28 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муаррифӣ намуданд. Ин паём, ки дар бинои нави Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун як санади стратегӣ барои идомаи рушди устувори Тоҷикистон хидмат мекунад. Пешвои миллат бо баррасии вазъи кунунии кишвар, дастовардҳои назаррас ва таҳдидҳои берунӣ, дурнамои рушди Тоҷикистонро бо ҳадафҳои прогресивию прагматикӣ пешниҳод намуданд. Рушди иқтисод ва саноат. Тоҷикистон дар солҳои охир ба пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид. Соли 2024 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 150 миллиард сомонӣ расид ва суръати рушди воқеии иқтисод 8,4%-ро ташкил дод. Ин нишондодҳо, ки аз ҳисоби татбиқи стратегияҳои миллӣ, сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба даст омадаанд, самаранокии сиёсати давлатро нишон медиҳанд.
Дар панҷ соли охир беш аз 2040 корхонаи саноатӣ сохта шуда, 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди иқтисод бояд дар соли 2025 бо суръати на кам аз 8% таъмин гардад. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва коҳиши содироти ашёи хом чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳадафи асосӣ ташкили иқтисоди рақобатпазир ва саноатикунонии босуръат мебошад. Пешвои миллат бо мисолҳои равшан нишон доданд, ки кишвар метавонад бо истифодаи самараноки захираҳои табииву инсонӣ ҳадафҳои стратегии худро амалӣ намояд. Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия. Рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон гардид. Солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуданд. Дар ин раванд, инфрасохтори рақамӣ то шабакаҳои 5G инкишоф меёбад, махзанҳои маълумоти миллӣ таъсис дода мешаванд ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра рақамӣ мегарданд. Ҳамчунин, истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми давлатӣ ва бахши хусусӣ густариш меёбад. Барои омодасозии мутахассисон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, Пешвои миллат таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд. Ин муассиса бояд ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи рақамикунонӣ ва барномасозӣ равона шавад. Ҳамзамон, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаҳо ва кафедраҳои марбут ба технологияи рақамӣ таъсис дода хоҳанд шуд.
Таъмини амнияти энергетикӣ. Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба истиқлоли энергетикӣ наздик мешавад. Бунёди неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Себзор” ва дигар манбаъҳои “энергияи сабз” идома дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки то соли 2027 норасоии неруи барқ пурра бартараф гардида, кишвар ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасад. Дар соли 2025, иқтидорҳои энергетикии кишвар тавассути бунёди неругоҳҳои нав, аз ҷумла неругоҳи офтобии Суғд бо иқтидори 200 мегаватт, густариш хоҳанд ёфт. Ҳамзамон, навсозии неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” идома дорад, ки иқтидори онҳо низ афзоиш хоҳад ёфт. Энергетика на танҳо манбаи рушди иқтисод, балки асоси истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши энергетика ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Соҳаҳои иҷтимоӣ: Маориф ва тандурустӣ. Соҳаҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар соли 2024 ҳаҷми хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 19 миллиард сомониро ташкил дода, 43%-и буҷети давлатиро дарбар мегирад. Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки дар соли 2025 маоши кормандони муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ то 30% афзоиш ёбад. Маориф ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус пайдо кардааст. Дар панҷ соли оянда бо мақсади фарогирии 50%-и кӯдакони синну соли томактабӣ, 800 муассисаи томактабӣ ва зиёда аз 1000 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд карда мешаванд.
Соҳаи тандурустӣ низ бо суръати баланд рушд мекунад. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 3000 муассисаи нави тиббӣ сохта шудааст. Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат супориш доданд, ки мушкилоти муассисаҳои тандурустӣ пурра бартараф карда шаванд. Ҳамзамон, таъмини таҷҳизоти муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Рушди фарҳанг ва нақши он дар ҷомеа. Фарҳанг ҳамчун яке аз сутунҳои асосии миллат, дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хос дошт. Пешвои миллат таъкид карданд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва рушди он ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа мусоидат мекунад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз соли 2000 то соли 2024 маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг аз 13 миллион сомонӣ ба 1,7 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Ин афзоиш на танҳо нишондиҳандаи рушди иқтисодӣ, балки шаҳодати эътибори махсуси давлат ба фарҳанги миллӣ мебошад. Дар даврони истиқлолият, беш аз 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона ва 61 боғи фарҳангу фароғат бунёд ва азнавсозӣ шудаанд. Танҳо дар се соли охир, бахусус, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, 167 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла қасрҳои фарҳанг ва китобхонаҳо, таъмир ва бунёд гардиданд. Сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар Душанбе идома дорад ва ният аст, ки онҳо дар ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Ҳамчунин, Китобхонаи миллӣ ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои фарҳангии минтақа фаъолона хидмат мерасонад.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки фарҳанги миллӣ агар заиф шавад, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад. Бо ин мақсад, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи мероси таърихиву фарҳангиро дар авлавият қарор додааст. То имрӯз зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Ҳамчунин, Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳифз ва тарғиби ин мерос машғул аст. Рушди ҷавонон ва сайёҳӣ. Ҷавонон ҳамчун неруи асосии ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Ҳоло 49%-и хизматчиёни давлатӣ ва 61%-и кормандони кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пешвои миллат ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илму технология ва иштирок дар лоиҳаҳои инноватсионӣ даъват намуданд. Соҳаи сайёҳӣ, ки соли 2024 беш аз 1,4 миллион сайёҳро ҷалб намуд, ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисод муайян шудааст. Пешвои миллат таъкид карданд, ки инфрасохтори сайёҳӣ бояд тақвият ёбад. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд густариш ёбад. Амният ва дипломатияи байналмилалӣ. Таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумат аст. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тақвият ёбад. Дар самти сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Дар соли 2025 Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Хулоса, Паёми Пешвои миллат ҳамчун санаде, ки дурнамои рушди Тоҷикистонро равшан месозад, аҳамияти бузург дорад. Пешвои миллат бо таъкиди муҳимияти рушду суботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба ҳамкории наздики давлат ва ҷомеа барои амалӣ кардани ҳадафҳои стратегии миллӣ даъват намуданд. Агар ин нақшаҳо пурра иҷро шаванд, Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилалӣ ба кишвари пешрафта ва устувор табдил ёбад.
Ҳамин тариқ, ин Паём як барномаи мушаххасест, ки ҷомеаро барои рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлолияти кишвар ҳидоят мекунад. Бо иҷрои дақиқи супоришҳо, Тоҷикистон метавонад намунаи рушди устувор дар минтақа бошад.
Фирӯзи С.Д. – н.и.т., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосири Донишгоҳи давлатии Данғара.