ПАНҶШЕР, АҲМАДИ МАСЪУЛ, ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР АФҒОНИСТОН

ПАНҶШЕР, АҲМАДИ МАСЪУЛ, ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Смелым помогает судьба.

Вергилий

Вазъияте, ки таи чанд даҳрӯзаи охир дар Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст, фазои сиёсии кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, мамолики мусалмоннишин ва махсусан Осиёи Миёнаро мураккабу то андозае ноамн намудааст. Бо берун рафтани артиши ИМА ва шарикони он, дар ҳамсоякишвари мо вазъият ба ҳолати буҳрони мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ мубадал гардид. Ин вазъият тамоми кишварҳои ҷаҳон ва махсусан сокинони Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, ба мавзӯи баҳс ва доғи ВАО ва торнамои интернетӣ табдил ёфтааст. Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ қазияи Афғонистонро мураккабу торик арзёбӣ менамоянд. Аз нигоҳи мо низ як номуайянӣ ва дарҳамбарҳамӣ дар вазъи минбаъдаи Афғонистон ба мушоҳида мерасад, ки аз нофаъолии созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои абарқудрат, ки аз ин буҳрони баамаломада манфидат доштаанд ва қисме аз онҳо шояд ба аҳдофҳои худ расидаанд. Аммо имрӯз Афғонистонро ба ҳоли худ гузоштаанд, ки дар ин кишвар ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи зан ва кӯдак поймол шуда, аз ҷониби толибҳои аҳриманчеҳрагон амалҳои ғосибӣ ва наслкӯшӣ дар ин кишвар бо дастгирии кишварҳои сеюм ба мисли Покистон ва Қатар даст зада истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавқеи Тоҷикистонро ба қазияи Афғонистон баён карда, гуфтаанд, ки: “...Ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд...Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷгуна ташаббус нишон намедиҳанд” [Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми сентябри соли 2021]

Тоҷикистон ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон буда, инро Пешвои миллат дар суханронии худ ироа намуда будаанд. Ин мавқеъгирӣ бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангӣ, динию сиёсӣ ба андешаи мо мавқеъгирии солим ва аз нигоҳи сиёсӣ башардӯстона буда, барои расидан ба сулҳи доимӣ ва зиндагонии шоистаи мардуми дӯсту бародари Афғонистон равона шудааст.

Мардуми афғон, ки дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад. Ҷанги шаҳрвандие, ки 27 апрели соли 1978 оғоз гардида, фазои сиёсии Афғонистонро то ба имрӯз халалдор намуда истодааст. Аз оғози воридшавии артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарикони 20 сол сипари гаридида, ба ҷуз афзудани шумораи террористону экстремистон натиҷаи назаррасеро ба бор наовардааст. Ҳангоми хуруҷи артиши ИМА аз Афғонистон Ҷо Байден иброз дошт, ки “Ишғол гардидани Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби толибон ғайрчашмдошт мебошад”, аммо баръакси ҳол мо шоҳид гаштем, ки дар як муддати кӯтоҳ созмони террористию – экстремистии Толибон дар муддати ниҳоят кӯтоҳ тамоми Афғонистонро ишғол намуд. Пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул аз ҷониби гурӯҳи террористию экстремистии толибон пурра ишғол гардид, ки боиси нигаронии мардуми минтақа мебошад. Ягона вилояти Панҷшер, ки тоҷикнишин буда, аксари сокинони он, яъне 98,9 % -и онро тоҷикон ташкил медиҳад бар зиди толибон муқовимат нишон дода истодааст.

Воқеан ташвишовар мебошад, чунин теъдоди зиёди яроқҳо ва техникаи ҳарбӣ бо истилои забони русӣ ҳамчун “манна небесная” ба дасти афроди ҷиноятпеша, террористҳо афтодааст. Новобаста ба оне, ки толибон пас аз рафтани амрикоиҳо чунин яроқҳое, ки потенсиали калони ҳарбӣ доранд онҳоро соҳиб гардиданд, мардуми Панҷшер таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд муқобили ин гурӯҳи ҷиноятпеша мардонавор мубориза бурда истодаанд. Дар оянда Афғонистонро чи интизор аст? Оё бо боварии комил метавон гуфт, ки истифодаи яроқҳое, ки аз ҷониби ин гуруҳи ҷиноятпеша ғасб гаридааст ба минтақа хатари ҷиддӣ намеорад? Дар ояндаи наздик мардуми Афгонро чи интизор аст? Чунин саволҳо шояд даҳҳо ва садҳо бошад.

Ман ҳамчун як тоҷик, ҷомеашинос ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки бар зидии ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ, интернетӣ порталҳо вокунишҳои шадид ва объективона нишон диҳем, то ин ки ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба ин масъала диққати аввалиндараҷа диҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала мевқеи қавӣ дошта, хостгори поймол нагардидани ҳуқуқҳу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз он ҷумла тоҷикони Афғонистон мебошад. Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овардааст, ки дар Афғонистон ҳукумати фарогир ташкил карда шавад, пешниҳоди мазкур аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Фаронса, Олмон, Эрон, Федератсияи Россия, Белорусия, Туркманистон хуб пазируфта шудааст. Ҳодисаи мазкур аҷиб ба назар мерасад, мувофиқи маълумотҳои омории созмонҳои байналмиллалӣ шумораи умумии Толибон 70 ҳазор нафарро ташкил медиҳад!, саволе ба миён меояд, ки ҷӣ гуна 70 ҳазор нафар тавонист артиши Афғонистонро, ки шумораи он беш аз 300 ҳазор нафар мебошад, мағлуб сохта, Афғонистонро, ки аҳолияш шумораи умумии зиёда аз 38 ,04 миллион нафарро ташкил медиҳад, пурра ишғол намояд. Ман ҳамчун ҷомеашинос ба хулосае омадам, ки он ноӯҳдабароӣ, бемасъулиятӣ ва бетафовутии мақомотҳои қудратии Ҳукумати Афғонистон таҳти роҳбарии Президенти фирорӣ Ашраф Ғанӣ мебошад.

Маълум гардид, ки тамоми роҳбарони вулусуволиҳо (ноҳияҳо) ва вилоятҳои Афғонистон аз ҷониби Покистон ё кишварҳои манфиатдор фурӯхта шуда, бар ивази ақибнишинӣ кардан ё наҷангидан маблағҳои муайяне ҳам шояд гирифта бошанд, ки бе муқовимати мусаллаҳона суқут намудаанд. Ҳамзамон гурӯҳҳои муаяне ҳам буданд, ки метавонистанд муқовимат намуда намегузоштаанд, ки кор то ин дараҷа бирасад. Аммо дар ин масъала ба Ато Муҳаммади Нур ва Моршол Дустум аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳҳои манфиатдор хиёнатҳо низ дар ин раванд ба мушоҳида мерасид.

Новобаста ба бохти Ҳукумати Афғонистон бар зидди ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ягона умеди мардуми Афғонистон ин фронти Муқовимати миллии Афғонистон таҳти сарварии Аҳмади Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Бисмилло Муҳаммади Хон мебошад. Яке аз тасмимҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо ордени Исмоили Сомонӣ сазовор донистани собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва қаҳрамонии миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад. Тасмими мазкур далели он мебошад, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар бо мардуми афғон буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.

Чи бояд кард:

Ҳоло ҳам вақт ҳаст, буҳронро пешгири карда мешавад, агар инро давлатҳои абарқудрат хоҳанд!

Сарнагун накардани ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз сари Ҳокимият барои минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ дорад;

Фаъолияти толибон ҳамчун ҳукумати мустақил метавонад пойгоҳи нави омодасозии террористон гардад, ки ин хатари глобалӣ мебошад. Бинобар ин яке аз роҳҳои самараноки мубориза бо ин афрод ин эътироф накардани ҳукумати таъсисдодаи онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ;

Бояд мардуми ҷаҳон бо чашмони худ бубинанд, ки модарон ва хоҳарони Афғонистон бар зидди ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаашон чи тавр муборизаи рӯирост мебаранд ва ин метавонад ба мардон намуна бошад;

Кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, кишварҳои форсизабон, бояд, ки дар якҷоягӣ амал намуда, Ҷабҳаи муқовимати миллиро дастгирии модиву ҳарбӣ намоянд ва сипас барои ҳукумати ҳамашумул заминаҳои мусоидро ба вуҷуд биоваранд;

Аз назари мо Афғонистон бояд танҳо бо режими сиёсии федеролӣ-порлумонӣ идора карда шавад ва ин метавонад сабаби ҳамагир будани ҳокимият дар ин кишвар гардад. Чунки таъсиси ҳукумат дар порлумон бо ҷонибдории намояндагони қишрҳои гуногуни миллату халқиятҳои Афғонистон сурат мегирад;

Бо бунёди давлати федеролӣ бо ҳамбастагӣ ба ҳукумати муваққати Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба минтақаи Панҷшер статуси автономӣ ё худмухтор дода шавад, ки ин сабаби ризоияти мардуми ин минтақа мегардад;

Пешниҳодҳо:

Аз ҷониби кишварҳои ҳамҷавор ва абарқудрат заминагузорӣ намудан ба гузаронидани референдум;

Ҳарчи зудтар кишварҳои форсизабон ба мисли Тоҷикистон ва Эрон дурнамои сулҳи Афғонистонро ҳамчун кишварҳои кафил ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои баррасӣ пешниҳод намоянд;

Аз ҷониби Эрон ва Тоҷикистон ҳамчун кафилони сулҳи Афғонистон дар Шӯрои Амниятии СММ комисияи назоратчӣ таъсис дода шуда амалишавии онро пайгирӣ намоянд;

Дар анҷоми маърузаи худ аз гуфтаҳои қаҳрамони милли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд иқтибос меорам:

Маро модар дар ин дунё,
Барои сарбаландӣ зод.
Сарам аз тан равад аммо,
Сухан мардона мехоҳам.

Декани факултети идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара номзаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент
Ҳасанов Шарифхӯҷа Қазиевич