ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

«Истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад».

                                                                                                                                                                                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат ва шарафу номуси ватандорист.

       Миллати тоҷик то ба даст овардани ин неъмати бебаҳо роҳи дарозу пурмашаққатро тай намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани он низ ҷоннисориҳо кардааст. Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бархӯрди манфиати гурӯҳҳои мухталиф ба вуҷуд омада, давлатро як буҳрони сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифт. Бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърихи Тоҷикистон саҳифаи навини худро боз кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин як давраи басо мушкил масъулияти бузургро ба зиммаи хеш гирифта, ба он муваффақ шуд, ки манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳалливу минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифт.

     Яке аз аввалин суханони раиси навинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки “Ба хотири барқарории сулҳ ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро фидо кунам”.

      Ин аст, ки бисёре аз давлатҳои ҷангзада дастоварди нодири сулҳи моро намунаи мактаби сулҳофарӣ арзёбӣ намуда, мавриди таҳқиқ ва истифода қарор медиҳанд.

     Новобаста аз нобасомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии солҳои аввали истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли минбаъда тавонист сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, ба эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсонро эътироф, риоя ва ҳифз карда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.

     Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд қонуни асосӣ ва ё конститутсияи худро дошта бошад. Халқи тоҷик ҳам, ки чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи навини худро қабул намуд. Дар Констититусия, ки то имрӯз мавқеи олии худро нигоҳ доштааст, боби алоҳидае ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати яке аз конститутсияҳои мукаммал дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

   Дар замони мустақилият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва хифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, дар баробари қонунгузории миллӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ ба тасвиб расида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

      Яке аз дастовардҳои дигари замони Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бо назардошти эътирофи принсипу меъёрҳои байналмилалии инсондӯстӣ татбиқ накардани ҳукми қатл мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 30 апрели соли 2004 ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон кард ва 15 июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид, ки мувофиқи он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл боз дошта шуд.

     Иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи сиёсати иҷтимоӣ амалӣ намудани барномаҳои мухталиф барои беҳтарсозии шароити зист ва табобати шахсони аз лиҳози саломатӣ имкониятҳояшон маҳдудро низ аз назари эътибор дур намондааст.

     Инчунин, дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, яъне онҳое, ки воқеан муҳтоҷи ёрӣ мебошанд, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ба шумор меравад, ки дар ҳар баромади сатҳи сиёсӣ ва оммавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ намудани ин сатҳи табақа дастуру ҳидоятҳои роҳнамокунандаро медиҳад.

      Бо мақсади фароҳам овардани имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа, инчунин пешбинӣ намудани кафолатҳои васеи давлатӣ барои маъюбон таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010 қабул карда шуд.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро 28 ноябри соли 2001 ба тавсиб расонида, барои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2015» қабул намуд.

      Дар ин самт давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста иқдом менамояд. Ин буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми пайвастаи худро барои ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон равона намуда, мақомоти махсус – Хадамоти муҳоҷират таъсис намуд, ки қадами устуворест дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо.

     Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дошта, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт як қатор чораҳои дахлдор андешидааст.

      Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро баҳри ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон равона намуда, барои некӯавҳолии онҳо ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ тадбирҳои ҷадидеро арзёбӣ менамояд.

      Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати мутамаддини тоҷик боз дар ватани аҷдодии худ – Тоҷикистони азиз ҷамъ омад ва арзишҳои миллии худро аз сари нав эҳё намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намуд.

     Мо - фарзандони миллати тоҷикро зарураст, ки бо заҳмати софдилона ватани худро ободу зебо гардонида, онро пешрафтаю қавӣ намоем, аз ҳар гуна хатарҳои ғаразноки душманон эмин нигоҳ дорем. Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ моро мебояд, ки бо худогоҳиву ҳудшиносӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар пайи муҳофизати меҳану миллати азизамон бо тамоми имконоти ақлониву ҷисмонӣ содиқона хизмат намоем. Зеро, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дигар арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси диёр ба ҳисоб меравад.

Фирӯзи Сулаймонӣ – н.и.т., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир.