(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи 12-13-уми марти соли 2025)
Дар замони муосир дустии халқияту миллатҳо ин як ҳадафи муҳим дар сиёсати байналмилалӣ ва дохилии давлатҳо мебошад, ки тавассути он ҷомеаҳои дорои фарҳанг, забон, расму оинҳои гуногун дар ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва осоиштагӣ зиндагӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ба гузаштаи таърих назар намоем шоҳид мегардем, ки миллату халқиятҳое ҳастанд, ки ҷомеаҳои дорои фарҳанг, забон, расму оинҳои гуногун дар ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намудаанд, ки дар пешрафти таъриху фарҳанги ҳамдигар таъсири мусбӣ расонидаанд. Барои мисол метавон намунаи ибрат дустии миллати тоҷик ва қирғиз мисол овард, ки миллати тоҷик ва қирғиз дар минтақаи Осиёи Марказӣ давраҳо ва асрҳо бо ҳам зист ва ҳамкорӣ кардаанд.
Дар замони муосир сарварони ду кишвар гузаштаро ба хотир оварда, он дустиву ҳамсоядории гузаштаро мехоҳанд дубора барқарор намоянд, ки ба манофъи ҳар ду кишвар мебошад. Зеро аз дустии ин ду кишвар хушбахтиву саодат миёни миллати тоҷику қирғиз таъмин мегардад. Дустии миёни тоҷикон ва қирғизҳо на танҳо барои худи давлатҳо балки барои амният ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Вақте ки ду халқ якдигарро эҳтиром мекунанд ва дар ҳамкориҳои дӯстона ширкат меварзанд, натиҷаҳои он ба ҳар ду тараф ва тамоми минтақа манфиат мерасонад. Аз ин рӯ, дустии тоҷикон ва қирғизҳо метавонад ба шукуфоии ҳарду кишвар ва осоиштагии мардумони онҳо оварда расонад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи тулонӣ дошта, аз ҳамон давари пеш ҳамкориҳои хубӣ ҳамсоядориро бароҳ монда буданд. Инчунин мавриди зикр аст, ки дар раванди сиёсати хориҷии Тоҷикистон баҳри рушди равобити мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамсоя равона гардидааст.
Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва ба муносибатҳои кишварҳои ҳамсоя диққати махсус медиҳад ва аз замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро асосан ба таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Қирғизистон, Узбекистон ва Чин равона кардааст. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ишорати мазкурро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардан кофист. «Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии мо ҳамкории мутақобилан судманд ба хотири ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии мо мебошад».
Ҷумҳурии Қирғизистон дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Дар оғози асри ХХI самтҳои рушди стратегии муносибатҳои ду кишвар дар доираи боздидҳои расмии дуҷонибаи чандинкаратаи ҳайатҳои ҳукуматҳои ду кишвар, вохурии сараварони ду кишвар дар ҷараёни саммитҳои созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ муайян шуданд ва шакл гирифтанд.
Марҳилаи муҳими равобит дар ин давра сафари расмии собиқ Президенти Қирғизистон А. Акаев ба пойтахти кишвари мо дар таърихи 26 майи соли 2004 мебошад. Дар натиҷаи ин сафар ҳуҷҷатҳои муҳим аз қабили «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оиди шарикӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ», «Созишнома дар бораи ҳамкори дар соҳаи ҳарбӣ», «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи осонтар сохтани тартиби ба даст овардани ҳуқуқи табаият», «Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвар», «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳифзи мутақобилаи сармоя», «Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ» ва Меморандуми ривоҷу равнақи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи амният ба имзо расиданд, ки ба рушди равобити ҷонибҳо такони тоза бахшид.
Қайд намудан ба маврид мебошад, ки сафари охирини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар таърихи 12 - 13-уми марти соли 2025 бори дигар исбот намуд, ки сарварони ду кишвар ҳамеша дар фикри пешрафту ороми минтақа буданд. Инчунин яке аз хусусиятҳои хоси ҳамкории миёни ин ду кишвар дар доираи 16 созишнома ба вуқуъ пайваст он аст, ки дар сиёсати давлату ҳукумати ҳар ду кишвар нақши калидиро соҳиб буда, созишномаҳои кунунӣ маҳз дар рушди кишварҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, барои миллати тоҷик боиси хушнудист, ин яке аз воқеаҳое мебошад, ки тасдиқи суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми охирини худ баён намуда буданд ба таври амалӣ зоҳиршавии худро ёфт. Яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр намуда буданд, мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд!
Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара Арбобзода Б.