ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТ ВА ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ!

Ҷавонон – идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд».

Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо буда қисмати аъзами онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин қишри иҷтимои чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург мебозанд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат ба онҳо чун қишри ояндасози миллат аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симои ибратбахш ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии сокинони Тоҷикистон аст, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеаи кишвар ба тарбияву камомолоти маънавии ҷавонони моро ба ояндаи дурахшон ва зиндагии пурнишот дилгарм мекунад.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон роҳ кушода ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушди маънавии ҷавонон дар шароити таъғирёбандаи ҷомеаи ҷаҳони мусоидат намуд. Дар ин раванди мураккаби сиёси саҳми ҷавонон хеле назаррас ба назар мерасад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идорави бештар гардид чун саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат наметавон нодида гирифт. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳимӣ ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибон ва пуштибони миллат буда, такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳиссиватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.

Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро нерўи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд ва ба сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзи аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ медиҳанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷавонони тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар ин самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд.

Дар тўли 30 – соли Истиқлолият дар қаламрави мамлакат дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ба амал омада, мардумро ба роҳи дўстиву рафоқат, хештаншиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ равона месозад. Дар ин ҷода ҳиссаи ҷавонон низ кам набуда, ҷавонони кишвари тозаистиқлол ба ҳайси роҳбар, сиёсатмадор, вакили мардумӣ, табиб, олим, соҳибкор, варзишгару мурраббӣ, муҳандис ва технолог дар тамоми соҳаҳо фаъолият бурда, дар рушду нумуви ватани азиз саҳми босазое гузошта истодаанд.

Мавриди қайд аст, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони тамоми қишрҳои ҷомеа ғамхории бевосита зоҳир мегардад. Имрўзҳо ҷавонон тибқи квотаи призидентӣ таҳсили худро ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар давом дода истодаанд. Инчунин барои сазовори мукофотҳои давлатӣ, стипендияҳои байналмилалию маҳаллӣ, ҷоизаҳо имтиёзҳои гуногун пешбарӣ мегардад ва ин шаҳодати ғамхории давлату ҳукумат нисбати ҷавонон аст.

Ҷавонони кишвар аз ҳар вохўриву мулоқотҳои бо Пешвои миллат баргузор гардида, барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи ба ҳаёт татбиқ намудани он ҳамеша садоқату фидокорӣ зоҳир мекунанд.

Ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, боз ҳам ободу зебо гардидани сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму технологияи инноватсионӣ, соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва бунёдкорӣ равона созанд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Донишгоҳи давлатии Данғара ​Комилҷон Абдуназарзода