«Истиқлолият шараф ва номуси хар миллати озодандеш ва соҳибхираду сохибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеи ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад ».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар партави суханҳои оқилонаи Пешвои миллат ёдовар шудан лозим аст, ки Истиқлолият падидаи муҳимтарини далатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он озодии комил ба ҳар як шаҳрванд таъмин мегардад. Аз ин ру ҳар як шаҳрвандро мебояд баҳри оромиву осудагии давлати мустақил ва соҳибтамаддун кӯшиш ба харҷ дода, бо ҳунару истеъдоди фавқулодаи хеш парчамбардор дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд. Зеро саҳифаҳои таърихи миллат ангораҳои ҷолибу дилнишин диққати аҳли башарро ҷалб намуда, ҳамчун оина санаи барқарор гардидани адолати таърихиро нишон мидиҳанд.
Дар давраи 33 соли бобаробару файзбахш бо ибтикори абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуда, дастовардҳои муҳимми миллат, ки васфашон беназир аст, муарифӣ шудаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои боло ҳар яки моро зарур аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбияи намуда, саҳми онҳоро дар рушди кишвари азизамон гузорем.
Истиқлолияти давлати, ки Тоҷикистон 33 сол пеш ба даст овард, натиҷаи кушишу талошҳои тулонии халқи тоҷик дар роҳи пурпечу тоби таърихи худ мебошад.
Заминаи сиёсии ташакулёбии марҳилаи моҳиятан сифатан нави инкишофи Тоҷикистон ин Эломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми даъвати 12-уми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон қабул гардида буд. Эъломияи мазкур истиқлолияти том ва таъсиси давлати миллии воқеан мустақилро надошта буд ва боқи мондани СССР-ро эътироф намуда, тарз ва сатҳи муносибат ба онро мушаххас мегардонид. 9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, ки тавассути ин санад истиқлолияти Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути ин қарор қонуни гардонида шуд. Ҳамин тавр ба халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо имкони амали таъсис додани давлати озод ва мустақили миллӣ фароҳам омад ва орзуи деринаи аҷдодони гузаштаамон ба ҳукми таъриху сарнавишт дар ин замон амали гардид. Ҳами тариқ, дар таърихи кишвар санаи 9-уми сентябри соли 1991 рузи воқеан ба истиқлолияти давлати, яъне ба соҳибихтиёрии пурра расидани Ҷумхурии Тоҷикистон буда, чун санаи эълони истиқлолияти давлати дар саҳифаи заррини таърихи навини тоҷик сабт гардидааст, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Бале, танҳо он миллат сазовари иззату обру ва шарафу номус шуда метавонад, барои ба даст овардани истиқлолият чаҳду талош,чоннисорӣ ва кушиш намояд. Истиқлолият ин пеш аз ҳама новобаста набудан ба ягон давлат, озод будан дар корҳои дохили ва хориҷи, барқарор намудани муносибатҳои дипломат ибо кишварҳои хориҷи, қабули қарорҳо дар умури дохили вобаста ба иродаи халқу миллати кишвар, доштани рамзҳои давлати мустақил аз қабили Роҳбари давлат-Прези- дент, Нишони милли, Парчами милли, Суруди милли, Сарҳади милли мебошад.
Дар Тоҷикистон аз нахустин рузҳои истиқлолияти худ дар раванди баркарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту суботи ҷомеа, оромии сиёситу ичтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рубару гардид.
Яъне агар барои аксари ҷумхуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона истиқлолият нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоят гарон афтод.
Бархурдиманфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрванди оварда расонд. Дар натичаи ба гирдоби чанги шахрванди печидани миллати шарифи мо, ҳамчун миллат боқи мондани тоҷикон ва ҳамчун давлат дар харитаи сиёсии чаҳон вучуд доштани давлати милли мо зери хатари воқеӣ карор гирифт.
Анна дар хамин вазъият Сессияи 16-уми Иҷлосияи Шурои Оли дар шаҳри Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992 баргузор гардид, ки дар иҷлоссия баъди муҳокимаҳои зиёде якдилона Эмомалӣ Раҳмон раиси парлумон интихоб намуданд. Пас аз анҷоми иҷлосия вазифаи аввалиндараҷа-пойдор гардидани сулҳ буд, ки дар он роҳ мушкилиҳои бехисобе пеш ома два роху усулхои гуногун истифода шуданд. Аз ҷумла ҳайатҳои гуногуни ҳайатҳои мартабаи давлати 21-маротиба, ки кариб 5-солро дар бар мегирифт,бо роҳбарии мухолифони тоҷик дар Москову Кобул,Техрону-Алмаато,Бешкеку-Ашкобод ва дигар маҳалу мавзеҳо гузаронида шуданд.Окибат давраи ниҳоиро 27-уми июни соли 1997 Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Иттиходи мухолифи тоҷик, шодравон Саид Абуллоҳи Нури дар шахри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфахмиву ҳамдигарбахши, сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустакил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созем. Пас аз анҷоми иҷлосия вазифаи аввалиндараҷа-пойдор гардонидани сулҳ буд, ки дар ин роҳ мушкилиҳои беҳисобе пеш омад ва роҳу усулҳои гуногун истифода шуданд. Аз ҷумла, ҳайаҳои гуногуни мартабаи давлатӣ 21-маротиба, ки кариб 5 -солро дар бар мегирифт, ба роҳбарияти Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар Москову Қобул, Техрону –Алмаато, Бишкеку-Ашкобод ва дигар маҳалу мазеъҳо вохурда, шартҳои сулҳро мавриди муҳокима қарор медоданд. Оқибат давраи ниҳоиро 27-июни соли 1997 Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Иттиҳоди мухолифини тоҷик, шодравон Саид Абдуллоҳи Нури дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа ба мо муяссар гардид. Ба сарзамини ҷангзадаи тоҷикон сулҳи пойдор омад, тарафҳо хамдигарро ба оғуш кашиданд, кинаю адоватҳоро аз худ дур намуданд, хамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахши, ахд бастанд, ки минбаъд баҳри бунёдкорихои Ватан, сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, хатари парокандагии миллат ва ҳамчун давлати мустақил аз байн рафтани Тоҷикистонро бартараф созан.
Бо ҳукми таърих имруз мо амали гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи чаҳон мавкеъ ваэътибори ба худ хос дорад. Аз ин ру истиқлолияти давлатӣ барои мо- тоҷикон дастовард ва неъмати беъхтар мебошад ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддастарин медонем.
Сармутахассии маркази тести ва бақайдгирӣ Саидзода Раҷабали Ҳокимҷон