоид ҷиҳати зист дар хобгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим ва самарабахшии таҳсилот, расонидани кумакпулиҳо ба ятимону маъюбон ва бепарасторон дар арафаи ҷашнвораҳои давлатӣ иқдом варзида, як силсила семинарҳо ва мизҳои мудавварро дар самти тақвият бахшидани нерӯи зеҳнии донишҷӯён, ихтирооту навгониҳо, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, шомилшавии донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор намудааст.
Мо, ҷавонон пайваста сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва дастгирї намуда, тамоми нерӯи созандаро дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сарф хоҳем намуд.