НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ОМӮЗИШИ ИЛМУ ДОНИШ, КАСБОМӮЗӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.

       “Устодону омӯзгорони арҷманд! Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям,ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед дар навбати аввал, ба маъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доими ва ҷидди зоҳир намоед” (аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Дониш 01.09.2023, ноҳияи Данғара)

       Воқеан ҳам, тоҷикон табиатан ва аз қадим нисбат ба омӯзгор ва пешаи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд ва миёни эшон устодон ҳамеша соҳибэҳтирому садрнишин будаанд. Ниёгони хирадоини мо мартабаи устод – омӯзгорро, ҳатто болотар аз мартабаи падар донистаанд, ки ин далели барҷастаи эътиқоду эътимоди баланди мардум нисбат ба аҳли таълим аст. Ба ин маънӣ шоири номвар Камолиддин Биноӣ фармудааст:
                           Ҳаққи устод аз падар беш аст,
                           В-аз падар устод дар пеш аст.
          Дар замони мо таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба омӯзгорон ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз файзи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам афзудааст. Сарвари кишвари маҳбуби мо аз нахустмарҳилаи фаъолияташон маорифро “соҳаи афзалиятнок” эълон намуда, ба ислоҳоти кулли ин соҳаи  тақдирсози миллат  асос гузоштанд. Пешвои  муаззами  миллат омӯзгоронро “афрӯзандаи машъали илму дониш” ва “равшанкунандаи хиради башар” номида, бо камоли ихлосу эҳтиром таъкид бинмудаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асоси он мебошад. Вай  донишу заковат, гармии дилу худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз ин  хушбахт мешуморад. Имрӯз масъулияти омӯзгор боз ҳам афзудааст”. Воқеан ҳам ҳам истиқлоли кишвар  дар назди аҳли таълиму тарбия вазифаҳои бештару масъулиятбортар гузоштааст ва онҳоро мебояд, ки  барои дар руҳияи ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбиянамудани насли наврас  ва бо донишҳои муҳимми муосир мусаллаҳ намудани ояндасозони ҷумҳурӣ ҷидду ҷаҳди пайваста зоҳир намоянд ва дар ин самт аз навгониҳои соҳа, усулҳои фаъоли омӯзиш ва василаҳои дигари  таълиму тарбия пурсамар истифода баранд. Дар замони моки дар саросари олам пайваставоқеаҳои гуногуни пурихтилоф рух медиҳанд ва талоши нерӯҳои тахрибкору ифротгаро марҳила ба марҳила вусъат меёбад, тарбияи худшиносии миллӣ ва ҳуввияти миллии наврасону ҷавонон аҳамияти  махсус пайдо кардааст ва вобаста ба ин, нақши омӯзгорон ҳамчун роҳнамоёни роҳи ростин ва ҳидоятгари аъмоли нек боз ҳам барҷастатар гаштааст.  Фаъолияти хирадгустаронаи  омӯзгорон барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову маърифатҷӯ ва тахрибкор омили асосӣ маҳсуб меёбад.
        Вақте, ки сухан дар хусуси омӯзгори ҷӯяндаи беқарори илму фарҳанг меравад, пеши назар се типи олимоне мерасад, ки  онҳоро файласуф ва гуманисти англиси асри XVI Фрэнсис Бэкон чунин тасвир кардааст:
 - якум “олим тортанак”, ки ӯ як  умр ба лонасозӣ – тӯркашӣ машғул асту аз олами беруна бехабар ва маҳсули кори вай ба касе нафъ намеоварад;
 - дувум “олим - мӯрча” ӯ шабу рӯз аз пайи ғами зимистону парвариши насли худ шуда, хонаи зеризаминиашро бо ҳамагуна маводи даркориву нодаркор пур менамояд, меҳнати пурмашақати вай самарае намедиҳад;
 - севум “олим – занбури асал” ин махлуқи аҷоиби табиат баҳри ба даст овардани як қатрача асале ба масофаҳои  дурудароз парвоз карда, ба миллионҳо гулҳои  гуногун нишаста, ба азоби зиёде аз онҳо шаҳд ҷамъ карда, ба асал табдил дода, ба инсон ато менамояд.
Омӯзгор мисли занбури асал ба туфайли меҳнати ҳалол аз бисёр махзану сарчашмаи  тару тоза ғизои илмӣ  ҷамъ намуда, онҳоро кор карда, ҷавҳари онро дар лексия бояд истифода барад. Дар ин хусус Мирзо Бедил фармудаанд:
               Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,
               Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.
        Омӯзгор ба мо илму адаб меомӯзад ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ӯ ҳамеша пешрафти моро мехоҳад ва барои амалӣ гаштани ин мақсад ранҷ мекашад, ба ҳамаи шогирдон бо як чашм менигарад, дар мавридаш меҳрубонӣ мекунад ва агар зарурат пеш ояд, сахтгир аст. Ин ҳама ба манфиати кор аст.

      Мо аз ӯ дарси ибрат мегирем, устод дари донишро бароямон боз мекунад. Зиндагӣ моро ибратомӯз мебошад. Дар тӯли зиндагӣ ранҷу азоб ва мушкилоти зиёди инсонро ҳамеша пайгирӣ менамояд ва гоҳе ӯро дилшикаста низ мекунад. Инсон бояд бо нури маърифат ин мушкилиҳоро паси сар намояд ва дар ҷода саҳми муаллим беандоза бузург мебошад. Мо агар эҳтироми устодро ба ҷой оварем ва ба гуфтаҳояш гӯш андозем, албатта дар зиндагӣ комёб мегардем ва оқибат худ  дараҷаи устодиро дарёфт хоҳем кард. Ин нуктаро шоир Носири Хусрав хуб қайд кардааст:
              Ба шогирдӣ ҳар он кас шод гардад,
              Бувад рӯзе, ки худ устод гардад.
        Моро ҳидояти оқилонаи устод аз ранҷу бало амон мебахшад. Чашми хиради мо аз гуфтаҳои ӯ нур мегирад, адолатро аз разолат фарқ мекунад. Бе устод мо роҳи дурусти зиндагиро интихоб карда наметавонем ва ҳар лаҳза дар ин пайроҳа дар мемонем. Чунончи  Ҷалолуддини Балхӣ дар ин бора мефармояд:
              Кор бе устод хоҳӣ сохтан,
              Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
Муаллим офтоби нури маърифат мебошад ва ҷисми шогирдон аз он нерӯи тоза пайдо намуда, медурахшад. Аз нигоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ, муаллим ҳамаи хубиҳоро доро ва дар ҷодаи тарбияи маънавӣ беҳамто аст.
           Муаллим кист? – Ишқу кунҷи хомӯшӣ дибистонаш,
           Сабақ нодонию донодилам тифли сабақхонаш.
          Зи ҳар кас н- ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кӯҳе,
           Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
          Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро,
          Дареғо дар ҳама олам надонам кас забондонаш.
Пойдории ҷаҳон аз муаллим вобастагӣ дорад, ҳамаи пешрафти ҷомеа маҳсули фазилати устодон мебошад.  Бузургони адаб  ин маъниро ҳазор сол пеш баён намуда буданд:
               Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
              Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
        Хушбахтона, дар ҷомеаи мо барои фаъолияти бовусъати пурбаракати омӯзгорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. бунёдкориву созандагӣ дар соҳаи маориф ҳамвора густариш меёбад ва таълимгоҳҳо бо кулли ашёи муҳимтарин – аз барномаву китобҳои дарсӣ то таҷҳизоти техникиву лабараторӣ  таъмин мешаванд. Бо ҳадафи фароҳамоварии заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти кормандони соҳаи маориф ва дастгирии онҳо дар ҷумҳурӣ асноди зарурӣ ва раҳнамо аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳия ва тасдиқ шудаанд. 
         Боиси ифтихори мост, ки омӯзгорони шарафмандамон дар рушду ободии кишвар, вусъати созандагӣ ва мустаҳкамнамоии аркони истиқлоли ҷумҳурӣ нақши барҷаста доранд ва дар  тамоми маъракаҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолонаву эҷодкорона ширкат меварзанд. “Миллате, ки омӯзгорони асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад”- таъкид кардаанд Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Хушбахтона, сафи омӯзгорони асили миллати фархундаву тамаддунпарвари мо мунтазам меафзояд ва ин нишони минбаъд ба мақому мартабаҳои боз ҳам баландтар расидани кишвари азизи мост. 
Омӯзгорони муҳтарам! Дар фарҷом ҳар яки Шуморо бахшида ба иди касбиатон аз самими қалб табрику муборак бод намуда, ба Шумо саломатӣ, умри дароз, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиятон барору комёбиҳоро тамано менамоям.

Азизов Асомуддин.Ҷабборович – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара.