Кафедраи биология ва биотехнология

  • Амиров Абдусалом Саъдуллоевич
  • Мудири кафедраи биология ва биотехнология
  • 04.12.1963 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email:  abdusalom_amirov@mail.ru  
  • Тел: (+992) 907-84-50-09
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б4/202.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Кафедраи “Биология ва биотехнология” дорои таърихи мухтасари худ мебошад.

Дар  соли таҳсили 2015-2016  номи кафедраи мазкур   кафедраи «Химия ва биология» буда, тобеъ ба факултети Табиатшиносӣ буд.  .  Мудирии  кафедраро н.и.х. Раҷабов С.Ф. ба ўҳда дошт.  Дар он вақт  кафедра аз рӯи як ихтисос, ихтисоси  биология (фаъолияти илмӣ истеҳсолӣ) кадр тайёр мекард.

Соли  таҳсили 2016-2017 кафедраи «Химия ва биология»  ба ду кафедраи мустақил ҷудо шуд  кафедра номи  «Биология ва экология»-ро гирифт ва дар тобеъи факултети Педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир буд. Мудирии кафедра ба зиммаи н.и.б. Амирқулов Х. гузошта шуд. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои биология (фаъолияти илмӣ истеҳсолӣ), биология-химия ва экология кадр тайёр менамуд. 

Дар нимсолаи дувуми соли таҳсили 2017-2018 кафедраи  «Биология ва экология»  бо кафедраи  «Геология ва истифодаи сарватҳои табиат»-и донишгоҳ муттаҳид карда шуда, кафедра номи   «Биология ва истифодабарии захираҳои табиӣ»-ро гирифт. Дар соли таҳсили 2018-2019 кафедра номи  «Биология ва бехатарии экологӣ»-ро гирифт, ки дар он фақат мутахассисони соҳаи биология ва экология монданд.

Бо қарори Шӯрои Олимони  донишгоҳ  сентябри соли 2021 номи кафедраи  «Биология ва бехатарии экологӣ» ба номи “Биология ва биотехнология”  иваз гардида роҳбарии он ба уҳдаи н.и.б Тағоева Хатича Эркаевнава гузошта шуд ва моҳи январи соли 2022 кафедраи  “Биология ва биотехнология” ба номи собиқ дотсенти кафедра шодравон Амирқулов Хайрулло гузошта шуд.   

Аз моҳи марти соли 2023 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба уҳдаи муаллими калон Амиров Абусалом Саъдуллоевич гузошта шудааст. Кафедра бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, назди Академияи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав,  Донишгоҳи технологии ш.Кӯлоб, Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Боғи ботаникии ш.Кӯлоб, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи а.Фирдавсӣ ва дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ҳамкорҳои зич дорад. Асосан ҳайати асосии омӯзгоронро омӯзгорони ҷавон, дастпарварони худи кафедра ташкил медиҳад, ки ҳамасола дар баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи  илмии худ кушишу ғайрат ба харҷ дода истодаанд. Мавзуи илмии кафедра “Омӯзиши паҳлуҳои илмӣ-назариявӣ ва тадқиқотии гуногуннамудии флора ва фаунаи Тоҷикистони ҷанубу  ғарбӣ” буда, ҳаммаи оӯзгорон дар ин самт корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Омӯзгорони кафедра дар ҳаммаи чорабиниҳои илмию фарҳангии донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд.

             Дар кафедра дар айни ҳол аз рӯи ду ихтисос:

1-02040401, Биолог- равияи омӯзгорӣ

1-31010103, Биология(биотехнология)-равияи истеҳсолӣ

Дар кафедраи биология ва биотехнология аз рўи штати корӣ 12 нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷўён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 4/1-нафар номзади илм, 2 – нафар омӯзгори калон  ва боқимонда 6/3-нафар ассистент мебошанд. Дар соли ҷорӣ (соли таҳсили 2022-2023) дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 12-нафар омӯзгорон иштирок карданд, вз ҷумла 4 нафар номзади илм, 1 нафар докторант, 5 нафар унвонҷўй. Аз 12 нафар омӯзгорони кафедра 8 нафар корманди штатӣ, 2 нафар ҳамкори дохила ва 2 нафари дигар ҳамкори беруна ба ҳисоб мераванд.

Дар кафедраи мазкур омӯзгорони асосӣ , дохила ва беруна  фаъолоят менамоянд.

1.Амиров Абдусалом Саъдуллоевич-муаллими калон мудири кафедра,асосӣ;

2.Тағоева Хатича Эркаевна-н.и.б.дотсент, ҳамкори дохила;

3.Расулов Бахтиёр Раҳмонбердиевич д.и.к. дотсент, ҳамкори дохила;

4.Халилов Баҳром Нуруллоевич муаллими калон,асосӣ;

5.Амирқулов Нурулло Хайруллоевич -ассистент, асосӣ;

6.Сангалиев Бобоҷон Шодиевич-ассистент, асосӣ;

7.Муқадасов Умед Маҳмадуллоевич-ассистент, асосӣ;

8.Мудинов Эҳсон Қурӣонович- ассистент, асосӣ;

9.Холиқулова Наргис Сафаралиевна-ассистент,асосӣ;

10.Субҳонов Абдураҳмон Маҳмадқулович-ассистент,ҳамкори дохила;

11.Камолова Моҳира Ниёзмуҳаммадовна- ассистент, ҳамкори беруна;

12.Чутакова Муҳайё Қишиқовна – асситент,озмоишгар.

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2022-2023

Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон як қатор дастуру васоити таълим, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла1 китоби дарсӣ 5 дастури таълимӣ вазиёда аз  23 мақолаҳои илмӣ  дар конференсияҳо ва маҷалаҳои гуногун ба нашр расидааст.