Муассисаҳои томактабӣ як қадами ивазнашаванда дар рушди кӯдак аст, ки ба тамоми ҳаёти ояндаи ӯ таъсир мерасонад, яъне ин раванди мақсаднокест, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кўдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад. [ Қонуни ҶТ «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» (АМОҶТ с.2013, №12, мод.900) ]
Мафҳумҳои асосии муассисаҳои томактабиро ёдрас намуда манфиати ин зинаро дар ҷомеа мехостам равшани андозам:
—таълиму тарбияи томактабӣ – раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кўдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кўдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад;
— синни томактабӣ – марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кўдак то расидан ба ҳафтсолагӣ;
— муассисаи таълимии томактабӣ – ташкилоте, ки барои кўдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи аввалия фаро мегирад;
— мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ– маҷмўи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кўдакони синни томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он муайян менамояд;
— стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ – санади меъёрие, ки талаботи ягонаро барои таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар менамояд;
— кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ – омўзгорон, мураббиён, мушовирон, кормандони тиббӣ, ёрдамчиёни мураббиён, дояҳо ва кормандони ёрирасони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ.
Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди муассисаи таълимии томактабӣ гузошта шудааст, ҷомеашиносии шахсияти кудак мебошад.
Маҳз дар кӯдакистон кӯдак ба кор бурдани малакаҳои муоширати худ шурӯъ мекунад, бо дигар кӯдакон муошират кардан, робита барқарор карданро ёд мегирад, бисёр чизҳои навро меомӯзад, ба ҷомеа мутобиқ мешавад, баён кардани фикрашро меомӯзад ва аз баёни онҳо дар назди омма шарм надошта иброз намояд. Дар кӯдакистон кӯдак таҷрибаи аввалини иҷтимоӣ ва малакаи муоширати худро бо ҳамсолон ба даст меорад, донишу малака меомӯзад ва ба мактаб омода мешавад. Кӯдакистон ба кӯдак имкон медиҳад, ки муносибатҳои инсониро амалӣ созад: қобилияти ба фикрҳои рафиқон розӣ шудан меҳнати ҳамсолони худро писандидан дилсӯзию, рафоқатро дар кудакон ба воя расонидан ба ҳамсолон ҳамфикр будан коллективона корҳои ба синну солашон мувофиқро анҷом додан шахсияти худро ҳифз намудан фикри худро пешниҳод карда тавонистан дар ҷамъият худро гум накардан аз худ фахр карданро ёд мегирад пайдо намудани маҳорати бартараф кардани муноқишаҳои ба вуқуъ омадаро муошират бо ҳамсолонро ёд мегирад дар гуруҳ чи гуна рафтор карданро ёд мегирад. Дар муасисаҳои томактабӣ кудак, пеш аз ҳама, имкони муошират бо ҳамсолон, дохил шудан ба гурӯҳро ёд мегирад, ки ин шароити басо фароҳам барои шинохти шахсияти худи кудак мебошад. Гарчанде, ки шуморо кудакони дигар ба муоширати фарзандатон намеписандед аммо, барои ташкили фазои ором ва ворид шудан ба дунёи кудаконаи худ метавонед барои фарзандатон фароҳам биёред. Аз сесолагӣ имконияти ташаккули фарзандатонро барои шинохти шахсияти худаш ва бо кудакони дигар муошират карданро шумо падару модар вазифадор ҳастед, ки барояш муҳайё созед. Дар синни чорсолагӣ кудаки солим худаш сайъ мекунад, ки фазои хонаро ба кӯча иваз намуда онро васеътар намояд.
Дар муассисаҳои томактабӣ кӯдак на танҳо бо кӯдакони дигар, балки бо калонсолон низ муошират карданро ёд мегирад. Таҷрибаи муошират бо муррабӣ-омӯзгор дар кӯдакистон ба кӯдак дар оянда кӯмак мекунад, ки дар барқарор кардани муносибат бо муаллимони мактаб ба ин мушкилот рӯ ба рӯ нашавад. Дар муассисаҳои томактабӣ кудак бо қоидаҳои муайяни рафтор шинос шуда, риояи онҳоро меомузад. Дар муассисаҳои томактабӣ ба кӯдак барои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонӣ имконият фароҳам меорад. Расмкашӣ, моделсозӣ, тарҳрезӣ, рушди нутқ, дарсҳои мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ - ин маҷмӯи минималӣ аз ҷониби муассисаҳои томактабӣ низ дода мешавад. Дар шароити имрӯза ба мо имконияти тарбия ва таълими кудак аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҷисмони шояд дастрас бошад, аммо танҳо агар шумо дар ҳақиқат ба ин кори хеле ҷиддӣ иҷтимоишавии кудакро фаромуш насозед.
Нуқсони мушкилислоҳшаванда дар тарбияи хонагӣ на рушди зеҳнӣ ё ҷисмонии кӯдак аст, балки фаромушшавии иҷтимоишавии ӯст. Ва ҷаҳони кӯдакро танҳо бо муҳити хона маҳдуд кардан ғайриимкон аст. Танҳо дар кӯдакистон кӯдаки шумо муошират карданро бо дигар кӯдакон, вохӯрдан бо одамони ношинос, бозӣ кардан, риоя кардани қонуниятҳо ва қоидаҳои бозӣ, бо навбат истифодаи бозичаҳо ва дар ҳолати зарурӣ ҳимояи шахсияти худ ва манфиатҳои шахсии худро ёд мегирад. Инҳо меъёрҳои хеле муҳими рушди иҷтимоии ӯ мебошанд. Кӯдакистон ё муассисаи томактабӣ барои кудак як қадами ивазнашаванда дар рушди ӯст, ки ба тамоми ҳаёти ояндаи ӯ таъсир мерасонад.
Кӯдак бояд ба боғча равад!
Вазифаи асосие, ки ба зиммаи ҷомеа гузошта шудааст, ҷамъиятикунонии кудак мебошад. Маҳз дар кӯдакистон кӯдак бо кӯдакони дигар муошират мекунад ва муносибат карданро ёд мегирад. Ӯ якдигарфаҳмиро меомӯзад, ки на ҳама чиз дар ҷаҳон бояд танҳо ба ӯ таалуқ дорад. Ин душвор аст, вале дар тарбияи кудакон зарур мебошад. Мефаҳмад, ки барои ноил шудан ба чизе (бозичае, ки ба ӯ маъқул аст бояд ба даст овардани он бозича хоҳиш кунад, интизор шавад, бозичаро бояд нашиканад) бояд кӯшиш кунад, хоҳиш кунад.
Дар ин чо кудак дар ҳаёт, муошират карданро меомузад, бисёр чораҷуиро меомӯзад, ба бегонагон бовар кардан, эҳтиёт шуданро ёд мегирад яъне ба ҷамъият мутобиқ мешавад, хусусиятҳои бахелӣ, ҷанҷол карданро, гирёнчакиро, беэҳтиётиро, ҳар вақт ба падару модар хабаркаширо дар худ хомуш мекунад, баён кардани фикрашро ёд мегирад ва аз баёни он дар назди омма шарм намедорад.
Вазифаи дуюм риояи реҷаи ҳаррӯза аст. Манфиати кӯдакистон маҳз дар риояи реҷаи ҳаррӯза аст, зеро он асосҳои тарзи ҳаёти солим – ғизои саривақтӣ, хоб, сайругашт дар ҳавои тозаро меомӯзад.
Ғафурова Дилором Ҷаборовна
Мудири кафедраи педагогика ва психологияи
Донишгоҳи давлатии Данғара