ЗАНОНРО ГАР ЗИ ДОНИШ ЗЕВАРЕ ҲАСТ…

ЗАНОНРО ГАР ЗИ ДОНИШ ЗЕВАРЕ ҲАСТ…

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024, ш. Душанбе)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Президенти кишвар қонун ва стратегияҳоеро қабул ва роҳандозӣ намуданд, ки ба тақвияти фаъолияти занону ҷавонон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти бағоят бузург дода шуда, таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ, таъсири амиқ расонидани он ба нишонаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар махсус таъкид шудааст.

Бояд гуфт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Тамоми шароитро Сарвари давлат барои занону бонувон фароҳам оварданд, то онҳо дар ободиву пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд. Дар ҷавоби ғамхориҳои роҳбари давлат занон – модарони тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра фаъолият намуда, сазовори ин ғамхориҳо бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд. Воқеъан, дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ додаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Ногуфта намонад, ки роҳандозӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони навоҳии дурдаст ва кӯҳистонӣ ҷиҳати бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил мусоидат намуд. Дар муддати амалисозии ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллат ҳазорҳо духтарон ба воситаи квотаи президентӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш санаи 28.12.2024 бори дигар таъкид намуданд, ки занону модарон ва бонувони тоҷик дар маркази тамаҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошта, нисбати иззату эҳтироми зан – модар, ки дар фарҳангу тамаддуни ниёгони мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт, дастурҳои нек доданд. Бояд зикр намуд, ки аз соли 1997 то ба ҳол тариқи квотаи Президентӣ 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд. ки дар моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала чунин зикр шудааст: «Занон бо мардон баробарҳуқуқанд». Аз ин муқаррарот занон истифода бурда, дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва маориф фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 созмони ғайридавлатии занон чун «Занони маълумоти олидор», «Олимаҳои Тоҷикистон», «Модар», «Мадад», «Симо», «Малика» ва ғайраҳо амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо як марому мақсад доранд: занонро ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намоянд. Инчунин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро ҳимоя намоянд. Ин созмонҳо конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ гузаронида, хориҷиёнро бо фаъолияти занони Тоҷикистон шинос менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати “Рӯзи модар” аз 6 марти соли 2015 чунин ибрози андеша намуданд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.

Занони Тоҷикистон кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд ва дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд. Имрӯз бонувон дар сафи пеши мубориза барои сулҳ ва барои хушбахтии инсоният қарор доранд. Бе зан на ҷумҳурӣ обод мегардад ва на оила. Дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» қабул гардид, ки амалӣ гаштани он ба афзоиши шумораи занону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият мусоидат намуд.

Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан-Модар таҷлили Рӯзи модар аст, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва идомаи анъанаҳои ниёгон аз соли 2009 то ба ҳол бо асолат ва муҳтавои азалиаш ҷашн гирифта мешавад.

Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Ҳамин тариқ, барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омодааст саҳми худро гузорад.

Абдураҳимова Идигул

мутахассиси кор бо занони Донишгоҳи давлатии Данғара