БАХШИДА БА ИДИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ҲАМОИШИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

БАХШИДА БА ИДИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ҲАМОИШИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

18 октябри соли 2021  дар саҳни Донишгоҳи давлатии Данғара  бахшида ба иди Меҳргон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар саҳни донишгоҳ аз ҷониби садорати факултети Аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, ҷониби департаменти илм ва татбиқот намоиши китобу дастурамалҳои методӣ оид ба истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳли иштирокдорон муаррифӣ карда шуд.

Бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Шоҳиён Нурали Набот ҳозиринро бо фарорасии иди Меҳргон табрик намуда, ба иштирокчиён дар рафти ҳамоиш барори корро таманно доштанд.  Зикр кардид, ки иди Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии халқи тоҷик  қарор дошта, аз замони таърих сарчашма мегирад. Дар замони Истиқлолият ҷашни Меҳргон умри касб намуда, таҷлили он тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот, таҳияи китобҳои соҳавӣ ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Таҷлили расмии иди Меҳргон далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи  ранҷи  кашидаи  барзгарон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд.  Ин ҷашн рӯзи 16-и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои  таърихӣ  бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби  устодони Донишгоҳи давлатии Данғара китобҳои соҳавиро бо номи “Иқтисодиёти деҳот” ва “Иқтисодиёти оила” аз чоп бароварда шуд, ки дар онҳо  масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани ду ва ё се ҳосил бо истифода аз агротехнологияҳои навин  бар уҳдаи масъулини дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст.  Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид рушди соҳаи аграрӣ бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Данғара миёни олимону мутахассисон  семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ дар давоми сол баргузор мегардид, ки дар пешрафти илми тоҷик самараи нек ба бор меорад, зеро пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ низоми муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории ҳар кишвар ба ҳисоб меравад.

         Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти мазкур мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (саонати сабук ва хӯрокворӣ); технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ; таъмини техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ; технологияи маҳсулот ва ташкили хурокӣ умумӣ; экологияи кишоварзӣ; ҳифзи растаниҳо ва карантин; меваю сабзавотпарварӣ; зоотехника; тибби байторӣ ва агрономӣ  дар зинаи бакалавр ва магистр омода менамояд.