ПАЁМ – РОҲНАМО БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ НЕКУ СОЗАНДА

Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар давраи имрӯзу оянда ба таври мукаммалу возеҳ муайян намуд. Дар ҳақиқат Паёми имсола бо мазмуну мундариҷа ва мӯҳтавои хеш аз дигар паёмҳои пешин фарқ мекунад.

Қайд гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар соли 2024 ба беш аз 150 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.Бо мақсади гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ, технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад. Дар Паём ғайр аз ин тамоми паҳлӯҳо, самтҳо, вазифаҳо, ташаббусҳо, иқдомҳо, роҳнамоиҳо, уҳдадориҳо ва дигар масъалаҳою мушкилоти давлату Ҳукумат, ҷомеа, ҷаҳони муосир ва шаҳрвандон ба таври ҳақиқӣ инъикос гардида буданд.

Якум. Ҳадафи якуми стратегии мамлакат яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки бо мақсади расидан ба ин ҳадаф ба истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқӣ обии хурду бузург, 1,5 км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маъмӯъ 75 фоизи инфрасохторҳои энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Яъне, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат бо таҷдиду навсозии НОБ-ҳои Норак ва Қайроқум, ки то имрӯз 2 агрегати неругоҳи “Норак” ва 3 агрегати неругоҳи Қайроқум пурра навсозӣ карда шуд, дар соли 2025 180 мвт зиёд мегардад. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтонии неругоҳи Роғун ба анҷом расонида шудаанд. Дар ҳақиқат, ба кор андохта шудани 2 агрегати НБО Роғун 16 ноябри соли 2018 ва 9 сентябри соли 2019, таҷдиди НБО “Норак” ва НБО “Қайроқум”, идомаи тадбиқи лоиҳаи НБО “Норак” ,таҷдиди НБО “Сарбанд” ва идомаи корҳо дар бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ки дар Паёмҳои пешин баррасӣ гардида буданд, иҷро гардиданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли Неруӣ барқ дар замони соҳибистиқлолӣ чандин баробар афзоиш ёфт. Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Роғун ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.-қайд гардид дар Паём.

Вале мо бояд ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи қувваи барқ ҷиддӣ масъулият ҳис намоем. Ва ба талафоти беҳудаи нерӯи барқ роҳ надиҳем. Агар ҳар як оила ва ҳар як корхонаву муассиса ё ташкилоту идора ба ҳисоби миёна дар 1 шабонарӯз 10 КВТ, қувваи барқро сарфа намояд, дар миқёси мамлакат ҳаҷми умумии сарфаи нерӯи барқ ба миллионҳо КВТ, мерасад.

Дуюм. Ҳадафи дуюми стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, ки тавре ки дар Паём омадааст: “Соли 2024 155 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба истифода дода шуданд, ки аз ҷумла роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод, Бохтар-Левакант-Лолазор-Данғара бунёд гардида, навсозии роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор оғоз гардид”.

Дар ҳақиқат амалӣ гардидани ҳадафи муҳими стратегии мамлакат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ имкон дод, ки роҳҳои автомобилӣ, роҳҳои оҳан ва дар маҷмуъ роҳҳои транзитӣ мо бо кишварҳои минтақа, Осиё, Аврупо, Австралия ва дигар минтақаҳо роҳҳои хушкиву баҳрӣ, пулҳо дошта бошем ва бо ин васила воридоту содироти маҳсулоту масолеҳҳои – заруриро ба роҳ монем. Ғайр аз ин сохтмони роҳҳои мошингарди замонавӣ ва пулҳо, нақбҳо имкон медиҳад, ки мо ба чунин имкониятҳо ва пешравиҳо ноил гардем:

­ - бемамониат расидан ба мавзеҳои муайяншуда

­ - бехатарии роҳҳо дар тамоми фаслҳои сол

­ - сарфа намудани сӯзишворӣ

­ - сарфа намудани вақт

­ - барқарор намудани муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни минтақаҳо

Натиҷаи ҳамин аст, ки омадааст дар Паём тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ аз рӯйи сифати роҳҳо дар миёни 166 давлат аз зинаи 50 ба зинаи 44 баромад.

Сеюм. Ҳадафи сеюми стратегии мамлакат ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мебошад. Новобаста ба он ки дар шароити ду соли охир дар мамлакат пайи ҳам хушксоливу камобӣ ба вуҷуд омад, вале имрӯз зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба бахши хусусӣ рост меояд, маҳз бо шарофати заҳмати кишоварзон фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд.

Пешвои миллат қайд карданд, ки нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 сол аз соли 2019 то соли 2024 1,9 баробар афзудааст. Вале бо вуҷуди ин моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайи ҳам таъсири худро ба болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон мерасонад.Бинобар ин пешниҳод гардид, ки барномаи амнияти озуқавории мамлакат барои 5 соли оянда қабул ва амалӣ карджа шавад.

Дар ҳақиқат ин рақамҳои овардашуда мутлақо дуруст ва айни муддаост. Зеро, ҷои шубҳа нест, ки мо солҳои пеш миқдори ниҳоят зиёди гушти парандаи аз нигоҳи ғизо пастсифатро аз дигар давлатҳо ворид менамудем. Имрӯз бошад, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, акнун гушту тухми аз парранда истеҳсол мекардагии мо аз нигоҳи экологӣ ва беҳдоштӣ тоза ва серғизо буда, ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ мебошад, зеро онҳо истеҳсоли худӣ мебошанд.

Чорум. Ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат саноатикунонии босуръати ҳисоб меравад. Тавре дар Паём омадааст: Дар доираи ҳадафи стратегӣ дар 5 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 млрд сомонӣ ба 53 млрд сомонӣ расонида шуд, ки қариб 2 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаҳои саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар ҳақиқат дар ҳолати саноатикунонӣ мо якбора ба ду ҳадаф мерасем, ҳам амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад ва ҳам кишвари мо метавонад ба яке аз кишварҳои муттарақии ҷаҳон табдил ёбад. Саноат дар асл соҳаи хеле муҳим ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Масалан, барои харидани як трактори тамғаи “Беларус” мо маҷбур ҳастем, ки 150 тонна ангури баландсифатро фурӯшем, ки истеҳсолу парвариши ин миқдор ангур аз деҳқон чӣ қадар заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Дар ноҳияи Данғара сохта ба истифода дода шудани ду корхонаи калони шир, корхонаи муштараки “Ҷунтай-Синсилу-Данғара-Текстил”, корхонаи мурғпарварии “Мармарӣ” ва даҳҳо дигар корхонаҳои саноатӣ боиси таъмин гардидани шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ гардида, сатҳи зиндагии мардум низ тадриҷан рӯ ба афзоиш ёфт.Дар баробари ин мо медонем,ки давлатҳои мутараққӣ, ба монанди ИМА, Россия, Олмон, Чин, Англия, Фаронса, Италия ва дигар давлатҳо маҳз давлатҳои саноатӣ мебошанд ва дар натиҷаи рушди саноат дар ин кишварҳо соҳаҳои дигар низ тараққӣ кардаанд.

Дар Паёми имсола дар баробари соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту сохтмон ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла маориф, илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш, фарҳанг, ҷавонон, занон, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои ҳақиқӣ дода шуда, ин соҳаҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Пешвои муаззами миллат бисёр дуруст ва саривақтӣ қайд карданд, ки Модар фариштаи муқаддас ва беҳтарину наздиктарин инсон барои ҳар як фард маҳсуб меёбад. Ҳурмату эҳтироми модарон бояд дар вуҷуди ҳар як инсон ҳамчун қарзи фарзандӣ дар дилу дидааш ҷой гирад. Ягон шахс ҷойи модарро гирифта наметавонад. Дастур дода шуд, ки ҳатман баъд аз сари падару модар аз аҳволу зиндагии апаву хоҳар ҳатман хабардор шудан лозим аст. Зеро мо мушоҳида мекунем, ки имрӯзҳо дар ҳақиқат меҳру муҳаббати бародариву хоҳарӣ коста гардидааст. Дар марҳилаи кунунии пешрафтаи Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дунявӣ нақши калидӣ мебозад

Роҳбари давлат дар Паёми соли 2020 гузашта пешниҳод намуда буд, ки 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 2 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушди инкишофи таълиму тарбия ва дастгирии мактабу омӯзгор мусоидат менамояд. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯён ба зиёда 214 ҳазор расидааст. Ҷаноби олӣ инчунин супориш доданд, ки масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон, истифодаи технологияи муосир, технологияҳои муосир, технологияҳои рақамӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шаванд. Барои ҳамин дар Паёми имсола низ Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо бе рушди соҳаи маориф ягон қадам ба пеш рафта наметавонем. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию фирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Дар ин росто Пешвои миллат дар бораи бартарии ихтироот ва технологияи кишвареро мисол овард, ки хонандагону донишҷӯёнаш аз он ҳунарашон ба кишвар маблағи калони пулӣ ворид менамоянд.

Дар ҳақиқат, агар аз нуқтаи назари таҳлили ҷиддии сотсиологӣ, демографӣ ва ҷуғрофии омӯзиши амиқу дақиқу мукаммали ин силсилафанҳо ва фанҳои техникӣ назар афканем, мутаасифона ҳоло ҳам омӯзиши ин фанҳои марбута дар кишварамон назар ба давлатҳои абарқудрати дунё ба монанди ИМА, Япония, Олмон, Фаронса, Федератсияи Россия, Италия, Англия ва дигарон нисбатан дар сатҳи нигаронӣ қарор дорад.

Шояд сабаб он бошад, ки мутахассисону олимони соҳаҳо аз таҷрибаҳои олимони бузурги олам кам истифода мебаранд, роҳҳо ва усулҳои беҳтарини омузиши мукамали ин фанҳоро ба таври замонавӣ пурра ба роҳ намондаанд ва инчунин алоқаи муассисаҳои таълимӣ бо истеҳсолот суст ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки хонандагону донишҷуён аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ риёзӣ ва техникӣ донишҳои назариявӣ дошта, донишҳои амалӣ, эҷодкорӣ, ихтироъкориашон нисбатан сусттар аст. Мо омӯзгорону олимонро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, сатҳу сифати донишазхудкунии хонандагону донишҷӯёнро аз ин фанҳо ба дараҷаи меъёрҳои ҷаҳонӣ баланд бардорем, назарияро бо амалия пайваст намоем, то ин ки дар оянда наврасону ҷавонон ихтисосмандони дорои тафаккури баланди зеҳнӣ, ихтироъ корон, эҷодкорон, ҳунармандони асил, дорандагони медалҳои ифтихорӣ то дараҷаҳои барандагони ҷоизаҳои байналмилалӣ ва аз ҳама муҳимаш мутахассисони арзандаи пешбурди тамоми самтҳои мухталифи хоҷагии халқ гарданд, то ин ки кишвари мо низ тавонад истеҳсоли маҳсулотҳои саноатиро ба монанди мошинҳо, тракторҳо, автобусҳо, тролейбусҳо ва дигар механизмҳоро мустақилона истеҳсол ва содирот намояд. Ман фикр мекунам, ки ин аст яке аз мақсаду мароми пешниҳоди Пешвои муаззами миллат оид ба амалигардонии ин барнома.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ Хайрзода Ш.Қ зимни бо устодону донишҷӯён фаҳмонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле бомаврид ва бо рақамҳо ва андешаҳои ҷолибу пурмазмун ба ҳозирин таъкид кард.

Яъне, агар ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззам дар тамоми кишвар иҷро шавад, яъне мардум ба ҳунар ё шуғле фаро гирифта шаванд, сатҳи камбизоатӣ аз 21%-е, ки дар Паём ишора гардид, боз ҳам поён мефарояд.

Сабаб чист? Ба андешаи банда расидан ба чунин нишондиҳандаҳои нек аз иқдомҳои наҷибонаю башардӯстона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад, ки дар ин росто омилҳои зерин амалӣ гардиданд:

1.Хеле маҳдуд гардидани ҳаҷми маҳсулотҳои воридотии хуроквории бесифат ва химиконидашудаи хориҷӣ барои шаҳрвандон

2.Шароити мусоиди кору истироҳати шаҳрвандон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ

3.Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулотҳои озуқавории табиии худӣ

4.Пешгирӣ аз одатҳои зарарнок ба саломатӣ - тамокукашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, ва ғайраҳо.

5.Ҳимоя ва дастгирӣ гардидани соҳибкорон ва кишоварзон

6.Баланд гардидани технологияи сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ ва ғайраҳо

Дар Паём ишора гардидааст, ки “Фарҳанг ҳастии миллат аст” Дар ҳақиқат фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбуёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки“Шашмақом”,“Фалак”, Наврӯз, Тиргон, Сада, Меҳргон аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.

Албатта бисёр хуб аст, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумат қисме аз онҳо, аз ҷумла шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон, Шашмақом, Наврӯз,Оши палав, Чакан, Фалак, Атласу адрас қалъаҳои Ҳулбуку Муғ, ҷашнҳои Меҳргону Сада, Тахти Сангин, Рӯбобсозӣ ва рӯбобнавозӣ низ ба феҳристи умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуд.

Ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар бояд аз чунин меросҳои таърихию фарҳангии мамлакатамон ифтихор намоем ва ба қадри онҳо бирасем ва худамон дар ҳифзи арзишҳои миллиамон амалан саҳм гузорем.

Тавре айён аст, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ буда, аз тарафи давлату ҳукумат ба ин соҳа ҳамчунин соҳаи афзалиятнок баҳогузорӣ карда мешавад.Ин нуқтаро Пешвои миллат борҳо ва дар Паёми пешина низ қайд намудаанд.

Аз 1 сентябри соли 2025 ба андозаи 20-30фоиз зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи маориф ва стипендияи донишҷӯён боз як ғамхории Пешвои миллат нисбат ба омӯзгорон ба шумор меравад.

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат комиссияи санҷишӣ оид ба сатҳу сифати дарсҳои омӯзгорон ва донишазхудкунии донишҷӯён таъсис дода шуда, натиҷагирӣ оиди ин масъала идома дорад. Агар, мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар олам ҳамчун кишвари тамаддунофару фарҳангдӯст, созандаю ободкор, пешрафтаю гулгулшукуфон ва мардумаш меҳмонннавоз шиносанд, бояд ба ҷавонону наврасон забонҳои русӣ ва англисиро ба дараҷаи баланди технологӣ омӯзонем. Ин амалро таъҷилан иҷро намуда, роҳу усулҳо, маҳорату малакаҳо ва татқиқотҳои илмию методиро ҷиҳати омӯзиши пурраю мукаммали ин ду забони байналмилалӣ ёфтанамон ҳатмист. Зеро ба андешаи Пешвои миллат тоҷир ё соҳибкоре, ки забони англисӣ ё русиро намедонад, пас вай читавр метавонад дар рушди соҳибкории ватанӣ саҳмгузор бошад?

Пешвои миллат дар Паёми имсола низ чун паёмҳои пешин аз мушкилоти радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ, терроризм ва экстремизм, шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ нигаронӣ карданд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки, мо ифтихор дорем ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд.Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа буда, маҳз онҳо масъулияти фардои кишварро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо қайд карданд Ҷаноби олӣ аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъда низ дастгирӣ мекунем, зеро ҳоло 61 фоизи кормандони умумии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ҳақиқат, мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки дар кишвар сар зада, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳамчун сабақи талхи таърихӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аз ин лиҳоз бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташакили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият доданамон лозим аст.

Вале, дар ин масъала мардум низ бояд бетараф набуда, мо ҳамагон вобаста ба касбу кор ва синну сол ҳамчун ҳуқуқи Конститутсионии хеш вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи Ватан-Модар якҷоя бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуби ба кишвару миллат хатардошта мубориза барем ва ин амалҳои хатарнокро пешгирӣ намоем.

“Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад...”. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардад ва бо ин васила симоҳои шаҳру деҳаҳо ва шаҳракҳо беҳтару зебо гардонида шаванд. Ин таъкиди барҷост. Зеро тоҷикон дар масири таърих ҳамчун халқи дорои санъату ҳунар ва маданияти баланди меъморию шаҳрсозӣ буданд. Ва ин анъанаҳои аҷдодону ниёгони қадимию пештараамонро мо имрӯз метавонем ва вазифадорем, ки идома диҳем ва ба санъати қадимаю тамаддуни хеш арҷ гузорем.

Дар ин росто, андешаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро тақвият бахшида, тавсия медиҳам, ки бигузор машғулиятҳои амалии донишҷӯёне, ки дар бахшҳои меъморию сохтмонӣ ва дизайнерӣ таҳсил менамоянд, мунтазам дар истеҳсолот (корхонаҳо ва муассисаҳои давлатию хусусӣ) гузаронида шаванд. Ин имкон медиҳад, ки алоқаи илму истеҳсолот бо ин васила боз ҳам ғанӣ гардида, мутахасисони лаёқатмандро тайёр намоем.

Мо дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ чорабиниҳо ва маҳфилҳои “Вохӯри бо шоирон”, “Вохӯрӣ бо нависандагон” мегузаронем, вале чаро маҳфили рӯ ба рӯи “Вохӯрӣ бо меъморон ё сохтмончиён” ва ё соҳибкорон нагузаронем?

Дар ин росто, дар Донишгоҳи давлатии Данғара, ки аз рӯи 49 ихтисос мутахассисони гуногуни хоҷагии халқро дар риштаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, ҳуқуқӣ, сохтмону саноатӣ ва меъморӣ, омӯзгорӣ ва дигар ихтисосҳо омода менамоянд, чунин вохӯриҳо бо мутахассисони гуногун, аз ҷумла меъморону сохтмончиён ва муҳандисон ташкил ва гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ бо нозукиҳои касбҳои интихобнамудаи хеш аз наздик ошно гарданд.

Ба андешаи ман мо бояд саҳми ин қишри ҷомеъаро дар касбинтихобкунии хонандагон ва сайқал додани маҳорати касби донишҷуён ба назар гирем.

Дар Паём зикр шудааст, ки “...Силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст”. Дар ин росто, ман фикр мекунам, ки ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об пеш аз ҳама вазифаи олимони кишвар мебошад.

Дар ҳақиқат 5 ташаббуси глобалии марбут ба об:

1.Соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”

2.Солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”

3.Соли 2013 соли ҳамкориҳо дар соҳаи об

4.Солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”

5.Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Тоҷикистонро дар арасаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори мушкилоти глобали об муаррифӣ намуд, ки ин шоистаи ифтихор аст. Дар ин росто Пешвои миллат дар Паём қайд карданд, ки моҳи апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва иқлим доир хоҳад шуд.

Гарчанде, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об дар ҷаҳон ҷои ҳафтум, дар минтақа ҷои якум ва двр байни давлатҳои ИДМ ҷои дуюмро ишғол намояд ҳам, вале, мақсаду мароми Пешвои муаззами миллат дар масоили мушкилоти об ин ҳифзу ҳимояи шаҳрвандони тамоми олам аз истифодаи оби ифлос, таъминоти башар бо оби тозаи ошомиданӣ ва дарёфти роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои оби кураи замин мебошад.

Дар Паём нақши забон ҳамчун забони шево ва шоиронаи тоҷик, гавҳари бебаҳо ва ҳастии миллат дарҷ гардидааст. Дастур дода шуд, ки барои омӯзиши забони модарӣ ва ҳам забонҳои русиву англисӣ таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир карда шаванд.

Китобхонӣ дар кишвар бояд характери оммавӣ пайдо кунад. Зерро китоб низ мисли парчаму нишон ва суруди миллӣ муқаддас аст ва онро мунтазам ҳифз ва эҳтиёткорона мутоила бояд кард. Луғати арабии “Китобхона” мактубат аст ва аз калимаи “кутуб” яъне навиштан ва ё аз луғати “Китоб” гирифта шудааст. Китобдорӣ аз замони пайдоиш то ба имрӯз давра ба давра рушд ёфта, бо мурури замон анъана ва суннатҳои хосро касб намудааст. Китобхона бояд дар рушди тафаккури ахлоқию маънавии шаҳрвандон саҳмгузор бошад. Вобаста ба ин дар Паём қайд гардидааст, ки “...Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад...”

Дар ҳақиқат, таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Дар Паём қайд гардид, ки имсол барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” маблағҳои мукофотпулии ғолибон 2 баробар зиёд карда хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар Паёми Пешвои миллат доир ба тамоми ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо, омилҳои рушд, ӯҳдадориҳо, вазифаҳо, роҳнамоиҳо, пешниҳодҳо ва роҳу усулҳо ба хотири пешбурди самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ба таври васеъ ва равшану возеҳ баррасӣ гардидаанд ва метавон гуфт, ки Паёми навбатӣ ҳамчун дастури роҳнамоест барои пешрафту ободонии Ватани азизамон Тоҷикистон.

Мо шаҳрвандони кишвар вазифадор ҳастем, ки ҷавобан ба пуштибониҳо, ғамхориҳо ва таваҷҷӯҳу дастгириҳои беандозаи Пешвои миллат ҷиҳати рушду пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии шоистаи мардум ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва бо ин васила барои истиқболи сазовори 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва солҳои рушди саноат, рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Асомуддин Азизов

омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара